Бахшҳо

Ситораи машҳури телевизиони Узбакистон гуфт, маъшуқаи Ислом Каримов набуд

Лола Ҳотамова, рӯзноманигори маъруфи даврони шӯравии Узбакистон, ки замоне сухангӯи президенти пешини ин кишвар Ислом Каримов буд, гуфтааст, овозаҳо дар бораи робитаҳои ошиқонааш бо Каримов сабаб шуданд, ки якбора аз назарҳо ғайб занад.

Дар мусоҳибаи вижаи бахши узбакии Радиои Озодӣ Ҳотамова гуфтааст, баъди нофаҳмӣ бо Ислом Каримов вай нахуст аз кор ва баъдан аз Узбакистон рафт. Ҳоло дар ИМА ба сар мебарад.

Ба гуфтаи Лола Ҳотамова, маъшуқаи Каримов набуд, аммо таваҷҷуҳи президент ба вай ва фаъолияташ дар солҳои 1990 боиси овозаҳое шуд, ки ӯро аз кор маҳрум кард: “Ман кадри ҷавон будам, нав корро шурӯъ карда будам, ҳоло ҳеч кори бузурге накарда будам, ки сазовори чунин таваҷҷуҳи шахси аввали кишвар шавам. Ба ҷуз ин, он замон дар ҷомеаи Ӯзбекистон масъалаи худшиносӣ дар авҷ буд. Бисёриҳо медонистанд, ки ҳамсари Ислом Каримов рустабор аст. Аз ҳамин хотир, бархеҳо, тавре мегӯянд, “хостро ҳаст пиндошта” фикр мекарданд, ки Каримов ҳамсари русашросар медиҳад ва хонуми ӯзбек мегирад. Ман намедонам, ин овозаҳо аз куҷо сар заданд, аммо натиҷа он шуд, ки ман аз кор ронда шудам”.

Ӯ дар бораи фаъолияташ дар даврони Ислом Каримов мегӯяд, президентро “дар ҷаласаҳо гӯш кардан душвор буд. Вай забони ӯзбекиро хуб намедонист. Ҳатто вақте бо русӣ суҳбат мекард, аз мавзӯи асосӣ борҳо канор мерафт”. Аммо Ҳотамова аз Каримов ранҷидааст. Вай мегӯяд, “Каримов ба ҳайси роҳбари як давлати комил тамоми нерӯяшро ба як зани ҷавону танҳое, ки дар даст тифли хурдсол дошт, нишон дод”.

Лола Ҳотамова афзуд, то ҳол шаҳрванди Узбакистон буда, ба ватанаш равуо дорад ва аз президенти нави ин кишвар тағйироти мусбатро умедвор аст.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)