Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 22 июл 2017, 07:38

ВАО: Муҳандиси рус дар куштори муҳоҷири тоҷик муттаҳам мешавад

3 апрел 2017, 11:23

Дар ноҳияи Приозерски вилояти Ленинград ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистон дарёфт шудааст.

Торнамои 47news бо такя ба манобеаш дар Раёсати умури дохилии Калинин менависад, ҷасад аз дохили як селофани полиэтиленӣ аз наздикии рустои Варшко дарёфт шудааст. Ба иттилои манбаъ, ташхис нишон дода, ки ин шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон аз зарби тир бар сараш ҷон додааст.

Дар куштори ӯ роҳбараш, шаҳрванди Русия, ки ба ҳайси муҳандис кор мекардааст, гумонбар мешавад. Корфармои 53-сола иқрор кардааст, ки аз муҳоҷири марҳум ҳудуди 400 ҳазор рубл маош қарздор будааст ва зимни баҳс ӯро парондаст.

Расонаҳо ному насаби мақтулро ифшо накардаанд, аммо гуфта мешавад, ӯ солҳои 2011-2013 дар сафи қушунҳои дохилии Тоҷикистон хидмат кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Точ

  • 3 апрел 2017 18:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як чахон ташаккур дар ТЧ К се руз мотам эълон бкунен давлатдорон

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!