Бахшҳо
31 мар 2017 09:38Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Истилоҳҳои футболро тарҷума кунем ё на?

Даврон ҒУФРОНОВ, шореҳи варзишии “Озодагон”

Чанд ҳафта пеш вақте шабакаи телевизонии “Варзиш”-ро тамошо мекардам, барномаи “Вожаварз” пахш гардид. Муҷрӣ бо меҳмонон, ки асосан устодон, донандагони забони тоҷикӣ, мутахассис аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ва шореҳи футбол баданд, дар бораи тарҷумаи чанде аз истилоҳҳои футбол аз русӣ ва инглисӣ ба тоҷикӣ баҳс мекарданд.


Хонандаи азиз, хусусан мухлиси футбол, хуб медонад, ки асосгузори бозии футбол инглисҳо мебошанд ва ин намуди варзишро дар Тоҷикистон русҳо паҳн кардаанд. Аз ин сабаб дар рафти бозӣ ва тамошои он ибораҳои инглисӣ ва русӣ, аз қабили – офсайд, пас, аут, пеналти, бомбардир, перехват, угловой, штрафной ва ғайраро истифода мебарем. Ин аллакай на танҳо барои тоҷикон, балки барои дигар миллатҳо низ одат шудааст. Азбаски забони давлатӣ забони тоҷикӣ аст, коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар ҳамаи соҳаҳо бо забони тоҷикӣ сурат мегирад, бисёриҳо пешниҳод мекунанд, то истилоҳҳои варзишӣ, хусусан футбол ба тоҷикӣ баргардон шаванд. Дар аҳди шӯравӣ ва имрӯз низ, шореҳони футболи мо дар рафти бозӣ, зарбаи ҷаримавии ёздаҳметраро аз рӯи одат – пеналти, партофти тӯб аз ҷониби як бозингар бо ҷониби дигарро – пас, дар як бозӣ муаллифи се гол шуданро – хетрик мегӯянд. Оё ин иштибоҳ аст?!
Ба фикри шахсии ман айб нест, монед гуфтан гиранд, ҳеч кас намехандад. Биёед як ба тамошои футболи зинда дар майдонҳои шаҳри Душанбе ва ё дигар ноҳияҳо меравем. Фарқ надорад бозӣ дар куҷо сурат мегирад, дар майдончаи варзишии мактаби миёна, мактаби махсуси футболи кӯдакону наврасон ва ё байни бошгоҳҳои касбӣ. Аҳамият диҳед ҳамаи ибораҳо аз ҷониби муррабиён, мухлисон ва доварон ба забони инглисӣ ва русӣ садо медиҳанд. Тӯб ба даст расад – руки, зарбаи кунҷӣ – угловой, қасдан ба пои ҳариф зада лат расондан – подножка ва ҳоказо. Боз ҳамон ибораҳои инглисӣ – пас, аут, кросс, голкипер ва дигару дигар.

Дар Тоҷикистон шумораи зиёди мурраббиён ба кӯдакону наврасон машқи футбол медиҳанд. Онҳо ки футболбозиро аз муррабиёни миллаташон – рус, тотор, булғорӣ ва ё олмонӣ омӯхта, баъд мурраббӣ шудаанд, аллбата ба шогирдони худ ба забони русӣ футболро мефаҳмонанд. Барои комилан бо забони тоҷикӣ истифода бурдани ибораҳои футбол, бояд дар оғоз мурраббиёнро тоҷикӣ омӯзонанд. Китобчаҳои методикаи омӯзиши футболро ба тоҷикӣ тарҷума намоянд, ки барои ин вақт лозим.

Хуб, аз ин бигзарем, лекин мутахассиони соҳа чӣ? Онҳо ҳастанд? Ва ё чун дигар соҳаҳо ба эрониҳову афғонҳо пайравӣ мекунем? Ин ҷо боз як чизи дигарро бояд зикр кунем. Дар як сол Федератсияи футболи кишвар барои муррабиён ду-се семинари омӯзишӣ ташкил менамояд. Дар он ба мураббиёни тоҷик, мутахассисони ФИФА ва АФК дарсҳои назариявӣ ва амалӣ медиҳанд, боз ҳам ба забони русӣ ва ё англисӣ. Дар ин сурат чӣ бояд кард? Дар телевизон шореҳӣ кардани бозии футбол кори осон нест. Шореҳ бояд зимни шарҳ додани бозӣ аз ҳаракати тӯб қафо намонад. Масалан, ҳангоми ҳамлаи “позитсионӣ” шореҳ вақт дорад ибораҳоро тарҷума карда ба тоҷикӣ бигӯяд, чунки чунин ҳамла ба ҳузур сурат мегирад, дар он теъдоди зиёди футболбозон иштирок карда, бо партофтҳои дуру дароз тӯбро ба майдончаи ҷаримавии рақиб мерасонанд, барои фикр кардан ва тарҷума вақт ҳаст. Лекин дар сурати ҳамлаи ҷавобие, ки бо суръати тез ба амал меояд, вақте ки тӯб бо ду ё се партофт дар тӯли 15–20 сония ба майдончаи ҷаримавии рақиб расонида мешавад, шореҳ чӣ кор кунад? Амали дар дар ҳоли иҷрои пардаи телевизионро ба мо шарҳ диҳад ё ба луғат бингарад?
Мӯҳр
Исмаил
Сад дар сад дуруст ман зидди тарҷума ҳастам
Албатта забони давлатии мо тоҷики асат ман ба ин эхтироми хос дорам лекин ин футбол умумиҷаҳони аст чи хел тарҷума мекунанд боз онро халқи одди намефаҳмад ба мисли авраияи мошин -СОНЕҲА о инро одами одди аз куҷо медонад дар фикр фуру меравад мараг калимаи САДАМАИ НАҚЛИЁТИ хато аст ки баъзан сонеҳа мегуянд????
Боз тарҷумаи футбол ба миён омад равед тамоми бозиро тамошо кунед ҳамаш ба забони руси ё англисӣ сурат мегирад

н
Фикри дуруст. Бо футбол кордор нашавед. Филологхои точик кучое ки даст зананд он чо чазирбод мешавад. Масалан пицца калимаи италияви аст. Филологхо пешниход кардаанд, ки даханро кач карда питзо гуем. Магар калимаи аслии пицца хубтар нест? Е ин ки памперсро уребча ном мондаанд, ки хандаи кас меояд.

Шахсонеки намехоханд футболро ба забони точики бишнаванд мархамат ба дигар шабакохо бипайвандант !! Ба мо точики маькул !!! Ва ба муалиф гуфтаниям хамаи ин лугатхое шумо зикр кардет 10-15 то аст дар вакти шарх додан монеьа эчод намекунад !!!

Озодфикр
Илтимос тарчума накунед, бе ин хам забони ноби точикиро ин тарчумонхои мо зада чазир карданд...

Исматуллох
Цитата: н
ба футбол кордор нашавед. Филологхои точик кучое ки даст зананд он чо чазирбод мешавад. Масалан пицца калимаи италияви аст. Филологхо пешниход кардаанд, ки даханро кач карда питзо гуем. Магар калимаи аслии пицца хубта


Хехеее пиццаро факат урусхо мегуянд. дигар ягон чо пица намегуяд :)) Як интарафу онтарафро нигох кунед! Точико ку харфи ц надоранд акнун дахонро ъинч карда, подхалими урус шуда ц гуем??

Точик
Голро низ тарчума кунед.. Пешниход мекунам вакти гол задан СОМОНННН гуён хурсанди кунанд))))

Даврон
Мухтарам Даврон Гуфронов, хамноми азиз!!! Сад дар сад Шумо хато мекунед. Аз оне, ки устодони варзишро русхо ва ё англисхо дарс додаанд ва ё омузонидаанд, маънои онро надорад, ки хар чи дар забони онхо хаст мо низ истифода барем. Пас забони модарии мо чи мешавад? Бигузор забондонхо ва филологхои мо тарчума кунанд. Агар насли имруз як каме ба мушкили ру ба ру гарданд дар истифодаи калимахо, пас охиста охиста чори мегардад ва ояндагон мтеавонанд бе мамоният истифода баранд. Шорехи варзиш каблан омода гардад ва дар вакти бози рохгум назанаду лугта нигох накунад. Ана хмин хел мисли Шумо баринхо калимахои англисию русиро истифода бурдан гиред БАЪД вой бар холи забони МОДАРИи мо...... Илтимос, дигар ин гуна маколахои бесару нуг нанависед...... То ба чое мардумро ба рохи рост баред, менависед, ки монед хар чи ки аз берун омад ба замбон чой дода шавад ё истифода бурда шавад. Табиист, ки илму технологияи бо суръат пеш меравад ва баъзе калимахое хастанд, ки шояд тарчумаи онхо зарурат надорад, аммо наход ба чои угловой, зарбаи кунҷӣ хуб набошад. ё наход ба чойи подножка қасдан ба пои ҳариф зада лат расондан хуб набошад???? Сад хайфи Шумо барин ШОРЕХИ ВАРЗИШ!!!Шумо ва Шумо барин шорехони варзиши фонди лугавиятон хароб дигар аз кучо шорехии дуруст дар вакти бози сурат бигирад. Агар ШОРЕХОНИ ВАРЗИШИ мо забони МОДАРИи худро ХУБ донанд, пас хеч мушкили намекашанд дар вакти шархи бози!! АВВАЛ забони модарии худро хуб омузед баъд ШОРЕХИ кунед. Хам бози хуб мегузарад ва хам Шумо барои бинандахо зебо шарх медихед!!! Чи гуфтед ДАВРОН ГУФРОНОВ чонибдори УГЛАВОЙ, ПОДНОЖКА....

ав
Исматуллох,

Ту аз афташ гайр аз Урусистон чои дигар нарафтаи. Дар тамоми дуне pizza кабул шудааст.

Мухочир
Акнун мо "угловой","руки" ,"подножка" гуфта худро шармандатар накунем де.Чаро руси гуем? На танхо аз забони руси балки аз худи Русиё тамоман дур бояд шуд, вассалом.Як калимаи футбол(Фуссбал) истад дигар калимахоро метавон рохат ба забони ноби точики гуфт.
Чанобашон Гуфронов худашон, ки шорехи варзиш будаанд, мехоханд барои худашон каме сабуки изофа кунанд.Шумо якум шуда вариантхои хуби точикии хамин калимахои "азизатонро" дарёбеду ба шунаванда гушзад кунед ,гаранти медихам,ки номи Шумоя ба неки хамеша ед мекунам.

Дилшод
Ман ҳам ин барномаро тамошо кардам. Мавқеи кормандони Кумитаи истилоҳот ва забон дуруст аст. Бояд истилоҳоти варзишӣ тарҷума шавад, на таҳтуллафзӣ, балки маънан. Оҳисти-оҳиста одат мекунем. Ҳама агар эътироз кунем, ки истилоҳоти ин ё он соҳа тарҷума нашавад, забони мо махлут хоҳад шуд. Як маротиба ба забони соҳаи тиб таваҷҷуҳ кунед, анқариб чизе намефаҳмед. Тадриҷан забони муоширати мо низ пур аз истилоҳ шуда, асолати худро гум мекунад. Аммо он тарҷумаҳоеро, ки мутахассисони Кумита дар барнома пешниҳод карданд, дар ҳақиқат қобили қабул нест. Дар ин маврид ҳамкориро бо мардум ба роҳ мондан даркор аст. Барои тарҷума на корманди Кумитаи истилоҳот ва забон, балки эҷодкор будан даркор, ки дар миёни мардум чунин афрод хеле зиёд аст. Ҳатто мавридҳоеро ҳам мушоҳида кардан мумкин аст, ки як нафари камсавод тарҷумаеро пешниҳод менамояд, ки боиси ангушти ҳайрат газидани олимону донишмандон мегардад. Фақат барои тарҷумаи беҳтарин мукофот таъйин кардан даркор, хусусан тавассути телевизиони «Варзиш». Онгоҳ мо метавонем дар тарҷумаи истилоҳоти варзишӣ муваффақ гардем. Охир, забон забони миллат аст!

Носкаш
Это нас не спасет, бе ин хам ба кавли бачахакои техас " хама чазирай"...

Мо кайҳо ба забони махлут бо урусии фачи тоҷикӣ одат кардем. Чӣ зарур онро тоза кардан. Агар бовар накунед,тавре баъзеҳо мегуянд, ба ин забони халқи оддӣ таваҷҷӯҳ кунед. "БЛЯ БУДУ, МА ДАР ЛУБОЙ ҶО ДАКАЗАТ МЕКНМ, КИ ПРАФМ!"
Ин суханони як роҳгузаре буд, ки тасодуф ба гӯшам халид. Вале ин суханон истисно нестанд. Сар то сари кишвар ҳамин ҳол аст. Ин аз он далолат медиҳад, ки забони русӣ ба хуни мо сироят карда, онро фалаҷ кардааст. То русӣ ва Русия ҳаст, забони тоҷикӣ табобат нахоҳад ёфт. Ҳамаи кӯшишҳо дар қоғаз мемонанд. Баъзан ман ТВҳои Тоҷикистонро рӯшан мекунам: дар ҳамаи 4 канал барнома ба забони рӯсӣ! Ба дар Тоҷикистон буданам бовар накарда, фавран антеннаи кайҳониро рушан мекунам. Онҷо барномаҳои форсӣ зиёданд. Агар бидонед, аз таблиғ ғаразнок ва густохонаи русҳо тамоми дунё ба дод омадааст. Тоҷикистон бошад, дар гирдоби он таблиғот қарор дорад.

Ба Точик. Бародари азиз. "Гол"-и мегуфтагиатон дар забони точики тарчума дорад: Дар Бадахшон аз даврхои пеш то кунун дар чавгонбози, вакте ба "дарвоза" гууйро мезаданд, олеее... гуфта фарёд мекунанд.
Вархато (дасту по гум кардан) нашавед. Ин хам як калимаи даркорист, ки аз ёд рафтааст.
Шархдихандагон бамаврид кайд мекунанд, ки мутасадиёни забон ба кофту кобу ёфтани калимахои зарури ба назди мардум намераванд.
Боки, сихату саломат бошед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)