Бахшҳо

Омӯзгорони Ҳисор: Ду моҳ шуд музди меҳнати худро нагирифтаем

Бархе аз омӯзгорони макотиби миёнаи ноҳияи Ҳисор мегӯянд, ду моҳ мешавад, ки маоши худро нагирифтаанд.

Муаллимони муассисаҳои таълимии №77-и деҳаи Алмосӣ ва №35-и ҷамоати Навободи ноҳияи Ҳисор гуфтанд, инак моҳи дувум аст, ҳақмузди худро дарёфт накардаанд. Яке аз ин омӯзгорон дар суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, раҳбарияти таълимгоҳ далели пардохт нашудани маошҳоро дар набудани маблағ рабт медиҳанд: “Пештар сари вақт маоши худро дастрас мекардем, аммо давоми ду моҳ аст, ки наметавонем музди меҳнатамонро бигирем”.

Як муаллими дигар гуфт, ҳар бор ки дар бораи маош суол мекунанд, ҷавоб мегиранд, ки “ба наздикӣ мегузарад”. Вай афзуд: “Охирин маротиба гуфтанд, ки то охири моҳи март маошҳоятон мегузарад. Вале пагоҳ 30 март асту ҳанӯз маоши худро нагирифтаем”.

Қувват Саъдуллоев, иҷрокунандаи роҳбари Шӯъбаи молияи ноҳияи Ҳисор имрӯз, 29 март дар суҳбат ба “Озодагон” мушкили музди меҳнати омӯзгоронро тасдиқ намуд. Ӯ далели ин мушкилро ба иҷро нагардидани буҷаи ноҳия рабт дод: “Дуруст аст, ки дар моҳи декабр чунин қарздориҳо аз ҳисоби иҷро нашудани қисми буҷети ноҳия ба миён омада буд. Буҷаи ноҳия дар ҳаҷми 10 миллиону 700 ҳазор сомонӣ иҷро нашуда буд”.

Ба гуфтаи ҷаноби Саъдуллоев, ҳоло омӯзгорони ноҳияи Ҳисор музди меҳнати моҳи февралро дастрас карда истодаанд ва пас аз 5-уми апрел моши моҳи мартро низ хоҳанд гирифт: “Мо қарздории ҳисоб надорем, зеро як моҳа қарздорӣ ҳисоб намешавад. Ва қарздориро мо ба ҳукумати кишвар пешниҳод кардем. Аз Вазорати маориф ва илми кишвар низ мактуб карда буданд, мо ҷавоб гардонидем, ки ин мушкилӣ бартараф карда шуд”.

Қаблан омӯзгорони макотиби Ваҳдат, Кӯлоб, Зафаробод низ аз нагирифтани музди меҳнати худ шикоят карда буданд.
Мӯҳр
беном
мухтарам озодагон бо фармони пешвои миллат нохияи Хисор ба шахри Хисор табдилёфта шудаги хатогихоро ислох бояд кард

Беном ақлакӣ макун! Ноҳияи Ҳисор ҳануз ҳаст маркази ноҳия шаҳри Ҳисор шудааст.

Ин чи гуна шахр аст ки ягона светофори дар маркази ба ном шахр будааш солиен боз кор намекунад ва ин боиси хамаруза сарзании садамахои автомобили гаштааст

Ҳисор
1. Ҳисор ноҳия не балки шаҳр аст;
2. Шуъбаи молия не балки Раёсати молия аст;

Озодагон ту ба фикрам озод нести зеро навиштахои манро ки хакикати холанд чоп накарди Барои хамин хам туро мебояд ивази ном кард Масалан ДАРБАНДБУДАГОН Зеро агар ягон таьрифнома менавиштам зуд чоп мекарди

сайид
Хисор нохия аст е шахр шумо да фаркаш чи гап дар сари номи хисор намера ку

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)