Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 18 август 2017, 23:18

Зуҳуров дар бораи тағйири қонуни танзим: Айб дар қонун не, дар мусалмонии мост

5 апрел 2017, 12:44

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 5-уми апрел ба қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милллӣ тағйирот ворид кард.

Абдуҳалим Ғаффоров, вакили парлумон, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, аз 54 тағйироти пешниҳодшуда ба қонуни мазкур 30-тои он қабул шуд. Ӯ шарҳ дод, ки қаблан дар назар буд, вақт ва шеваи гузарондани баъзе маъракаҳоро тағйир диҳанд, аммо зимни баррасӣ ба хулосае омаданд, ки мардум ба муқаррароти феълӣ давоми 7 соли охир одат карданд ва зарурате ба иловаҳо нест. Ғаффоров гуфт, тағйироте, ки дар қонуни мазкур қабул шудаанд, ба мутобиқ гардондани он ба Конститутсия равона шудааст.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо зикри баъзе пешравиҳо дар мавриди танзими ҷашну маросимҳо изҳор дошт, ки ҳанӯз ҳам камбудиҳо зиёданд. Ӯ шарҳ дод, "камбудӣ на дар қонун, балки дар мусалмонию одамгарии мост". Ба гуфтаи Зуҳуров бархе қонунро риоя намекунанд ва бо ҳар шеваю тартиб талош доранд ба исрофкорӣ даст зананд, ки он берун аз имконоти аксари мардум дар кишвар аст.

Раиси Маҷлиси намояндагон хостори риояи бештари қонун дар бораи танзими ҷашну маросимҳо шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гизалабек

  • 5 апрел 2017 12:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумо масъалаи чои кор, маошу нафака, волияти конун, фасод, яъне он чизе ки мардумро ба ташвиш овардааст, барраси кунед. Ба ки лозим аст хамин конуни танзим?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кӣ риоя намекунад? Боз ҳамун вазирҳо ва кабирҳо!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Яъне Конуни мазкур то ба имруз ба Конститутция мутобик набуд?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гизалабек Рахмат бар ту бо чунин фахмишат, рост мегуи.
Посух додан
  • Тошпулод

  • 5 апрел 2017 15:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хучандихо бошанд ба дастархон гузоштани пиставу бодомро хам манъ кардаанд. Ана ин аст пешрави. Илтимос гузоштани меваро хам манъ кунед. Джо кимат шудааст меваги.
Посух додан
  • Точ

  • 5 апрел 2017 20:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ойо дар конститутсия конуни хешутаборбози хаст.

Мо надидем ки ягон мансабдор ин конунро риоя бикунад , конун барои камбагалон аст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!