Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 25 июн 2017, 20:39

Интиқоди Эътилоф аз дағалии милисаҳо ва дархост аз ҷабрдидаҳо

5 апрел 2017, 12:01

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷаи Тоҷикистон аз пароканда кардани иштирокдорону меҳмонони намоишгоҳи таҳсил дар Душанбе изҳори нигаронӣ кардааст.

Эътилоф бо такя ба иттилои Манзура Ҷӯраева, масъули “Мултикид”, созмони баргузоркунандаи намоишгоҳи таҳсил дар хориҷа, изҳор доштааст, ки намояндагони милиса хеле дағалона иштирокдоронро пароканда карда, аксу наворҳоро нобуд намудаанд.

Эътилоф дар хитоб ба шоҳидон ва ҷабрдидаҳо изҳор доштааст, тавассути шумораҳои 98 708 76 76 ва 98 787 66 66 муроҷиат намоянд, то нақзи ҳуқуқи иштирокдорони намоишгоҳ аз сӯи кормандони мақомот ҳуҷҷатгузорӣ шавад.

Намоишгоҳи мазкур 1-2 апрел дар ошёнаи дуюми бинои “Душанбе Плаза” дар назар буд. Дар пайи пароканда кардани намоишгоҳ Вазорати маориф ва илм изҳор дошт, “Мултикид” бидуни иҷозатнома ин иқдомро пеш гирифтааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ аз амали маъмурини милиса ҳимоят карда, гуфт, онҳо қонуншикание накардаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин Манзура Чураева гузаронд-ку!!!! Чаро бо Вазорат ин масъаларо хал накард? Бигузор нисбати у барои написандиаш нисбати Вазорати Маориф ва худсарона гузаронидани чунин маъракахо чорахои катъи андешида шавад!!!!
Посух додан
  • Виркан

  • 5 апрел 2017 16:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба фикрам ба наздики аз мухтарам вазири маориф ичозат мегирам, ки кадом китобро кай ва дар кучо хонам ва аз он кадом маъниро бардораму кадом маъниро на. Ин чи гуна кору бор аст, кани арзишхои озодиву демократи. Охир мултикид дар кайди вазорати адлия хаст ва барои фаъолияти самти маориф ичозат дорад, хамон ичозатнома кофи аст, бовар кунед садяки ин гуна бюрократизм дар замони шурави набуд.
Посух додан
  • Берти

  • 5 апрел 2017 19:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вазирон намехоханд чаавонон босавод шаванд аз бизнес мемонанд ва аз чои кор ронда мешаванд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!