Бахшҳо
05 апр 2017 17:18Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Мулоқоти вазирҳо бо хонандаҳо: Аз муноқишаҳои маргбор то бастани интернет-кафеҳо

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ ва Нуриддин Саид, вазири маорифи Тоҷикистон имрӯз, 5-уми апрел дар Душанбе бо хонандагони макотиби рақами 101, 54 ва 43-и ноҳияи Сино, ки муҳассилинаш дар муноқишаҳои қаблӣ иштирок доштаанд, мулоқот намуданд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ Раҳимзода дар хитоб ба хонандагон аз пешравиҳо дар соҳаи маориф зикр карда, афзудааст, “вале, дар ин радиф баъзе мактаббачагон ба амалҳои номатлуб даст мезананд, ки боиси ташвишу нигаронист. Ҳодисаи нангине, ки шаби 2-юм ба 3-юми январи соли равон рух дода, ҷони ду ҷавонро аз байн бурд, аз он шаҳодат медиҳад, ки баъзе мактаббачагон даст ба ҷиноят зада, ба падару модар, наздикону пайвандон ва мактабу муассисаи таълимӣ иснод меоранд”.

Ба ақидаи вазири умури дохилӣ агар ин наврасону ҷавонон китоб мутолиа намуда, аз панду андарзи бузургон огоҳ мебуданд, ба чунин амалҳои номатлуб даст намезаданд: “Аз таҳлилҳо бар меояд, ки бархе наврасону ҷавонон аз мадди назари волидайн дур монда, вақти худро дар марказҳои дилхушӣ, нуқтаҳои букмекерӣ ва интернет-кафеҳо гузаронида, ба бозиҳои хусусияти зӯроваридошта машғул шуда, даст ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят мезананд. Нисбати падару модароне, ки беэътиноӣ мекунанд, танҳо дар давоми соли 2016, 4 ҳазору 400 протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, волидайни ноболиғоне, ки даст ба ҳуқуқвайронкунӣ задаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд”.

Тибқи иттилои Рамазон Раҳимзода дар 2 моҳи сипаришуда 3 ҳазору 500 нафар ноболиғон аз марказҳои дилхушию букмекерӣ ва интернет-кафеҳо дастрас шуда, фаъолияти 72 марказҳои дилхушӣ манъ карда шудааст. Вазири умури дохилӣ дар хитоб ба хонандагон афзуд, “ҳамаи шумо истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе ҳастед. Душанбе ҳамчун пойтахт маркази тамаддун ва маърифат буда, шумо бояд маданияти шаҳрдориро дар сатҳи баланд риоя намоед. Наврасону ҷавонони дигар манотиқ бояд амалу кирдорҳои некро аз шумо омӯзанд”.

Ин дар ҳолест, ки 2-юми январи соли 2017, соати 22:00-и шаб ҷавонписарони маҳаллаи 103 ва 102-юми шаҳри Душанбе, ки миёнашон хонандагони макотиби 54-у 101 низ будаанд, миёни ҳам занозанӣ карданд. Дар натиҷа 2 нафар - Хоҷаев Иброҳим Ибодуллоевич соли таваллудаш 1998 ва Шарифов Сомон Шарофиддинович соли таваллудаш 1999 бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба ҳалокат расидаанд.


Мулоқоти вазирҳо бо хонандаҳо: Аз муноқишаҳои маргбор то бастани интернет-кафеҳо

Мулоқоти вазирҳо бо хонандаҳо: Аз муноқишаҳои маргбор то бастани интернет-кафеҳо

Мулоқоти вазирҳо бо хонандаҳо: Аз муноқишаҳои маргбор то бастани интернет-кафеҳо

Мулоқоти вазирҳо бо хонандаҳо: Аз муноқишаҳои маргбор то бастани интернет-кафеҳо
Мӯҳр
Беном
Давлат демократист чаро манъ мекунед?

Ин марказхоро тамоман манъ кардан даркор. Барои бизнеси ким-кихо ояндаи кудаконро догдор кардан лозим нест. Фикри миллат ва фарзандонро кунем.

Ман боре барои равон кардани як мактуби электронӣ ба интернет кафеи воқеъ дар рӯ барӯи бинои ТВ Сафина даромадам. Онҷо чанд ҷавон дар гӯшҳояшон наушник чи бозие мекарданд. Онҳо ба сари ҳамдигар чунон фарёд мезаданд, ки тоқат карда намешуд. Бачаҳо қариб буд, ки ба занозанӣ хезанд. Вале соҳиб ё пулчинаки онҷо хомӯшона онҳоро мушоҳида мекард. Ман ба худосае омадам, кт ҷавонон ана дар ҳамин ҷоҳо ҷоҳил ва бераҳм мешаванд, асабошон вайрон мешавад. Вале дар бисёр минтақаҳои Душанбе ин хел интернет кафеҳо махфиёна амал мекунанд. Аз будани онҳо нозирони милиса бахубӣ хабар доранд. Аз афти кор он нозирон "доля"гирифта сирро ошкор накарда мегарданд. Вазири ВКД бояд аввал ана ҳамон нозиронро аз гулӯнашон дорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)