Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 25 июн 2017, 23:54

Туркманистон: Харҷи моҳи "саломативу хушбахтӣ"-ро сокинон мепардозанд

4 апрел 2017, 11:26

Роҳбарияти ширкатҳои нафту гази давлатии Туркманистон барои чорабиниҳои оммавии варзишӣ аз ҳисоби кормандон маблағ ҷамъ меоранд. Ин чорабиниҳо дар доираи моҳи "саломативу хушбахтӣ" баргузор мешаванд.

Ба иттилои мусоҳибони бахши туркмании Радиои Озодӣ, аз ҳисоби маблағи кормандон барои варзишгароне, ки дар чорабиниҳои оммавӣ ширкат мекунанд, сару либоси махсуси варзишӣ харида мешавад. Моҳи "саломативу хушбахтӣ" тамоми апрелро дар бар мегирад.

"Дар ин бора ба мо дар оғози моҳ хабар доданд. Ҳар кадом либоси махсуси варзишӣ 300 манат арзиш дорад. Пулро аз мо нақд ҷамъ оварданд", - гуфт яке аз кормандони корхонаи коркарди нафти вилояти Балкан.

Кормандони корхонаҳои дигари давлатӣ низ аз ҷамъоварии маблағ барои чорабиниҳои мазкур иттилоъ медиҳанд. Аммо мақомоти расмӣ то кунун дар ин бора изҳори назар накарданд.

Моҳи "саломатӣ ва хушбахтӣ" чорабинии расмӣ буда, аз соли 2015 ба ин сӯ таҷлил мешавад. То кунун ин чорабинӣ барпо мешуд, аммо ҳамагӣ як ҳафта давом меёфт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!