Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 22 июн 2017, 21:33

Шоҳисломов гуфт, 250 соҳибкори узбакистонӣ ба Душанбе меояд

6 апрел 2017, 10:34

Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон гуфт, дар назар аст, ки моҳи равон ҳудуди 250 намояндаи доираҳои тиҷоратии Узбакистон аз Душанбе боздид кунад.

Тибқи иттилои Шоҳисломов сафари соҳибкорони Узбакистон дар доираи намоишгоҳи молҳои саноатии Узбакистон дар назар аст, ки аз 17 то 21 апрел дар маҷмааи тиҷоратии "Пойтахт 90" баргузор мешавад.

Ба гуфтаи сафир дар намоишгоҳ муаррифии беш аз 1,5 ҳазор намуди молҳои саноатии истеҳсоли Узбакистон пешбинӣ шудааст. Ӯ афзуд, дар доираи намоиши молҳо анҷумани соҳибкорони тоҷику узбак баргузор мегардад, ки дар он масъалаи ҳамкории ҷонибҳо баррасӣ хоҳад шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Рустами каримзод

  • 9 апрел 2017 21:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Икдоми нек барои сохибкорону точирони Точикистону Узбекистон! Бигзор хамеша дустиву рафокати ин ду кишвари дусту бародар човидона бимонад!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!