Бахшҳо

Селу сангрезӣ сокинони навоҳиро саргардон кардааст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи боришот ва селу сангрезӣ бархе аз сокинони навоҳии кишвар ба ҷойҳои бехавф кӯчонда шуданд.

Умеда Юсупова, сухангӯи Кумита имрӯз, 3-юми апрел ба “Озодагон” гуфт дар натиҷаи сангрезӣ дар маҳаллаи Шириншо Шотемури шаҳри Хоруғ, як манзили истиқоматӣ қисман хароб гардида, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ба иттилои манбаъ барои ҷилавгирӣ аз нохушӣ сокинони 12 хоҷагӣ ба хонаҳои хешу табор кӯчонида шудаанд: “Инчунин дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон низ дар натиҷаи баландшавии сатҳи дарёи Сурхоб заминҳои наздиҳавлигии 3 хоҷагиҳои хусусӣ зери об монданд”.

Умеда Юсупова афзуд, ба деҳаи Сесангаи ҷамоати шаҳраки Оби Гарм низ ярч таҳдид мекунад: “Аз ин мавзеи хавфнок сокинони 6 хоҷагӣ муваққатан ба ҷои амн кӯчонида шуданд”.

Манбаъ илова намуд, ки аз тарафи Сарраёсати зиддижолаи Кумита дар 22 минтақа, аз ҷумла дар ноҳияи Ҳисор, Турсунзода, Хуросон, Ёвон ва Данғараи вилояти Хатлон корҳои безараргардонӣ бо истифода аз мушакҳои зидди жола амалӣ карда истодаанд: “Мутахассисон бо аҳолӣ суҳбатҳо гузаронда, тарзи дурусти амал ҳангоми ҳолатҳои фавқулоддаро фаҳмонда истодаанд”.


Акси хонаи харобшуда дар Хоруғ аз Фейсбук
Мӯҳр
МЧС-и мо зур кор мекардааст. Бояд хабар ин тавр навишта мешуд: "Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Точикистон 12 хоҷагиро ба чойхои бехавф, хонаҳои хешу таборашон кӯчонид ва хамаи онхоро аз хисоби хешовандондонашон бо се вакт хуроки гарм таъмин намуд")))

Точ
Боз гадои сар мешавад

Tj
Хоҳиш мекунам дар бораи мушакҳои зидди жола маълумот диҳед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)