Бахшҳо

Борбад: Донишмандон ба Р.Эмомалӣ ваъдаи 25 сол қабли падарашро ёдрас карданд

Гуруҳе аз донишмандону равшанфикрони Тоҷикистон бо нашри як номаи боз дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” аз раиси тозатаъини шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дархост кардаанд, ки муҷассамаи Борбади Марвазиро дар шаҳри Душанбе барафрозад.

Дар ин нома, ки дар садри он донишмандони маъруфе чун Раҳим Масов, Мӯсо Диноршоев, Кароматулло Олимов, ҳунармандон Ҷӯрабек Муродов, Саидқул Билолов қарор доранд, ҷамъан исми 35 донишманду шоиру нависандаву мусиқишиноси шаҳири тоҷик дида мешавад.

Равшанфикрон дар ин нома зикр кардаанд, ки дар замони ҷашнгирӣ аз 1400-солагии Борбад пешниҳод шуда буд, ки дар пойтахти Тоҷикистон муҷассамаи поягузори мусиқии машриқзамин (аз ҳисоби саҳмгузорони ҷашн ва саҳми хосаи шаҳрдории Душанбе) афрошта шавад. Дар идома зикр кардаанд, ки “мутаассифона бо сабаби ба вуқуъ пайвастани ҷанги таҳмилӣ маблағи ҷамъшуда (саҳмияи аз корхонаҳо воридгардида ва дар бонк гузошташуда) ба истилоҳ бе ному нишон ғайб зад ва то имрӯз гузоштани ҳайкали Борбад ба таъхир афтод”.

Дар ин нома ҳамчунин гуфта мешавад, ки соли 1992 раиси вақти Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин мусоҳибаи телевизиониашон соли 1992 дар посух ба суоли гуруҳи зиёди зиёиёни кишвар иброз намуда буданд, ки муҷассамаи Борбадро ҳатман мегузорем.

Дар интиҳои номаи худ гуруҳи равшанфикрон шароити ҳозирро барои барафрохтани тандиси Борбад мусоид арзёбӣ карда, аз раиси шаҳри Душанбе хостаанд, ки “иқдоми хоса ба харҷ диҳад”.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон соли 1990 дар сатҳе хеле муҳташам аз 1400-солагии Борбади Марвазӣ ҷашн гирифта шуд, ки ин ҷашнвора Муншии генералии Шӯрои мусиқии ЮНЕСКО ва сарояндаи маъруф Муҳаммадризо Шаҷариён ва шахсиятҳои маъруфи дигари мусиқии Шарқу Ғарб ширкат карда буданд. Кохи тозабунёди шаҳри Душанбе ҳам ба ифтихори ин ҷашнвора “Кохи Борбад” номгузорӣ шуд.
Мӯҳр
Охи муҷассамаи Борбад дар маркази ноҳияи Дарвоз гузошта шудааст. Чӣ ҳоҷат дар Душанбе дубора онро гузоштан? Ин бечорарако олимои тоҷик ба фикрам бекор мундагӣ ҳастанд, ки чунин пешниҳодҳои беҳудара пешниҳод мекнан.

Хохиш дорам бас кунед дигар хамин пешниходхои Бе маънеро устодон!
Агар номбардории миллатро хохед ягон завод фабрикай созед.Бехтараш як корхонай борбад таёркуниву дар бараш рубобу гитор таёркуни пешниход кунед созанд то до акал чанд хунарманд сохиби чои кор мешавад..
Агар номбардории миллатро мехохед аз мухочират ки куча мерубанд чандин хунармандоне онхоро ба ватан гардонед.
Чоруб дар даст чорубиро гирифта дар кучахои гариби аз Борбад ифтихор карданд агар Борбад мебуд ангуштонаш он тараф истад Ду дасташро мебурид..

Бобои Файз
Гумон кардам донишмандон пешниход мекунанд ки пеши рохи фирори магзхо гирифта шавад хукуки мухочирин химоя шавад корхонахои саноати бунйод шуда чои кор ташкил шавад. Ширкати пулчинак аз сари рохи манзили мардуми бекор бардошта шавад. Кадрхои дигар минтакахо ба вазифахои калиди таин шаванд. Чи бояд кард ки хуввияти миллии гумшуда баркарор шавад ва хоказо. Хайкалро дер йо зуд мемонанд. Хайкал проблема нест хама чои Точикистон хайкал лаб задаст.

илтимос монед раиси ҷавон кор кунад
уро ҳам тамаллуқ назанед..вай ҳоло ҷавон аст
.

Хайрон
Эххх нимкола олимхои н. Дарвоз гапа тоб метиен дааа.... о ягон ихтироь кунен намешавад? Факат гапои бефоидаву бемантику таьрифу хокзанида монантун. Озодагон ташаккур

Беном
Рустами Эмомали хайкали мухочиронро дар даромадгохи президент бумон.

Хайкалатро чи кунам гарчи надоред сайкал, Сайкалатро чи кунем гарчи надоред хайкал...

Борбад
Мардум нони хурдан надорад равшанфикрон дар фикри муҷассама!?

КУРБОНОВ ЗАФАР
ПЕШНИХОД: МУХТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛИ! ХАМЧУН ЯК ЧАВОНИ СОХИБМАНСАБ ИКДОМ КУНЕД БА ТАШКИЛИ ЯК НУКТАИХАДАМОТИ УМУМИМАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИХОИ ДАВЛАТИ ВА ГАЙРИ ДАВЛАТИ БА МАРДУМ. ТО МАРДУМ КОРАШ ОСОН, ВАКТАШ БЕХУДА САРФ НАШУДА, БАРОИ ЯК МАЪЛУМОТНОМАСЕ ЧОР РУЗ САРГАРДОН НАШАВАД. МАН ЛОИХАИ ЧУНИН МАРКАЗРО МУХТАРАСАН ОМОДА НАМУДА ИСТОДААМ. ИНЧО ФАКАТ БО ТАНЗИМИ КОНУНИ Ё ФАРМОНИ МАХСУС ТАМОМИ МАКОМОТИ ДАВЛАТИ ВА ГАЙРИДАВЛАТИРО МУВАЗЗАФ ГАРДОНИДА МЕШАВАД. КИ ЧАВОБ ПОСУХ ВА Ё МАЪЛУМОТИ ЛОЗИМАРО ПЕШНИХОД НАМОЯД. ЧИ ДАРКОР ХАЙКАЛСОЗИВУ ХАРОЧОТИ ЗИЕД,БО ХАЙКАЛ ГУМОН НАДОРАМ КИ ДАВЛАТ РУШД КУНАД

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)