Бахшҳо

Душанбе: Русия 63%-и бозорро гирифта, боз бештар мехоҳад

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар робита ба манъи парвозҳои ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба Маскав ва ба тавофуқ нарасидани ҷонибҳо барои парвозҳои ширкати ҳавоии русии “Ямал” ба Тоҷикистон изҳорот нашр кардааст.

Дар баёнияи вазорат, ки имрӯз, 4 апрел пахш гардидааст, яке аз далелҳои ба тавофуқ нарасидани ҷонибҳо, нобаробарии парвозҳо миёни ширкатҳои ҳавопаймоии ду кишвар арзёбӣ шудааст.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, тибқи созшномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия парвози ҳавопаймоҳои ду кишвар ба қаламрави ҳамдигар бояд бар асоси баробарӣ ё “паритет амалӣ гардад. Ба иттилои ин ниҳод феълан хилофи баробарӣ бештари парвозҳоро ширкатҳои русӣ анҷом медиҳанд ва илова ба ин Русия боз талаб кардааст, ки “Ямал” ҳафтае 7 маротиба ба Душанбею Хуҷанд парвоз анҷом диҳад: “Ин дар ҳолест, ки ширкатҳои ҳавоии Русия ба фурудгоҳҳои Тоҷикистон дар ду моҳи охир 496 парвоз анҷом додаанд, вале аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия танҳо 295 парвоз сурат гирифтааст”.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар робита ба парвозҳои “Ямал” гуфтааст, ба Русия пешниҳод кардаанд, то “Ямал” ҳафтае ду парвоз ба шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб анҷом диҳад, аммо “Ямал” қабул накардааст.

Манбаъ афзуд, баъдан пешниҳод кардаанд, ки ширкати ҳавоии “Ямал” ҳафтае ду парвоз ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд анҷом диҳад, ки ин пешниҳодро ҳам напазируфтааст.

Ба иттилои мақомоти тоҷик “Ямал” мехоҳад ба шаҳрҳҳои Душанбе ва Хуҷанд ҳафтае на 2 парвоз, балки 7 парвоз анҷом диҳад, ки боиси норозигии мақомоти Тоҷикистон шудаст.

Дар посух мақомоти Русия аз 3 апрел парвозҳои ширкати "Сомон Эйр"-ро аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба Маскав маҳдуд карда ва то ҳол ин қазия ҳалли худро наёфтааст.
Мӯҳр
в
Бигзор 100% бозорро бигирад. Мухим он аст, ки нархи билет арзон шавад.

Маскав дар муносибат бо Вашингтон паритетро вайрон мнкунад. Чӣ бирасад Тоҷикистони хурдакаки беҷон! Агар садо баландтар мекунед таҳти шантаж ва тӯҳматҳо қарор мегиред. Ҳоло мебинед, амали террористӣ дар метрои С.Петербургро ба гардани шаҳрванди Тоҷикистон зада, куштору шиканҷаву депорти тоҷиконро сар мекунанд.

Билета арзон кунен, "доля рынка"-атон зиёд шавад.
Мо "патриот"-ем, локин пули кисамон барои хариди билетҳои нархашон миёншикан камтар ҳаст,

Бигузор Россия 100 фоизи бозорро гирад, ин ба фоидаи халки бечора аст, зеро мардум аз он ширкате чипта мехаранд, ки арзон бошад. Рохбарони ширкати Сомон Эйр фикри халкро намекунанд, факат фикри кисаашонро. Пас монед, Россия кор кунанд, ин "акахо"-и мо рохи хавоиро низ мисли iRS кардаанд.

гастарбайтер
ракобати солим кардан даркор,э чи бугум...

руссхо фоидаро диданд.билети Душанбе-Москва бештари вакт аз билети МОСКВА-ВАШИНГТОН киматтар аст!!! РАСХОДИ КАМТАРИН ФОИДАИ КАЛОНТАРИН!!!!...ИНСОФ НЕСТ! РАХМ НЕСТ! ВИЧДОН НЕСТ!.

Кулоби
Ман мухочир хастам набояд Пеши Ин тоссархо сар фаровард . Ва дигар давладмардони точик мардумро сохиби кунед вагарна ФСБИ Руссия ба хама кор кодир аст ва дида истед Моро низ мисли Белорус карда мардумро ба шур меоранд

Гарми
Тарафдори русхо ва арзонии билет

Точик
Барои як ширкати хусуси шуда мардумро азоб надихед. Сомонэйр ин ширкати хусуси аст, бигузор худаш масъалаашро бинад. Аз барои ин ширкат хозир бо 200 хазор точикро депорт мекунан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)