Бахшҳо
29 мар 2017 10:06Тоҷикистон / Тема дня

Р.Эмомалӣ номи телевизион ва меҳмонхонаи "Пойтахт"-ро иваз кард (АКС)

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарор кардааст номи меҳмонсарои "Пойтахт" ва телевизиони "Пойтахт" ба "Душанбе" иваз карда шавад.

Ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, ду қарори Рустами Эмомалӣ дар ин бора 28 март ба имзо расида, ҳамакнун меҳмонсарои "Пойтахт" ба “Меҳмонхонаи Душанбе” ва телевизиони "Пойтахт" ба “Телевизиони Душанбе” иваз хоҳад шуд.

Шаҳрдори Душанбе ба Мӯсоев.С, раҳбари КВД “Меҳмонхонаи Душанбе” ва Рауфзода Суҳроб, директори Муассисаи давлатии “Телевизиони “Душанбе” дастур додааст, ҷиҳати ба муҳри мудаввар, сиккаҳо ва ҳуҷҷатҳои таъсисии муассиса ворид намудани тағйироти зарурӣ ва бо тартиби муқарраргардида дар мақомоти дахлдор ба қайди давлатӣ гирифтани тағйироти мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.

Қарор дар бораи номгузории ин муассисаҳо аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев шаҳрдори собиқи пойтахт ҳануз соли 2006 қабул шуда буд.

14 март "Озодагон" бо нашри як ИНФОГРАФИКА теъдоди муассиса ва биноҳоеро, ки дар шаҳри Душанбе номи пойтахтро доранд, гирд оварда буд:

Р.Эмомалӣ номи телевизион ва меҳмонхонаи "Пойтахт"-ро иваз кард (АКС)

Мӯҳр
Бисер кори хуб шуд, вагарна аз калимаи Пойтахт безор шуда будем. Лекин кушиш кунед, ки калимахо такрор нашавад, зеро фарханги точикон бой аст. Дигар иншооте, ки номи Пойтахтро дорад хамаашонро номгузори кунед, бигузор яктоаш бо номи Пойтахт монаду халос.

Ин мехмонхона дар замони шурави Душанбе ном дошт ва бо ин ном машхур буд. Шахрдори нав кори хуби кардааст.

Бузургони классикиамон ба тарзи Абдураҳмони Ҷомӣ, Саъдии Шерозӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳофизи Шерозӣ номнавис ва ба забон оварда мешуданд ва ҳанӯз ҳам дар адабиёт ҳамин тавр аст. Вале аз чи боис ҳоло номҳои ба тарзи аҷдодӣ сабтшуда Рауфзода Сӯҳроб, Шарифзода Аҳмад ва ғайра нависта ва гуфта мешаванд. Магар ин стандарти дугона нест? Охир, дар тамоми мамолики дунё аввал ном ва баъд номи хонаводагӣ ё номи падар гуфта ва иншо мешавад! Мо бошем ҳанӯз ҳам аз шеваи номнависии русҳо даст намекашем. Чаро? Албатта мо метарсем, ки бароямон дар Русия мушкил эъҷод мешавад, зеро мо бо Русия зиндаем.

Шахдорони азизу арчманд...... Хохиш ва илтимос аввал КЧТ "Дар бораи статуси пойтахт"-ро ба 180% дигар намоед...... Ин конун соли бесохиби 1996 бо 13 модда кабул шудааст, имруз барои мо айб аст бо чунин Санад кору фаъолият кардан.....Кариб, ки конунхам нест, ин........
Баъд Ака, навбати майда чуйдахо. Аз калонаш, асосиаш саркунед......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)