Бахшҳо
06 апр 2017 11:49Тоҷикистон / Сиёсат

Cафари ҳайати Тоҷикистон ба Маскав ва таъхири манъи парвозҳо

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳушдорашро, ки аз субҳи 6-уми апрел парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои “Уралские авиалинии” ва “ЮтЭйр”-ро ба Душанбею Хуҷанд манъ мекунад, то ҳол амалӣ накардааст.

Тибқи иттилои Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои мазкур тибқи реҷа идома дорад.

Дар шарҳи қазия аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки ҳанӯз посухи номаашонро аз Русия интизоранд. Ба иттилои манбаъ Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз Русия лағви маҳдудиятҳо барои парвозҳои “Сомон Эйр”-ро хоста, ҳушдор додааст, ки дар акси ҳол барои парвози ширкатҳои русӣ низ маҳдудият ворид мегардад.

Манбаъ афзуд, ки ҳайати Тоҷикистон барои гуфтушунид озими Маскав шудааст. Максим Соколов, вазири нақлиёти Русия 5-уми апрел дар суҳбат бо расонаҳо ҳайати Тоҷикистонро ба гуфтушунид даъват карда, таъкид намуд, ки манофеи ҷониби Русияро то охир ҳимоят хоҳад кард.

Русия аз 3-юми апрел 7 парвози “Сомон Эйр”-ро аз Душанбею Хуҷанд ба Маскав мамнуъ карда, онро ба иҷозат наёфтани ширкати “Ямал” барои парвозҳо ба Душанбею Хуҷанд рабт дод.

Роҳбарияти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳафтаи гузашта ба Вазорати нақлиёти Русия мактуб равон карда шуд, ки бояд ширкати «Ямал» ду бор ба фурудгоҳи Кӯлоб ва ду бор ба фурудгоҳи Қӯрғонтеппа парвозҳоро анҷом диҳад, аммо ҷониби Русия ин пешниҳодро ҷонибдорӣ накард: “Ба хотири халалдор насохтани муносибати дӯстонаи Тоҷикистон ва Русия Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ширкати «Ямал» иҷозат додааст, ки ҳафтае 2 бор ба фурудгоҳҳои Душанбе ва 2 бор ба фурудгоҳи Хуҷанд парвозҳоро анҷом диҳад. Аммо ҷониби Русия мехоҳад, ки дар як ҳафта 7 бор ширкати «Ямал» ва 7 бор ширкати «Уралские авиалиний» ба фурудгоҳҳои Хуҷанду Душанбе парвозҳоро анҷом диҳанд. Ин ба ягон қоидаи авиатсионӣ рост намеояд ва паритети (баробарии) парвозҳо риоя намегардад. Мо ягон банди Созишномаи ҳамкориҳои соҳаи ҳавопаймоии Тоҷикистону Русия ва қоидаҳои ИКАО- ро вайрон накардаем. Агар дар мавриди парвозҳо ба ҷониби Русия гузашт карда бошем ҳам, ба хотири ҳамкориҳои дерина ва муносиботи дӯстонаи кишварҳо аст”.

Аз Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт иттилоъ доданд, ки агар масъала ҳалли мусбии худро наёбад, мо ҳам маҷбур ҳастем, ки дар ин иртибот чораҷӯӣ намоем: “Яъне парвози ширкатҳои ҳавоии «Ют Эйр» ва «Уралские авиалиний» - ро ба Душанбе (4 парвоз) ва Хуҷанд (3 парвоз) боз дорем”. Аммо ҷониби Душанбе то ҳол аз манъи парвозҳои ширкатҳои русӣ худдорӣ кардаст.

Ба иттилои манбаъ созишномаи алоқаи ҳавоии Тоҷикистону Русия соли 1997 ба имзо расида буд, ки мутобиқи он бояд баробарии парвозҳо аз ҳар ду ҷониб риоя карда шавад: “ Аз таҳлилҳои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бармеояд, ки то ҳол дар як моҳ 63 фоизи парвозҳоро ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Русия ва танҳо 37 фоизро ширкатҳои Тоҷикистон ба Русия анҷом медиҳанд”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)