Бахшҳо
30 мар 2017 12:08Ҳуқуқи инсон

Додгоҳи минтақаи Кӯлоб Зоир Усмоновро ба 7 соли зиндон маҳкум кард

Зокир Усмонов бар асоси моддаи 401, иловаи 1 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне зархаридӣ, ҷалбу таълим ва истифодаи зархаридон дар амалиёти ҷангӣ дар додгоҳ муҷрим шинохта шуд. Усмонови 31-сола чанд моҳ қабл дар марзи Сурияву Туркия боздошт шуд ва мақомоти Туркия алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кард. Аз рӯйи иттилои хешовандон, Зоир як сол пеш аз Русия ба Сурия рафта, баъдан ба гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” пайвастааст.

ХОВАЛИНГ-РУСИЯ-СУРИЯ-ТОҶИКИСТОН

Изатулло Табарзода, раиси додгоҳи минтақаи Кӯлоб гуфт, Зоир Усмонов моҳи июни соли 2015 ҳангоми дар шаҳри Челябински Русия қарор доштан, тариқи шабакаи иҷтимоии “Одноклассники" бо аъзои гуруҳи тундарави "Давлати исломӣ" Абдулоев А., сокини ноҳияи Ҷайҳун иртибот барқарор намуда, расму видеоҳои муҳорибаҳои ҷангии пайравони ин гуруҳи террористиро тамошо карда, мақсад ва иродаҳои ин гуруҳро дар иродаи худ ҷо намуда, бо даъвати Абдуллоев ба "Давлати исломӣ" пайвастааст. Ҷаноби Табарзода дар идомаи суҳбаташ гуфт, бо мақсади задухӯрдҳои ҷангию террористии ДИИШ дар Сурия бо истифода аз шабакаи Интернет нусхаи шиносномаи худро ба Абдуллоев фиристода, аз ӯ хоҳиш намудааст, ба ӯ чиптаи ҳавопаймо харидорӣ кунад. Ба нақли Табарзода, Зоир Усмонов чиптаи хатсайри Маскав-Истанбулро харидорӣ намуда, бо кӯмаки Абусаид ном шахс моҳи июни соли 2015 вориди Сурия гашта, ба "Давлати исломӣ" мепайвандад. Ба гуфтаи ӯ, баъди пайвастан ба ин гуруҳ бо худ якроқи оташфишони "Калашников" гирифта дар шаҳри Маскари Сурия машқҳои ҷангиро омӯхта, аз моҳи сентябри соли 2015 дар шаҳри Сатфаҳури муқобили сарбозони арабии Сурия ҷангида, маъюб мешавад.

Баъдан ба кашонидани хӯрока ба аъзоёни "Давлати исломӣ" машғул мегардад. Ҷаноби Табарзода афзуд, дар давоми ин сол аз сӯйи эътилофи байналмилалӣ макони гуруҳҳои "Давлати исломӣ" бомбаборон шуда, сипас Зоир Усмонов бо мақсади фирор аз гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Пирназаров, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҷамоати деҳоти Чортеппа, ки ӯ низ бо гуруҳи "Давлати исломӣ" пайваста будааст, маслиҳат намуда, яроқҳои худро партофта, 3 январи соли 2016 ҳангоми убури сарҳади Туркия аз сӯйи амниятиҳои турк боздошт шудаанд. "Ҳамин тавр аввалҳои моҳи ноябр суд ҳамаи тарафро ба инобат гирифта Зоир Усмоновро ба муддати 7 сол аз озодӣ маҳрум кард".

Абдуқаҳор Усмонов ҳукми додгоҳ дар нисбати бародарашро одилона хонд ва афзуд, аз болои он шикояти кассатсионӣ нахоҳанд бурд. Зоир Усмонов дар сухани охиринаш дар додгоҳ аз кардааш изҳори пушаймонӣ кард. Вай гуфт, “маро дигарон гумроҳ карданд ва ба ин роҳи бад рафтам. Ба дигарон маслиҳат медиҳам, то ба ин роҳи бад нараванд”.

ДУ НАФАР ДАР ҶАНГҲОИ ХОВАРИ МИЁНА АЗ ХОВАЛИНГ

Додгоҳи минтақаи Кӯлоб Зоир Усмоновро ба 7 соли зиндон маҳкум кардБа нақли Абдуқаҳор Усмонов, бародараш Зоир 11 сол қабл бори аввал ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафта, давоми ин ҳама солҳо боре ҳам ба назди хонаводааш ба Тоҷикистон барнагашта буд. Ба гуфтаи хонаводааш, ӯ он ҷо бо як зани рус оила барпо карда, соҳиби ду фарзанд шудааст. "Моҳи июн буд, ки гуфтанд панҷ рӯз шудааст бародарамонро ба Тоҷикистон овардаанд. Баъдан мақомоти судӣ моро ба Қӯрғонтеппа даъват кард ва рафта бародарамонро дидем, ки дар ҳабс аст. Моҳи январи соли 2016 ба бародарам аз Туркия як зан зада гуфтааст, ки бародаратон дар дасти мост, аммо дигар бо он зан тамос гирифта натавонистем. Зоир ба бародари дигарам, ки ҳоло дар Русия қарор дорад, бо кадом воситае тамос гирифта гуфтааст, ки “маро аз роҳи зӯр ба Сурия оварданд ва онҷо маро ҳамчун ронанда истифода карданд ва замоне огоҳ шудам, ки инҷо ваҳшоният аст, фирор кардам ва ҳангоми фирор маро боздошт карда, пеш-пеши ҷангиҳо сипар карданд. Ман дуюмбора фирор кардам ва дар сарҳади Туркия ба даст афтодам”. Ин суханонро низ дар суд такрор кард ва суд ҳамаи инро ба инобат гирифта, ӯро ҳафт сол зиндонӣ кард. Мо низ шукр мекунем, ки ӯ зиндаву саломатаст”,- гуфт Абдуқаҳҳор Усмонов.

Додгоҳи минтақаи Кӯлоб Зоир Усмоновро ба 7 соли зиндон маҳкум кардҶангихон Одинаев, сардори бахши дин дар ҳукумати ноҳияи Ховалинг гуфт, ки аз қазияи боздошти Зоир Усмонов огоҳ буданд. Ба гуфтаи ӯ, аз Ховалинг дар маҷмӯъ ду сокини маҳаллӣ ба ҷангҳои Сурияву Ироқ рафтаанд, ки яке Зоир Усмонов ва дигарӣ сокини ҷамоати Шугнов мебошад. Ба гуфтаи Одинаев, хонаводаи дигар ҳам аз мақомоти интизомӣ огоҳ шудааст, ки фарзандашон дар ҷангҳои хориҷӣ қарор дорад. "Ростӣ, инҳо солҳои пеш ба Русия рафта, чандин сол ба Ховалинг наомада будаанд. Ҳангоми сӯҳбат ба хонаводаашон маълум шуд, ки падару модар аз рафтори фарзандонашон огоҳ набудаанд”, - гуфт Ҷангихон Одинаев.

Ҳоло тибқи омори расмии Додситони кулл аз Тоҷикистон 1094 нафар ба ҷангҳои Сурияву Ироқ рафта, ҳудуди 300 тани онҳо дар ҷангҳо кушта шудаанд. Аммо 64 шаҳрванди Тоҷикистон бо истифода аз афви пешниҳодкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан баргаштаанд. Зимнан, додгоҳи минтақаи Кӯлоб дар соли 2016 дар маҷмӯъ 24 нафарро барои иртибот бо гурӯҳҳои ифротӣ ба солҳои тулонӣ равонаи зиндон кардааст.

Муҳаммадҷон РАҲМАТОВ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)