Бахшҳо
29 мар 2017 14:48Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Азнавбақайдгирӣ – ҳамагӣ як моҳ боқӣ монд!

Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ” таҳти №207 7 аз 30.04.2016 с., ҶСП “Индиго Тоҷикистон” (Tcell) фаъолона азнавбақайдгирии сим-кортҳои муштариёнро дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон ба таври ройгон ба роҳ мондааст.

Мақсади Қарори ҳукумат ва азнавбақайдгирии ҳамаи муштариён ба танзим даровардани фурӯши сим кортҳо ва пайвасти муштариён ба шабакаи алоқаи барқӣ мебошад. Дар ниҳоят, раванди азнавбақайдгирӣ баҳри самараноктар таъмин намудани амнияти кишвар ва зидди таҳдидҳои террористӣ мубориза бурдан кӯмак хоҳад кард.

Ба ҳамаи муштариёне, ки ҳанӯз азнавбақайдгирӣ нагузаштаанд, зарур аст ба наздиктарин маркази хизматрасонии Tcell муроҷиат намоянд. Тартиби азнавбақайдгирӣ дар асоси пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (корти идентификатсионӣ) ё ҳуҷҷатҳои таъсискунандаи шахси ҳуқуқӣ анҷом дода мешавад.

Азнавбақайдгирӣ ройгон буда, дар чанд дақиқа анҷом дода мешавад.
Дар ҳолати нагузаштани азнавбақайдгирӣ аз ҷониби муштарӣ, ширкат маҷбур мегардад фаъолияти сим кортро масдуд намояд.
Агар шумо сим кортеро истифода мебаред, ки ба номи худатон бақайд нагирифта шудааст, онро метавонед ба номи худ бақайд гиред, дар ин ҳолат ба шумо лозим меояд ба як чанд саволҳои содаи оператор ҷавоб диҳед. Агар сим корт ба номи шумо бақайд гирифта шуда бошад, вале дар айни ҳол шумо берун аз ҳудуди ҶТ қарор дошта бошед, пас шахси ваколатдор дар Тоҷикистон (ки дар асоси қонуни ҶТ дорои ҳуқуқи ваколатӣ мебошад) метавонад ба марказҳои хизматрасонии ширкат аз номи шумо муроҷиат намуда, азнавбақайдгирӣ гузарад. Дар ин ҳолат зарур аст ваколатномаи дахлдор ба оператор пешниҳод шавад.

Сим кортҳое, ки барои интернет истифода бурда мешавад, инчунин бояд аз нав бақайд гирифта шавад.
Мӯҳлати азнавбақайдгирӣ то охири моҳи апрели соли 2017 муқаррар шуда, барои азнавбақайдгирии сим кортҳо ҳамагӣ як моҳ боқӣ мондааст. Тартиби азнавбақайдгирӣ хеле сода мебошад:
• Ба наздиктарин маркази хизматрасонии муроҷиат намоед
• Шиноснома ё корти идентификатсиониро пешниҳод намоед
• Ба оператор рақамҳое, ки бояд азнавбақайдгирӣ гузарад, пешниҳод намоед
• Рақамҳои худро бидуни масдудшавӣ истифода намоед

Барои роҳати муштариён, ширкати Tcell реҷаи кории як чанд марказҳои хизматрасониро дарозтар намуд, ки рӯйхати марказҳои хизматрасонии мазкурро метавонед аз хадамоти иттилоотӣ дар рақами 7070 муайян намоед.
Дар мӯҳлати муқарраршуда, ҳамаи муштариёни ширкат бояд азнавбақайдгирӣ гузаранд. Аммо, бархе аз муштариён мутаасифона бо далели маҳдуд будани имкониятҳои худ имкони ба марказҳои хизматрасонии ширкат омаданро надоранд. Махсус барои роҳати муштариён, ширкати Tcell “нуқтаи мобилӣ” ро ташкил намуд, ки ба муассисаҳои махсуси камбизоати аҳолӣ ташриф оварда, кормандони ширкат дар маҳалҳо муштариёни ширкатро аз нав бақайд мегиранд.

Барои пешгирӣ намудани масдудшавии сим кортҳо ва аз даст надодани рақами маъмулии худ, дар ҳафтаҳои наздик зудтар азнавбақайдгирӣ гузаред.

Дафтари матбуоти Tcell
Мӯҳр
Салом ба хамаи мутахасони ТСЕЛЛ,барои муштариёнатоне,ки дар рузи якшанбе аз нав бакайдгири мегузаранд иловаги дар ин руз кор кунанд бехтар мешавад,чунки имконият кам.Лутфан бигуед,шахсони интернет истифодабарандагоне,ки аз навбакайдгири гузаштaгихо боз зарурми?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)