Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 май 2017, 02:53

Рекорди қурби доллар ва рубл дар Тоҷикистон

4 апрел 2017, 12:44

Қурби доллари амрикоӣ дар бозори нақди Тоҷикистон имрӯз, 4-уми апрел ба 8,43 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ то 150 сомонӣ боло рафтааст.

Дар ин бора бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар овезаҳои қурби асъори хориҷӣ иттилоъ додаанд, ки баландтарин нишондод давоми моҳҳои охир мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон қурби долларро барои бозори байнибонкӣ 8,3090 ва қурби рублро 0,1457 муқаррар кардааст.

Дар ҳоле, ки корафтодаҳо аз мушкили хариди доллар аз саррофиҳои бонкҳои тиҷоратӣ шикоят доранд, Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки “берун аз дафтари асосии бонкҳо, намояндагиҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Саид

  • 4 апрел 2017 13:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
курби вокеи ки долар ёфт мешавад 856 сомон и мебошад
Посух додан
  • Точ

  • 4 апрел 2017 13:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин пешрави—ку як олам ташаккур
Посух додан
  • адл

  • 4 апрел 2017 16:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мана мешудаст ку бозори доллара контроль карда! Чанобон!!!!
Посух додан
  • сасамад

  • 4 апрел 2017 19:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мубодилахои асъорро бастанду чор мезаданд ки болоравии доларро пешгири мекунем магар хамин аст пешгириатон
Посух додан
  • Здравствуйте

  • 4 апрел 2017 21:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Одамо ваъда додан давоми се мохда курса ба эътидол медарорем!
Посух додан
  • Носкаш

  • 4 апрел 2017 21:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
То 1000 сомон нашавад бовар намекунам
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин натичаи он аст, ки мо иктисоддонхои даврони камолотро аз кор берун кардему ба чои он онхоеро советник гирифтем, ки на дониш доранду на зиракии сиёси. Агар ман советник мебудам тавсия медодам, ки доктор ва номзадхои иктисоддонро наздам чамъ мекардам ва бо онхо машварати кори барпо мекардам, барои Ватан ва рахои аз ниммустамлкашави.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!