Бахшҳо
10 апр 2017 16:20Тоҷикистон / Иқтисодӣ

100 доллар = 892 сомонӣ...

Қурби доллари амрикоӣ дар бозори нақди Тоҷикистон имрӯз, 10 апрел ба тавре рекордӣ боло рафт.

Дар бархе овезаҳои мубодилаи асъор дар Саховат арзиши 1 доллар 8.92 сомонӣ (барои фурӯш 8.97) нишон дода шудааст. Дар қиёс ба аввали моҳи ҷорӣ он 52 сомонӣ бештар мебошад.

Арзиши 1000 рубли русӣ 152 ва 100 евро 920 сомониро ташкил медиҳад. Болоравии арзиши доллар дар ҳолест, ки якуми апрел дар овезаҳои бонкҳои тиҷоратӣ қурби як доллар 8,34-8,35 сомонӣ, қурби 1000 рубл 147-149 сомонӣ ва як евро 8,65-8,73 сомонӣ муқаррар шуда буд.

То ба 8,92 сомонӣ боло рафтани як доллари амрикоӣ дар ҳолест, ки ду рӯз қабл Бонки миллии Тоҷикистон аз кулли шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидор даъват намуд, ба ҳаргуна овозаҳо бовар накарда, дар мубодилаи маблағҳои пулиашон ба саросемагӣ роҳ надиҳанд. Ин ниҳод дар иттилоияи расмие гуфт, ташкилотҳои қарзӣ вазифадор шудаанд маблағҳои нақдии аз аҳолӣ харидашударо, ҳатман ба худи аҳолӣ мубодила карда, бо истифода аз тамоми имкониятҳо ҳаҷми фурӯши асъори хориҷии нақдро аз ҳисоби худ зиёд намоянд: “Айни замон, ташкилотҳои қарзӣ бояд барои муайян ва баҳисобгирии шахсони воқеие, ки мунтазам асъори нақдро бо мақсади гирифтани даромади ҳаннотӣ харидорӣ менамоянд, чораҳои зарурӣ андешида, фурӯши нақдинаро ба онҳо манъ намоянд”.

Бонки миллӣ сабаби болоравии долларро шарҳ дод

Мӯҳр
Такси
Як хафта пеш 350 доллар дакор шидакма мурдм ай кофтана наефтм. Ба як азоб ай даст 930 сомони грифтм

Саид
Озодагон рахмат ба шумо ки хабархои хуб медихед аммо вале лекин долар имруз 910 сом буд .

х,аннот
х,еч, гап не, 900 иваз мекунем, бо хуб...

Doro
Ha ha ha Bonki milli ma ba khitob nakarda budum ki QURBI AS"ORRO BOZOR muayan mekunad!!!!!!
KHITOBI DIGAR!!!!! QURBI AS"OR to mohi iyun 1000 ro ubur mekunad!!!!!!!!

Кушед оташи хурдро, пеш аз газанд !
Ки гети бисузад, чу гардад баланд !

Офарин ба кормандони Бонки милли. Ба ваъдаи корманди БМ ба воситаи телевизион курби долар мувакати гуфта шуда буд, ва ба гуфтаи У курб паст мешуд аммо мутасифона баръакс шуда истодааст. Ба ин хел кормандони пешкадам бояд ифтихорномаи фахрии бонки дода шавад. ОФАРИН.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)