Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 май 2017, 02:58

“Суғдсинамо” филмҳояшро дар “Қалъаи Хуҷанд” ройгон намоиш медиҳад

10 апрел 2017, 14:41

Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов давоми як ҳафта филмҳои таҳиякардаашро дар фазои боз ройгон ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд намоиш медиҳад.

Бино ба иттилои масъулини “Суғдсинамо”, намоиши филмҳо имрӯз дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”-и маркази вилоят шурӯъ гардида, то 16 апрел идома меёбад. Манбаъ афзуд, давоми як ҳафта сокинон ва меҳмонони Хуҷандшаҳр метавонанд филмҳои "Ормонҳо", "Паймон", "Коса", "Духтари Сайҳун" ва "12 соли интизорӣ"-ро тамошо намоянд.

"Суғдсинамо" ду соли пеш таъсис ёфта ва раҳбарии онро Муҳиддини Музаффар, яке аз коргардонҳои ҷавон ва муваффақи тоҷик бар уҳда дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!