Бахшҳо

Пурсиш: Нуқтаи исти доллар куҷост?

Дар чанд рӯзи ахир арзиши доллар дар баробари пули миллӣ боз афзоиш ёфт. Бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон рӯзи 27 март қурби миёнаи фурӯши як доллар дар бозори нақдро 8,25 сомонӣ муқаррар кардаанд, ки дар қиёс бо ҳафтаи гузашта боло рафтааст. Дар робита “Озодагон” аз соҳибназарону коршиносон пурсид: АЗ НИГОҲИ ШУМО НУҚТАИ ИСТИ ДОЛЛАР КУҶОСТ?

Алӣ АЛИЗОД, коршинос
Доллар нуқтаи исти муқараршуда надорад. Беқурбӣ ё бақурбии доллар аз рушди иқтисоди кишвар вобастааст. Дар Тоҷикистон, ки аслан истеҳсолот (асоси иқтисод) дар сатҳи хело поин қарор дорад, болоравии доллар дар баробари пули миллӣ табиист. Аз ин хотир шахсан барои ман ҳайратовар нест, агар доллар аз ҳазор сомонӣ гузарад.

Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ, таҳлилгар
Мутаассифона ҳеч нишонае, ки қурби сомонӣ нуқтаи исте дорад, дида намешавад. Ҳама омилҳо баръакси инро нишон медиҳанд, ки ин афтиш ҳадди ақал ду соли дигар давом хоҳад кард. Ягона имкони нигоҳдории қурби пули миллӣ давоми ин ду сол тағйироти ҷиддӣ дар сиёсати иқтисодии кишвар аст, ки хеле баъид ба назар мерасад. Иқтисоди Тоҷикистон 80-85 дарсад ба пули муҳоҷирин бастагӣ дорад. Бо ин нуқтаи назар, ки пули муҳоҷирон 40-45 дарсади ММД-ро ташкил медиҳад, банда розӣ нестам. Аввалан, танҳо пулҳое ба ҳисоб гирифта мешаванд, ки тавассути бонкҳо интиқол меёбанд. Дар асл ҳаҷми пулҳои интиқолёбанда 2 баробар бештаранд. Сониян, танҳо ҳамин пулҳои муҳоҷиринанд, ки тамоми соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ дар кишварро дар гардиш нигоҳ медоранд. Маблағҳои аз фурӯши алюминиву пахта ба кишвар воридшуда гардиши хеле маҳдуд доранд ва саҳмашон дар ММД камтар аз он аст, ки гуфта мешавад. Дар ҳоле ки интиқоли пули муҳоҷирин рӯз ба рӯз камтар мешавад, аз кадом нуқтаи исти қурби доллар мешавад ҳарф зад? Мутаассифона таҳлилҳо ҳама бар зарари қурби сомонӣ ҳарф мезананд. Пеш аз ҳама иқтисоди Русия, ки пули муҳоҷирин аз он ҷо ворид мешавад, то ҳанӯз дар ҳоли буҳронӣ қарор дорад ва бо вазъи ба вуҷудомада дар бозори нафт, буҳронитар мешавад. Иқтисоди Русия бастагии шадиде бо нафт дорад ва ҳеч далеле, ки дар ду соли оянда нархи нафт боло хоҳад рафт, вуҷуд надорад. Ҳатто дар сурати масалан соли оянда боло рафтани нархи нафт, он танҳо 1-2 сол баъд ба бозори хидматрасониву сохтмон (ҷои асосии кори муҳоҷирони тоҷик) таъсир хоҳад расонд. “Иқдом”-ҳое, ки гӯиё аз тарафи ҳукумат барои нигоҳ доштани қурби пули миллӣ гирифта мешаванд, бештар ба истеъмоли доруи дарднишон шабоҳат дорад, ки табобат. Баъдан агар тасодуфан иқдоми дурусте ҳам гирифта шуд, сатҳи фасод дар ҷоест, ки ҳеч иқдоме фоида нахоҳад кард.

Мавҷуда СОҲИБНАЗАРОВА, журналист
Нуқтаи исти долларро имрӯз касе муайян карда наметавонад, ки он дар куҷо қарор мегирад. Қарор гирифтанаш ҳам дар гумон аст. Ин масъала ба касе пушида нест ва Бонки миллӣ ҳам ду се бор хабар дар бораи нигоҳ доштани қурби доллар бо қарз гирифтан аз Чину дигар кишварҳоро нашр карда буд, ки он ба хотири ором кардани мардум буд. То замоне ки Тоҷикистон воқеан ҳам истеҳсоли ватаниро ба роҳ намонад, қурби доллар ҳамин хел боло рафтан мегирад, чунки агар аз як тараф барои нигоҳ доштани қурби доллар қарз гирем, аз тарафи дигар ин пули қарзгирифта барои ворид кардани маҳсулот ба дигар кишварҳо меравад. Барои нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ ва боло нарафтани қурби доллар фақат дар ғами истеҳсолот шудан лозим, бо қарз гирифтан то кай қурбро нигоҳ медоранд?

Сайдмурод НАБИЕВ, шореҳи масоили иқтисодӣ
Нуқтаи исти долларро муайян ё пешгӯӣ кардан душвор аст. Аммо месазад зикр кард, ки қонуни буҷаи соли ҷорӣ ба асоси нишондоди як доллар баробари 9 сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ин ҷо метавон хулоса кард, ки ба гумони ғолиб то охири сол қурби доллар то ба нуҳ сомонӣ ва ё зиёда аз он мерасад. Аммо як нуктаро ҳам бояд зикр кард, ки болоравии кунуни доллар хислати мавсимӣ дорад. Чун ки тоҷирони тоҷик пас аз анҷоми соли нави Чинӣ ба хариди мол аз ин кишвар шурӯъ мекунад ва барои воридот албатта доллар зарур мешавад. Ин аст ки талабот ба доллар бештар шуд ва табиист қурби он боло меравад.

Сироҷиддин КАРИМЗОДА, сокини шаҳри Душанбе
Ба фикрам нуқтаи исти доллар бештар ба омилҳои беруна, буҳрони иқтисодӣ вобастагии зиёд дорад. Ҳозир мебинем, ки зуд-зуд қурби доллар тағйир ёфта истодааст, лекин гуфтан душвор аст, ки охирон нуқтаи исти он ба чанд баробар хоҳад шуд. Ба ҳар сурат умедворем масъулин сари ин масъала чораандешӣ мекунанд, то қурби доллар дар баробари асъори миллӣ аз нишондодҳе, ки ҳамин шабу рӯз аст, боло наравад.
Мӯҳр
Арзиши доллар дар ТҶ нуқтаи ист надорад. Модоме Тоҷикистон иқтисод надорад, биноан содирот нест, ки тавассути он ба кишвар асъори хориҷӣ ворид шавад. Яку ду миллиард (агар бошад!) пули мардикорони муҳоҷир барои нигаҳ доштани буҷаи давлат кифоят намекунад. Барои онки пули тоҷикӣ дар як ҷо мустаҳакам истад, Тоҷикистон бояд солона на камтар аз 10 миллиард долл даромади холис дошта бошад. Дар акси ҳол вазъият ҳамин хел идома хоҳад ёфт.

тахлилгар
Аз ХочиМУХАММАД УМАРОВ ПУРСЕД.
БО ДАЛЕЛХОИ ИЛМИ ПОСУХ МЕДИХАД. ЧУНКИ СОЛИ ГУЗАШТА ПЕШГУ КАРДА БУД.

Болоравии курби доллар нисбати сомони дар охири соли 2017 баробар ба 980-1000 сомони, дар соли 2018- 1200-1300 сомон ва дар соли 2019 1700-1900 сомони

Бо шарофати асосгузори сулху вахтат пешвои миллат Эмомали Рахмон ин мушкили хали худо меебад !!! Да Точикистон чанд руз наврузи буд корхонахо кор накардан чунин шуд ! Ва бо дасгири пешвои муьазами точикони кули чахон Эмомали Рахмон ки гамхори мухочирон аст да Руссия авфи мухочирон мешавад мухочирон маблаги хуб мефиристанд доллар ба замини меафтад !! 750-800

Иктисодчи
Дар мохи сентябр 1 доллари амрикои ба 960-980 мерасад. Ин тахлил аник хаст.

Тамошобини цирк
Саид,
Боз карз гири сар мешавад аз дигар давлатхо?

Ба фикрам ки агар инхел рафтан гирад аник аз 2000 сомон гузашта менавад.

Саид, акаи Саид, неки гузаронди Чойи худат шорехи сиёси будааст..

абу Мухаммад
Дируз 400$ ба точикистон рои кардам, вале бонк бо курси 822 сомони дода аст аввланбо ин курс ба ман зарар дод ,дуввум бонк чи хак дорад пули маро гирифта ба сомони дода аст,чи ин банк хусуси яъне моли шахси як инсони сарватманд аст на балки моли давлат у мисли ман як шахрванд Аст ,байни ман ва у назди конун хеч фарк нест пас чаро,дигар пул ба торикистон равон НАМЕКУНАМ!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)