Бахшҳо
06 апр 2017 14:48Тоҷикистон / Сиёсат

Се муттаҳам: Гуноҳро зери қувваи барқ ба гардан гирифтем

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур парвандаи 3 муттаҳам дар нашъаҷалобиро ба баррасӣ гирифтааст, ки иддао доранд, кормандони милиса зери ҷараёни барқ онҳоро водор кардаанд, то гуноҳро ба гардан гиранд.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ иттилоъ додааст, ки Сайфиддин Исломов, падари қурбонии эҳтимолии шиканҷа Ҷонибек Сайфиддинов, ки ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир айбдор мешавад, ба ин созмон муроҷиат карда, хостори кӯмак шудааст: “Аз рӯи ин парванда боз ду нафари дигар айбдор мешаванд”.

Адвокати Эътилоф Гулчеҳра Холматова, ки ба айбдоршавандаҳо хизмати ҳуқуқӣ мерасонад, иттилоъ дод, ки 2-юми феврали имсол дар ноҳияи Ёвон ҳангоми истифодаи маводи нашъадори ҳашиш яке аз айбдоршавандаҳо - Ёсин Меликов боздошт карда шуд: “Дар ду рӯзи баъд ду нафари дигар - Насим Кукиев ва Ҷонибек Сайфиддинов боздошт гардиданд”.

«Ҳамаи се нафар дар суд амалан ҳолати якхелаи боздошташонро нақл карданд, ки чи тавр чор нафар дар либоси мулкӣ (баъдтар мефаҳманд, ки онҳо кормандони ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансур будаанд) бе нишон додани ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияташон бо тундӣ онҳоро ба мошин шинонда, ба ҳуҷрае воқеъ дар ошёнаи 3-юми бинои ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мебаранд. Онҳо нақл карданд, ки чи тавр бо мақсади гирифтани нишондоди иқроршавӣ дар содир кардани ҷиноят бо дасту пой ба ишкамашон заданд ва дар ангуштонашон қувваи барқ монданд. Меликов ва Кукиев дарди заҳматоварро тоқат накарда, ба содир намудани ҷиноят иқрор кардаанд»,- зикр намуд адвокат.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ бо ишора ба нақзи ҷиддии меъёрҳо ҳангоми боздошти нафарони номбаршуда ёдовар мешавад, ки мувофиқи Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ, ягон кас набояд ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона гирифтор карда шавад. Мурофиаи судии навбатӣ аз рӯи ин парванда 7-уми апрели соли 2017, соати 14:00 дар бинои Суди ноҳияи Шоҳмансур баргузор мегардад.
Мӯҳр
мебахшен ки адреси Этилоф зидди шиканчаро дар точикистоа метияд е ягон номери телефон дорад.илтимос ёри дихед.рахмат.

ватандуст
(барои Орифшо)Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ тел:+992987087676

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)