Бахшҳо

Чаро мансабдорони душаҳрвандидор фош намешаванд?

Иршод Сулаймонӣ

Тағйироти ахир дар мавриди афроди душаҳрвандидор (ё дутобеиятӣ) ба Қонуни Асосии кишвар ва бар пайи он ба қонунгузорӣ дар фазои иттилоотӣ бидуни ҳеч кадом тафсилоту тавзеҳоте сурат гирифту мегирад. Ҳол он ки мавзуъ аз масъалаҳои бисёр меҳварӣ барои суботу амният ва манофеи миллии ҳар кишвар дониста мешавад. Барои Тоҷикистон ҳам ин мавзуъ бояд хеле муҳим бошад, хусусан дар шароите, ки гуфтугуҳои ғайрирасмӣ дар мавриди мансабдорони сатҳи баланди давлатӣ зиёд аст ва гуфта мешавад, ки аксари онҳо шаҳрвандии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русияро доранд. Дар кишварҳои дигар замоне ки ин ва ё он чеҳра ба мансабе таъин ва ё пешниҳод мешаванд, дар баробари дигар ҷанбаҳои шахсиятияшон масъалаи доштан ва надоштани шаҳрвандии кишвари дигар низ матраҳ мешавад. Аммо дар Тоҷикистон то кунун мо шоҳид нашудаем, ки мансабдоре барои доштани шаҳрвандии кишвари дигар барканор шуда бошад ё номзадии нафаре ба ин хотир пас гардонда шуда бошад. Ҳатто дар Афғонистони ҳамсояи мо баъди интихоботи ахир барои интисоби кобинаи нав ин масъала яке аз қазияҳои пурҳангомаву ҷанҷолбарангезе шуд. Ин ҳам дар Афғонистоне, ки дар назари мо як кишвари бебандубору ҷангсолор аст.

Шояд баъди хондани муқаддимаи ин матлаб дар зеҳнҳо ин пиндор халқ шавад, ки “дар мо чунин душаҳрвандидорон нестанд барои ҳамин расонаӣ намешаванд”. Агар масъала ба ҳамин содагӣ бошад пиндори ҳосилшуда дуруст аст, вале дақиқан чунин нест.

Ҳарчанд мо иттилои расмиву тадқиқшудае дар даст надорем, вале аз гуфтугузорҳое, ки миёни қишрҳои ҷиддиву муҳтарами ҷомеа дар ин замина вуҷуд дорад, мешавад эътимод намуд, ки ин ҳарфҳо дурӯғ нестанд. Хусусан замоне ки дар давру бари баъзе мансабдорон сару садоҳо зиёд шуд, хабарҳо расиданд, ки яке шаҳрванди Чек (Чехия) будаву дигаре аз Русия. Инчунин мо ҳамагон шоҳидем, ки шумори зиёде аз кормандони собиқи мақомоти қудратии кишвар ҳамин ки бознишаста шуданд, дар фурсати хеле кутоҳе аз Русия шаҳрвандӣ дарёфт мекунанду ҳуқуқи бознишастагӣ (нафақа) мегиранд. Оё ин ҳама ҷойи нигаронӣ надорад? Инҳо бар ивази чӣ хидмате шаҳрванд мешаванду маош дарёфт мекунанд? Фикр мекунам қазия ба содагие нест, ки мо мепиндорем ва набояд ҳамин гуна “бе сару садо” вогузор шавад.

Албатта, раиси Маҷлиси намояндагон дар порлумон аз муовини вазири адлия пурсид, ки оё ҳоло чунин мансабдоронро дорем ва муовини вазир гуфт, ки аз ин ба баъд таҳқиқ мекунем ва мушаххас мекунем, ки дорем ё надорем. То ин замон қонунгузории Тоҷикистон доштани тебияти кишвари дигарро манъ намекард. Вале наздик ба як сол мешавад, ки қонун дигар иҷоза намедиҳад то кормандони ниҳодҳои низомиву интизомӣ ва хидматчиёни давлатӣ тебеияти кишвари дигарро дошта бошанд. Аммо дар тайи ин сол ҳам мо шоҳид нашудем, ки дар расонаҳо хабаре мунташир шуда бошад.

Дар кишвар мо, ки аз тамоми ниҳодҳову донишгоҳу академияву телевизиону мансабдорон ҳарфу садои худшиносиву ватандӯстӣ берун меояд, вале боз ҳам шаҳрвандонамон барои дарёфти шаҳрвандии Русия тӯй барпо мекунанд. Ин ҷост, ки бояд даст аз киса баргирифту ба пешонӣ андохт!

Оё мо шоҳид мешуда бошем, ки ниҳодҳои зидахли кишвар ному ҳувияти чанде аз ин гуна мансабдронро дар ихтиёри расонаҳо бигузоранд ва дар ин росто садоқати давлатро ба қонуни пазируфташуда рӯнамоӣ кунанд.
Мӯҳр
НА ФАҚАТ МАНСАБДОРОНИ ДОРОИ ДУШАҲРВАНДӢ БАЛКИ ЖУРНАЛИСТОН ВА МУҲАРРИРУ САРМУҲАРРИРОНИ ДУШАҲРВАНД ЗАРАР ДОРАД.

Манижа
Админ Озодагона в Таджикистане запустили новый новостной сайт зайди и посмотри какие у них сегодняшний рейтинги. Ваш сайт отдыхает ! ))

Доштани ду шахрванди ягон бадие надорад. Ин хамааш аз кам будани нафака ва набудани чандин "льгот"-хо мебошад. Мисол, баъди таваллуди 3 фарзанд " материнская помощь" дар хачми ним миллион рубль медиханд, ерии як маротибави барои хар як нафари оила - 3500 рубль, духтур, мактаб, тахсил дар донишкадахо - бепул. Чавонони то 35 сола хукуки дар навбат истодан ва гирифтани хонара доранд. Ва дар нихоят, нафакаи баландтар. Агар хамаи инро Точикистон ба мардумаш медод, ягон кас шахрвандии Россияро намегирифт...

Аксиома
Устод Сулаймони мисли маколахои каблиаш мавзуи барои халку ватан актуалиро мавриди бараси карор додааст. Бояд гуфт ки нафарони дорои душахрванди мехохед намехохед мачбур дар холатхои зарури чосуси мекунанд ва манфиати россияро химоя ташвик менамоянд дар акси хол нафакашонро кать мекунанд ва барои хамин мунтазам ба назди хочагон хисоботдихи мераванд. Бе сабаб халк намегуяд ки дахони хурда шарманда. Як тикка нони коки ватан аз Россия баланд аст.

Россия он кадар давлати абаркудрат аст, ки мухточи аз мардуми мо фахмидани сирре нест. Максади додани ду шахрванди он аст, ки хар сол ахолии Руссия кам гашта истодааст. Барои пешгирии ин Россия мардуми дигар кишвархои собик Шуравиро ба шахрванди кабул карда истодааст. Шумо, чихо мегуед??? Кадом сирри давлати???? Нахандонед мардумро....

Серега
Ректорони баъзе донишгоххои маъруфро санчед, баъд мефахмед ки душахрвандиро чи гуна истифода мекунанд.

Беном,
Шояд баъзе тавзеҳоти шумо дуруст бошад. Вале ин чӣ маъние дорад, шаҳрвандии Русияро аз Тоҷикистон афзал донию боз ҳам дар Тоҷикистон зиндагӣ кунӣ. Ман ки шаҳрванди Русия шавам, комилан аз Тоҷикистон даст мекашам. Кӯчу бандамро гирифта меравам. Россия онқадар галӯ шудааст, ба касони дар Тоҷикистон зиндагӣ кардаистода беғараз наақаву имтиёзҳо диҳад.
Оё шумо медонед, ки дар ҷанги Русия бо Гурҷистон, маҳз ҳифзи амнияти шаҳрвандони хешро баҳона карда, Русия тарафи Осетияи Шимолиро гирифт. Маълум шуд, ки мардуми Осетияи Шимолӣ сад фоиз шиносномаи русӣ доштаанд. Осетияи Шимолӣ бошад бахши қаламрави Гурҷистон аст. Акнун ОШ худро аз Гурҷистон ҷудо карда, таҳти ҳимояи Русия қарор дорад. Ин амали шум ба Бадахшони Кӯҳии Тоҷикистон низ таҳдид дорад....

Беном,
Русия онқадар абарқудрате нест, ки шумо тасаввур мекунед. Бо ҳамаи бузургии қаламрав ва ҳангу мангаш вай 2 фоиз иқтисоди ҷаҳонро ташкил мекунад, танҳо Амрико бошад 35 фоизро. Ин таҳлили мутахассисони Русия аст. Бузургии Русия дар тиру туфангу ракетаҳояш аст. Он давлат ҳатто як мошин ё телевизори дуруст сохта наметавонад.
Ба наздики дар ҳафтаномаи АиФ мақолаи таҳлилиеро хондам. Дар баробари дигар ҳангомаҳо он таҳлилгари рус менависад: "Для нормального развития России вокруг неё должны вращаться астероиды." Шумо агар русиро фаҳмед, бояд дарк кунед, ки ин чӣ маъно дорад. Яъне инки , Русия бе давлатчаҳои парвона дар атрофи худ дуруст тараққӣ карда наметавонад. Ҳамин аст, ки аз дур шудани ҳар як давлатчаи собиқ Шӯравӣ Русия девона мешавад ва сал таънаву санги дасисаро ба сари он давлат мезанад. Монанди Ураина, Гурҷистон ва давлатҳои назди Болтик.

Ба Юсуф!!! Агар шумо ба суханони як нафар журналисте, ки Руссияро танкид кардааст, бовар кунед, ман дигар гап надорам. Якумаш ин ки ман шахрванди Руссия нестам. Дуюмаш ин, ки аз бузургии Руссия тамоми чахон имрузхо дар хавфанд. Интихоботи Амрикоро бинед, ки то имруз бахсхои зиедро пеш оварда истодааст. Давлатхои Аврупо, ки ин кадар тахримхоро чори мекунанд, аммо ягон коре карда наметавонанд. Он чизхоеро, ки шумо аз бозор мехаред, хатман истехсоли Россияро интихоб мекунед, на Хитойро. Хавопаймои ТУ -154 истехсоли Руссия, ки имрузхо онро бархам додаанд, дар як соат 950 км парвоз мекунад, Боинг бошад дар як соат 750 км. Ба космос якумин маротиба шахрванди Руссия парвоз кард, автомати Калашниковро дар Руссия ихтирлъ кардаанд, ки то Холо касе амсоли онро наметавонад барорад!!! Метавонем сахифахоро пур кунем бо овардани чунин мисолхо. Бехтараш " китоб хондан даркор аст"!!!!

Ба Юсуф!!! Агар Шумо иктисодиети Амрикоро тахлил кардани бошед, фаромуш накунед, ки карзи берунаи Амрико аз дигар кишвархои чахон 19,5 трлн. долларро ташкил медихад. Аз Руссия бошад 518,661 млрд. доллар аст!!!

Да номум чи кор дори
Кормандони МВД - ро чуед, меёбед.

Горец
"Русский снег всегда теплый". Ёсир Арафот

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)