Бахшҳо

ВАО: Теъдоди қурбониёни таркиши Санкт-Петербург ба 14 нафар расид

Расонаҳои русӣ мегӯянд, дар пайи таркиши истгоҳи метрои шаҳри Санкт-Петербург дар рӯзи гузашта 14 нафар ба ҳалокат расидааст.

“Фонтанка.ру”менависад, 11 нафар дар дохили вагон ва ду тан дар беморхонаи Мариинск ҷон додаанд. Теъдоди захмиёнро беш аз 40 нафар мегӯянд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, миёни қурбониён шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.

Расонаҳо бо такя ба мақомоти пулис акси нафареро нашр карданд, ки дар ин ҳамлаи террористӣ гумонбар мешуд. “Фонтанка”, ки аз аввалинҳо шуда, аксро нашр кард, навишт, ин марди ришдор 20 дақиқа қабл аз таркиш дар қатори метро дар байни истгоҳҳои “Сенная площадь” ва “Технологический институт” дар истгоҳи “Петроградская” вориди метро шудааст. Аммо пойгоҳи хабарии “Интерфакс” хабар дод, ин мард ба идораи пулис ҳозир шуда, гуфтааст, дар ин қазия даст надорад. Дар ҳамин ҳол, ин расона бо такя ба манобеи худ дар ниҳодҳои интизомии Русия навишт, инфиҷор кори як маргталаби 23-сола аз Осиёи Миёна будааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба таркиши маргбор дар истгоҳи метрои Санкт-Петербург унвонии ҳамтои русаш барқияи таслият ирсол намудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, дар ин нома аз ҷумла гуфта мешавад, “аз хабари таркиши фоҷиабор дар истгоҳи метрои шаҳри Санкт-Петербург, ки бар асари он шаҳрвандони бегуноҳ талаф ёфтанд, сахт андӯҳгин гардидам. Бо эҳсоси андӯҳ мо ин амали мудҳишро маҳкум намуда, ҳамоҳангии кӯшишҳои худро барои аз байн бурдани хатари даҳшатбори аср - терроризм таъкид менамоем”.

Оқои Раҳмон дар идома аз Владимир Путин хоҳиш кардааст, ҳамдардиашро ба наздикону пайвандони ҳалокшудаҳо бирасонад. “Ба зарардидагони ин фоҷиаи мудҳиш шифои комил орзумандем”,-гуфта мешавад дар барқияи таслият.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)