Бахшҳо

Коршинос: Таблиғи расонаҳои тоҷик зидди ДИИШ муассир буд

Созмони International centre for counter terrorism (ICCT) ё худ Маркази байналмилалии мубориза бо терроризм ахиран таҳқиқотеро дар бораи маргталабони “Давлати исломӣ” (ДИ) нашр кард. Дар он гуфта мешавад, аз 3 ду ҳиссаи маргталабони ДИ тоҷикон будаанд. Бино бар таҳқиқот, аз 1 декабри соли 2015 то 30 ноябри соли 2016, 27 тоҷик ба хотири амалӣ кардани ҳадафҳои созмони террористии "Давлати исломӣ" худро қурбон кардаанд. Чӣ чиз боис шудааст, ки шумори маргталабони тоҷик дар сафи ДИ афзояд? Дар ин робита аз хабарнигори тоҷик Муъмин Аҳмадӣ, ки се сол аст, мавзӯи тундгароӣ ва терроризмро дар Тоҷикистон пайгирӣ мекунад, суҳбат намудем.


- Чӣ чиз боис шудааст, ки шумори маргталабони тоҷик дар сафи ДИ афзояд?

- Ростӣ, намедонам ин Марказ аз куҷо ин оморро гирифтааст, вале ман ба воқеияти он шубҳа дорам. Шубҳаи ман аз он нест, ки 27 тоҷик даст ба худкӯшӣ задааст, балки аз ҷойи аввал гирифтани тоҷикон дар ин рӯйхат аст. Се соле, ки ин мавзӯъро пайгирӣ дорам, воқеан наворҳои зиёди гурӯҳи худхондаи"Давлати исломӣ"-ро тамошо кардаам, ки дар он ҷавонони тоҷик қасди худкӯшӣ мекунанд. Аммо қабл аз ин ки ҳоло тоҷикон дар ҳамлаҳои интиҳорӣ бар асоси ин наворҳо навбат мепоиданд, уйғурҳои Чин ва қирғизу ӯзбекҳо даҳҳо ҳамла анҷом дода буданд. Аз мушоҳидаҳои ман агар ДИ як навори ҳамлаи интиҳорӣ бо иштироки тоҷикро нашр карда бошад, ду ва се навори амали интиҳории уйғуру қирғизу ӯзбекро нашр кардааст. Аз ин нуқтаи назар ба ҳеч ваҷҳ тоҷикон дар ҷои аввал нестанд. Аз сӯи дигар, он амалҳое, ки ДИ ҳамчун амали интиҳорӣ намоиш медиҳад, касе воқеияташро исбот карда наметавонад. Як ҳолатеро медонам, ки як тоҷикро ду бор дар ду ҳолат намоиш доданд, ки барои анҷоми амали интиҳорӣ меравад. Як бор рафт ва мошини савораш таркид ва пас аз соле боз он ҷавон пайдо шуд. Мешавад хулоса кард, ки ДИ гоҳҳо ба хотири тарғибот дурӯғбофӣ низ мекунад ва воқеият доштани видеоҳои нашркардаи онро наметавон санҷид. Агар мо амалҳои интиҳориро аз рӯи видеоҳои таблиғотии ДИ ҳисоб кунем (мутмаинам, ки International centre for counter terrorism (ICCT) аз ҳамон ҷо ҳисоб кардааст) пас шумораи тунисиҳо, уйғурҳо, қирғизҳо ва ӯзбекҳо аз тоҷикон ба маротиб бештаранд.

- Оё мешавад, афзудани маргталабони тоҷикро ба формондеҳ интихоб шудани сарҳанги пешини тоҷик - Гулмурод Ҳалимов рабт дод?

-Албатта, пайвастани Ҳалимов ба ДИ эҳсоси тоҷикони узви ин созмони ифротӣ таъсир расонд ва аз назарҳои онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва нашри наворҳо чунин ба назар мерасид, ки онҳо аз ин ба навъе фахр мекунанд. Чун бо пайвастани полковнкии ВКД онҳо намоиш доданд, ки бубинед, дар чӣ сатҳе мо тоҷикон ба ДИ меравем. Аммо амалҳои интиҳорӣ... Бубинед, ки дар ДИ як сохторе фаъол аст, ки махсус одамонро барои даст задан ба амалҳои интиҳорӣ омода мекунад. Амали интиҳорӣ дар ДИ ҳамчун амали ниҳоии як ҷиҳодӣ таблиғ мешавад. Ба ин хотир ҳатто аз як сол пеш ҷавонони ба истилоҳ сарсупурда ба ақоиди ДИ худашонро дар ин сохторе, ки ба анҷом додани амалҳои интиҳорӣ ҳаст, номнавис мекунанд. Онҳо омӯзиши хос мебинанд, мағзшӯи мешаванд. Кӯшиш мешавад, ки ин фидоӣ ин корро рафта анҷом диҳад ва дарк накунад, ки ин кораш як амали иштибоҳист. Баъдан, ин сохтор худаш интихоб мекунад, ки кадом фидоӣ бо кадом шаклу шева дар куҷо худашро битарконад: ё бо камарбанд дар миёни мардум, ё бо мошини пур аз маводи инфиҷорӣ дар пойгоҳҳои ҳарбии “душман”. Аз ин нуктаи назар, кам ё зиёд шудани шумораи интиҳориҳо ба Гулмурод Ҳалимов рабте надорад.

Омода кардани фидоӣ аз ҳисоби кишварҳои пасошӯравӣ бештар ба дӯши қафқозиҳо ҳаст. Онҳо шеваҳои интихоби худро доранд. Ҷавоне, ки дар ҷанги рӯ ба рӯ хеле фаъол аст, онро интихоб намекунанд. Таблиғгари хуб, ки метавонад, даҳҳо нафарро ба ДИ ҷалб кунад, бо вуҷуди хоҳишаш дар рӯйхати фидоиҳо шомил намешавад. Авлавият ба онҳое дода мешавад, ки ҳунари ҷангу таблиғро надоранд ва бояд як кори ба ақидаи худ “бузурге” анҷом диҳанд. Ҷараёни омода кардани фидоӣ пас аз номнавис шуданаш бештар аз ду моҳро дар бар мегирад. Ӯро бо тамоми ҳастӣ мағзшӯӣ мекунанд, ки ин амалашро олитарин кор қабул мекунад ва фикр мекунад, пас аз анҷоми ин кор мустақим ба биҳишт меравад. То рӯзи охир барои ӯ маъракаҳои хайрбодӣ миёни ҷиҳодиён омода мекунанд ва бо ӯ мисли қаҳрамон Худоҳофизӣ мекунанд ва аз ӯ дуо мегиранд. Ба ҳадде аз маргталаб қаҳрамон метарошанд, ки аксарият орзӯи мисли ӯ шуданро мекунад. Пас аз маргаш низ филми таъсирбахш мекунанд. Дар гумроҳ кардани ҷавонон аз шеваҳои хос ин созмон истифода мекунад. Аъзоёни ин созмон фикр мекунанд, ки воқеият ҳамин аст ва бо ҷаҳони берун иртиботашон аз ҳамин дидгоҳ аст.

- Шумо аз қавли як ҷангҷӯи тоҷик, ки пештар аз ДИ фирор карда, ба Тоҷикистон баргашта буд, гуфтед, эътибору нуфузи ҳар фармондеҳ вобаста ба шумори "шаҳид"-онаш аст. Оё мешавад гуфт, ки Гулмурод Ҳалимов ҳам барои нуфуз пайдо кардан ҳамсафонаш, - аз ҷумлаи тоҷиконро ба куштан додааст?

-Ҳарфи ин ҷиҳодӣ танҳо дар мавриди амироне буд, ки на бештар аз сад-ду сад нафарро таҳти назорат доранд. Ин ҳам танҳо дар як минтақаи хурди таҳти назорати ДИ буд. Аз сӯи дигар ин амал дар майдони ҷанг буд, на дар амалҳои интиҳорӣ. Он ҷавон воқеан, нақл карда буд, ки онҳо ба хотири обрӯи худ ҳатто аъзоёни худро бо дастони худ мекушанд, то обрӯяшон зиёд шавад. Яъне вонамуд кунанд, ки бубинед, мо аз ҳама бештар меҷангем ва аз ҳама бештар қурбонӣ дорем. Фикр мекунам, ин амалҳо то замоне буд, ки бо ин гурӯҳи тундрав муборизаҳо ҷиддӣ набуд. Онҳо аз пирӯзиҳои аввали худ мағрур шуда ба чунин корҳо даст мезаданд. Пас аз оне ки Русия ба Сурия ворид шуд ва Амрикову дигар кишварҳо ҷанг бо ДОИШ-ро ҷиддӣ гирфитанд, вазъ тағйир ёфт. Маҳз дар ҳамин давра бисёре аз ҷавонони тоҷик аз ДИИШ фирор карданд. Чун дакр карданд, ки ин на он ҷиҳодест, ки ба онҳо таблиғ мешуд.



- Шумо, ҳамчун хабарнигор ҳадди ақал се соли охир тамоми рӯйдодҳои марбут ба тундгароӣ ва терроризми Тоҷикистонро пайгирӣ мекунед. Ба назаратон, талошҳои мақомоти тоҷик барои пешгирӣ аз терроризм то чи ҳад самар дошт?

-Мақомоти Тоҷикистон дар чанд соли ахир талош карданд, то бо роҳи таблиғу ташвиқ ва ҳамчунин бо роҳи боздошту ба ҳабс андохтани ифротиён аз тундгароӣ ҷилавгирӣ кунанд. Ташвиқу тарғибҳо дар аксар маврид дар умум зидди ифротагроӣ чандон ҳадафмандона набуданд. Масалан, бештар бо баргузории конфронсу нишастҳо миёни донишҷӯён ва ё бо вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаҳои алоҳида иктифо мекарданд. Ин гурӯҳе, ки бо онҳо мулоқот мешуд, қишри осебпазир набуданд. Қишри осебпазир, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд, дар Русия қарор доранд. Аксари онҳо донишҷӯ ҳам нестанд ва дар чунин нишастҳо ҳузур пайдо намекарданд.

Барои таблиғ низ афроде ҷалб мешуданд, ки дар қиболи пайравони ақидаҳои ифротӣ ҳарфи арзишманд гуфта наметавонистанд. Бубинед, ки гурӯҳҳои ифротӣ барои ҷалби ҷавонон ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ аз тафсири чанд сураи мушаххас, мисли "Ат Тавба", "Муҳаммад", "Оли Имрон" истифода мекарданд. Онҳо ба тарзи худ ин сураҳоро тафсир ва рафтани ҷавононро ба ҷиҳод муҳим арзёбӣ мекарданд. Аммо боре дар ин тарғибҳо тафсири дурусти ин ояҳоро нашунидам, ки манзури Худованд дар ин сура на онест, ки ҳоло ифротиён ташвиқ мекунанд.

Боздошту ҳабси ифротиён як андоза натиҷа дод. Ин гурӯҳҳо дигар озодона дар хиёбонҳо ташвиқ намекарданд, афроди ба худашон номақбулро ба куфр муттаҳам намекарданд ва мисли масалан солҳои 2009-2012 дигар озодона дар бозорҳо ва масҷидҳо ақоиди худро таҳмил намекарданд. Ин натиҷаи боздошту зиндон буд. Лекин ақидаи ин афродро ин боздоштҳо натавонист дигар кунад. Танҳо онҳоро ба пинҳонкорӣ водор кард. Дар зиндон онҳо ба ҷои ислоҳ шудан баръакс дигаронро низ ба ақоиди худ моил мекунанд. Ҳоло зоҳиран, муҳит як андоза ором шудааст ва дигар хеле кам, ба гуфтаи мақомот, “афродеро бо ришҳои шубҳанок” ва намозхонӣ бо усули салафия метавон дид, вале вақте аз наздик сӯҳбат мекунӣ тағйири ҷиддие дар ақида нест.

Танҳо таблиғот алайҳи "Давлати исломӣ" (танҳо ДИ) дар расонаҳои давлатӣ ва мустақил як андоза созгор буд. Расонаҳои давлатӣ ва мустақил бевосита афродеро нишон медоданд, ки аз ДИ баргаштаанд. Воқеан, як андоза андешаи ҷавононро ин таблиғҳо ва шикастҳои ДИ дар Сурия ва Ироқ аз ин созмон дилсард кард. Пайвастани тоҷикон ба ин созмон воқеан камтар шуд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки то соле пеш аз ин созмон ба таври пинҳонӣ хеле пуштибонӣ мекарданд, ҳоло дида мешавад, ки дар мавриди ДИ назарҳо тағйир кардааст. Аммо ин ҳам маънои онро надорад, ки онҳо комилан аз ақоиди ифротӣ даст кашидаанд. Қисме аз гурӯҳҳои осбепазир ҳанӯз дар зеҳн андешаи тундгароӣ доранд, ҳарчанд, дигар ба ДИ эътимод камтар шудааст.

- Беҳтар аст, аз кадом шеваҳо барои пешгирии ин падида кор гирифт?

-Гурӯҳҳои тундгаро дар Тоҷикистон ба ду қисм ҷудо мешавад. Қисми аввал ба ҳадде мағзшӯӣ шудаанд, ки ислоҳ кардани онҳо кори як рӯзу ду рӯз нест. Дар миёни онҳо ҳатто афроди хатарноке низ ҳастанд, ки боздоштионҳо мантиқӣ ҳаст. Инҳо нафароне ҳастанд, ки бар асоси як қоида мағзшӯӣ шудаанд. Ин гурӯҳ ақидаи дигарро ба осонӣ наметавонад қабул кунад ва барои ҷамъияту давлат ҳар лаҳза метавонад хатар эҷод кунад. Вақте дар зиндон инҳо қарор мегиранд, он ҷо бо роҳи хеле хуб бо онҳо бояд кор кард. Он ҷо онҳо муттаҳаманд, вале барои ақидаашонро дигар кардан набояд бо онҳо ҳамчун як муттаҳам рафтор кард. Чун бо онҳо ҳамчун муттаҳам рафтор кунӣ, танҳо аз тарс метавонанд зоҳиран ақидаро қабул кунанд, вале ботинан ислоҳ намешаванд. Ин ҷо додандагони хуби исломро бояд сафарбар кард, то бар пояи фаҳмиши онҳо барояшон вориди гуфтугӯ шаванд.

Гурӯҳи дигар тоза ба ақидаҳои ифротӣ шинос аст ва ҳоло ба таври комил ин ақидаҳо дар зеҳнашон шакл нагирифтааст. Бо тарғиботи ҳамвазн бо онҳо метавон ақидаашонро дигар кард. Донандагони хуби исломро бояд барои онҳо сафарбар кард. Дар зеҳни онҳо кадом сураву ояи нодурустро ҷо додаанд, аз роҳи гуфтугӯ бояд ислоҳ кард.

Роҳи дигар ва аз ҳама муҳим ин аст, ки ин корҳоро дар минтақаҳои осебпазир ва барои гурӯҳи осбепазир роҳандозӣ бояд кард. Омилҳои авалияро боядпайдо кард, ки ин ҷавононро тундгаро кардааст. Фикр мекунам, омили аслие, ки ҷавононро тундгаро мекунад, ин ноумедӣ ҳаст. Ноумедӣ дар пайи бекорӣ, ноумедӣ дар пайи пеш омадани мушкилоти зиндагӣ. Вақте як ҷавон дар зиндагии ин дунёӣ ноумед аст, умедро дар зиндагии он дунёӣ ҷустуҷӯ мекунад. Гурӯҳҳои тундгаро онро зуд ба худ ҷалб мекунанд. Масалан, аксари ҷавононе, ки аз Русия ба ДИ пайвастанд, дар корашон мушкил доштанд ва то андозае зери таҳқиру сахтии кор ба истилоҳ ба ҷон расида буданд. Корашонро бархе аз даст дода буданд, бархеро фиреб карда буданд. Бархеи дигарро мехостанд аз Русия ихроҷ кунанд...ДИ онҳоро хеле осон ба сӯи худ кашид.

Нуктаҳои фаъолияти ин ҷавононро бояд пайдо кард, то бо онҳо кор бурда шавад. Ҳоло чун фаъолияти ошкори ин гурӯҳҳо зери назорат аст, онҳо бо ному насабҳои сохта дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъоланд ва ҳамарӯза даҳҳо назару видеову акс нашр мекунанд. Дар баробари онҳо бояд кор кард ва аз роҳҳое вориди гуфтугӯ шуд. Аз усулҳои зур кор гирифтан роҳи ҳал нест ва ин баръакс гурӯҳҳои ифротиро хатарноктар мекунад.

- Инъикос намудани мавзӯи ифротгароӣ ва тундгароӣ барои хабарнигорон чӣ хатару паёмадҳо дорад?

-Дар Тоҷикистон таҳдидҳои ошкору ниҳон аз ҷониби намояндагони гурӯҳҳои ифротӣ ба хабарнигорон вуҷуд дорад. Машғул шудан ба ин мавзуъ дар шароити Тоҷикистон ҳоло хатарноктар аз мавзуҳои дигар аст. Гурӯҳҳои тундрав, ба хусус ҷавонони тоҷики узви ДИ-ро бештар рафтани хабарнигорони тоҷик ба назди хонаводаи онҳо ва таҳияи гузориш аз рӯзгори онҳо асабонӣ мекунад. Таҳдидҳои видеоии онҳо борҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ унвонии хабарнигорон нашр шудааст. Сар аз Гулмурод Ҳалимов то оддитарин узви ДИ тариқи муроҷитаҳои видеоӣ хабарнигоронро таҳдид кардаанд.

- Ташаккур барои суҳбат!

Мусоҳибаи Ёқуби САИД

Ин мусоҳиба дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.
Мӯҳр
мудоҷир
Яъне бепул не????

Бахриддин
Як мусохибаи соз мекнен хамунам бо пули грант. И чи гапай охи?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)