Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 22 май 2017, 20:32

Дилшод Назаров гуштии баҳсбарангези Комроншоҳ ва Саидҷалолро меомӯзад

28 март 2017, 15:58

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон рафтори Комроншоҳи Устопириёнро зимни мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ барои дарёфти ҷоми “Пойтахт–2017” ба баррасӣ гирифтааст.

Комроншоҳ 23 март қабл аз эълони ғолиби мусобиқаи гуштӣ дар “Наврўзгоҳ”-и пойтахт бо ишораи даст дашном дод. Ин лаҳзаро дурбинҳо сабт карданд ва баъдан дар интернет паҳн шуд. Гуфта мешуд, варзишгар довари асосии гуштиро дашном додааст, аммо вай дар як суҳбат бо Радио Озодӣ гуфт, ишорааш ба тамошобиноне буд, ки дашномаш доданд. Ӯ дар финали ин мусобиқа бо Саидҷалол Саидов қувва озмуд ва доварон дувумиро ғолиб эълон карданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҷаласаи корӣ ҷиҳати таҳкими варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, ки рӯзи гузашта, 27 март доир шудааст, дар баробари дигар масъалаҳо ба амали Комроншоҳи Устопириён ҳам дахл кардаанд. Ба иттилои манбаъ, дар асоси фармоиши раиси кумита як гуруҳи корӣ ҷиҳати таҳлили мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ барои дарёфти “Ҷоми пойтахт” аз ҳисоби доварон, мутахассисон, роҳбарони федератсияҳои гуштии миллӣ, дзюдо ва самбо таҳти роҳбарии муовини раиси кумита Дилшод Назаров таъсис шудааст. Торнамо навиштааст, гуруҳи корӣ муваззаф шудааст, дар муҳлати кутоҳтарин хулосаи қонунии хешро мутобиқ ба талаботҳои санадҳои меъёрӣ–ҳуқуқии Тоҷикистон ироа намояд. Дар ин ҷараён ҳамзамон, низомномаи одоби варзишгар таҳия ва барои тасдиқ ба ҳайати мушовараи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ пешниҳод мегардад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Фируз

  • 28 март 2017 16:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Комроншох якумаш ки мисли Расул Бокиев бояд аз мусобикахои гуштини милли канор мерафтед, ту дуруг нагу аник маълум буд ки доварро дашном доди ва у шахсияте, ки тренерат у хам. Баъдан худат магар нохаки карда Нурулора бо як огохи голиб шуди фаромуш карди? Дар Регар низ бо ягон харифат галабаи тоза надошти хамаашро бо хол голиб шуди дар шаъни ту баринхо чунин нохурмати нисбати довару мухлисон намезебат.
Посух додан
  • Тамошобин

  • 28 март 2017 19:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Дилшод Назоров, ман хамчун собик гуштингир ва мухлис мегуям, ки Комроншох 100% бозиро бой дод. Бой доданаш як тараф истад, о кани этикаву эстетикаи варзишгар?
Рости гап судя инсони хуб будаст хеч чиз нагуфтаст, ман мебудам дандонхояшро шикаста дар дасташ медодам. Озодагон ташаккур
Посух додан
  • Бахрулло

  • 28 март 2017 21:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Комроншох ту худат харомбози Шохчоиза насиби Нурулло буд.Майли дигарон ту Раис и кумита ва чемпиони бозихои Олиаиро бе хурмати карди..
Посух додан
  • Devona

  • 29 март 2017 01:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фируз,
Avval navistanro omuz!Bo zaboni modariat du jumlai solim navishta nametavonivu Komronshohro roh nishon dodanii !
Посух додан
  • Фируз

  • 29 март 2017 12:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Devona,

Туро чиву сухан гуфтан чи! Рафта ту рохаш нишон дех, Комрохшохат аввал хурмату эхтиромро ёд гирад! Умедворам аз ту дида маро хубтар мефахманд!
Посух додан
  • Devona

  • 29 март 2017 13:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фируз,
Ajab ahmak metobi!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аввал андеша в-он гахе гуфтор гуфтаанд.
Бинобар ин, кабл аз он ки андешаи худро баён кардани шавед, бехтар мебуд, сараввал тарзи баёни фикр ва чумлабандиро меомухтед, чунки баёни гуфтору андешаи Шуморо оламиён мехонанду бахо медиханд.
Аз эрод нахаросед, хатто хафаги кардан даркор нест. Бехтараш биёед, дустон хар фикреро, ки баён мекунем, кобили кабули хамагон бошад...
Посух додан
  • Хайрулло

  • 29 март 2017 23:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом бар мардуми шарифи Точикистони азиз.
Баъдан ман дар оинаи нилгун рафти мусобикаи гуштингириро тамошо кардам ва бисёр холатхоеро пай бурдам ки ба шаъни варзишгаре чун Комооншох намезебид.Аз аввали ракобатхо маълум буд ки ноназаргирихои Комооншох дар мусобика дида мешуд гуё мисли у пахлавоне нест.Ахсан бар Сайчалол ки ин кадар бехурматихоро диду чизе нагуфт.Ахсан бар доваре чун Сухроб Бозоров ки у низ чизе нагуфт.
Комроншох дар назди Рохбарияти кумитаи чавонон бехурматиро огоз намуд ва баъдан ба тарафи хамаи доварон.Шарм доштан даркор бародари азиз Комроншох хурмати халкро сазовор шудан бисёр мушкил аст.
Посух додан
  • Тоҷик

  • 27 апрел 2017 03:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мардуми азизи Тоҷикистон, агар шумо барои як беодоби чунин паҳлавонро зери танқид қарор медиҳед дуруст аст шоиста нест барои паҳлавон дар байни мардум суханҳои қабеҳ гуфтан, лекин сад афсус, ки доварони имрузаи мо (на ҳамааш) гуштинро ба як тиҷорат табдил додаанд, ки ин маълуми ҳамагон аст! Аз тамошои гуштини имруза ба ҷои ҳаловат бурдан бинобар ноадолатии доварон фишори мухлисон баланд мешавад, биёед ҳамагон бо муроҷиат аз Раиси нави шаҳрамон муҳтарам Рустами Эмомали илтимос кунем то ба ин беадолати хотима диҳад.майдон аз далер аст ва мо ба ҳама паҳлавонони Ҷумҳури ифтихор дорем онҳо обруи давлати азизи Тоҷикистони мо мебошанд новобаста аз маҳал ва милаташон!....

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!