Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июл 2017, 09:40

Авҷи баҳс: Манъи парвози 2 ширкати русӣ ба Тоҷикистон ва маслиҳат ба мусофирон

4 апрел 2017, 15:38

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар посух ба қарори Маскав дар бораи манъи парвози “Сомон Эйр” тасмим гирифтааст, ки парвози ширкатҳои русии “Уралские авиалинии” ва “Ютейр” ба Душанбе ва Хуҷанд қатъ карда шаванд.

Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ дода, афзуданд, ки қарори мазкур аз соати 10:30-и 5-уми апрел амалӣ хоҳад шуд.

Бар асоси қарори мазкур парвозҳои “Ютейр” аз Маскав ба Душанбе ва “Уралские авиалинии” ба Хуҷанд мамнуъ гардид.

Масъули Вазорати нақлиёт таъкид кард, ки ин тасмим посух ба қарори Маскав дар бораи манъи парвозҳои “Сомон Эйр” ва иҷро нагардидани созишномаи байниҳукуматӣ мебошад.

Мақомоти Русия аз 3 апрел парвозҳои ширкати "Сомон Эйр"-ро аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба Маскав маҳдуд карда, онро ба қазияи ширкати “Ямал” рабт доданд. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик “Ямал” мехоҳад ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ҳафтае на 2 парвоз, балки 7 парвоз анҷом диҳад, ки боиси норозигии мақомоти Тоҷикистон шудаст.

Ин баҳс дар ҳолест, ки баҳор мавсими сафари муҳоҷирон ба Русия мебошад ва мамнуъсозиҳои тарафайни парвозҳо боиси саргардонии мусофирон шудааст. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфт, мусофирони ширкатҳое, ки парвозашон мамнуъ шудааст, метавонанд маблағашонро бозпас гиранд ё аз хатсайрҳои дигар истифода баранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Ачмал

  • 4 апрел 2017 16:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин бахсу манъкунихо моро кучо мебарад? Наход ба варта?
Посух додан
  • Devona

  • 4 апрел 2017 19:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ачмал,
Shumo hozir dar kujoed?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаро рохбари асосии Сомон Эйр хап аст? Доимо Вазорати наклиет аз номи Сомон Эйр гап мезанад. Кани як бор худашонро ба халк нишон диханд ва сабаби ин кадар кимат будани чиптаро фахмонанд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар ичозат медодан барои парвоз ширкати Ямал-ба конкуренцияи нагз мешуд ва нархи билет ба самти Русия арзон мешуд, мутаасифона дар ЧТ конкуренцияро 10 сол пеш кушта гур кардан, барои хамин касе чи кадар нархе ки хохад ба ашё, мол, махсулот ва хизматрасонихои худ мемонад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Пешинохи ачои дорам- ба Руссия ичозат диханд ки ба хатсайри Маскав Хоруг харчанде хоханд парвоз кунанд. Мо самолетро аз мохи октябр инчониб факат дар телевизор мебинем. Ягон самолети шалаки Точикэйр АН 28 валангор шуда мо мондаем. Е хатсайри Душанбе Хоругро ба Россия диханд ба ивази ягон чиз.
Ана пешниходи олимона.
Посух додан
  • Дилшод

  • 5 апрел 2017 12:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон, ваќти даќиќи манъи парвозњо кадом аст? Дар «Интерфакс» омадаааст: "начиная с 6 апреля 10:30 местного времени" Шумо мегўед, ќарори мазкур аз соати 10:30-и 5-уми апрел амалb хоњад шуд. Ман нафањмидам?

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!