Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 22 май 2019, 04:06

Эълони исми сердаромадтарин футболбоз ва мураббӣ

29 март 2017, 13:00

Криштиану Роналду, ҳамлагари мунтахаби Португалия ва клуби “Реал”-и Мадрид сердаромадтарин футболбоз дар мавсими 2016-17 шинохта шудааст.

Тибқи раддабандии маҷаллаи “France Football”, ки 28 март нашр шуд, даромади Роналду давоми ин мавсим 87,7 миллион евроро ташкил додааст. Дар ҷойи дуввум Леонел Мессӣ, ҳамлагари яккачини Аргентина ва “Барселона” меистад. Даромади солонаи ӯ 75,5 миллин евро ҳисоб шудааст. Бо 55,5 миллион евро даромади солона Неймар, бозигари бразилиягӣ дар зинаи сеюм қарор дорад.

Ба иттилои маҷаллаи “France Football” зимни раддабандӣ маош, мукофотпулӣ ва даромад аз рекламаи футболбозон ба назар гирифта шудааст.

Дар садри сердаромадтарин мураббиён бо 28 миллион евро Жозе Моурино, мураббии “Манчестер Юнайтед” меистад. Дар ҷойи дуюм Марчелло Липпи, сармураббии яккачини Хитой (23,5 миллион) ва дар зинаи сеюм Лоран Блан, собиқ сармураббии ПСЖ (20 миллион евро) нишастаанд.

Роналду, ки қаблан дар “Манчестер Юнайтед” бозӣ мекард, соли 2009 ба “Реал” гузашт. Ҳамлагари клуби “Реал” солҳои 2008, 2013 ва 2014 ва 2016-ум ҷоизаи маъруфи “Тӯби тиллоӣ”-ро ба даст овардааст. Роналду дар мавсими футболи 2016 дар ҳайати “Реал” 38 гол ва дар ҳайати мунтахаби Португалия 13 гол задааст.

Соли 2016 аз бобарортарин сол дар карераи Роналду ба ҳисоб рафта, давоми сол ӯ дар ҳайти “Реал” Ҷоми олии УЭФА ва дар ҳайтаи мунтахаби кишвараш Ҷоми Аврупоро ба даст овард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!