Бахшҳо

Сухангӯи Вазорати дифоъ: Агар Ҳалимов воқеан бемор бошад, аз артиш озод мешавад

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, аз қазияи Сайёд Ҳалимов, як сокини шаҳри Ҳисор огоҳ аст ва онро пайгирӣ мекунад. Наздикони Ҳалимов иддао доранд, ӯ бемор аст ва кормандони Комиссариати ҳарбӣ бо зӯр вайро ба артиш ҷалб карданианд.

Бадриддин Сафаралиев, бародарзодаи Сайёд душанбеи 11 апрел дар як тамоси телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, кормандони комиссариати ноҳияи Ҳисор ба манзили онҳо омада, писари бародари марҳумашро, ки бемор аст, бо худ бурдаанд. Вай афзуд, “ду сол пеш ҳам ӯро дошта оварда буданд. Мо гуфтем, ки ин касал аст, аммо гӯш накарданд. Санҷиши тиббӣ бемор будани ӯро собит кард ва барояш билети ҳарбии “ноқобил” доданд”.

Сафаралиев мегӯяд, аммо ин навбат духтур хулоса додааст, ки Сайёд сиҳат аст ва баъди чанд соат ӯро аз Комиссариати Ҳисор ба Душанбе овардаанд: “Ӯ як одами бемор аст. Дасташ низ хуб нест, чанд маротиба шикаста аст”.

Дар ҳамин ҳол, Фаридун Маҳмадалиев имрӯз, 12 апрел ба “Озодагон” гуфт, агар дар пайи ташхиси табибон собит шавад, ки ӯ воқеан бемор аст, аз хизмат озод мешавад. Вай афзуд, баъзе бемориҳо табобатшаванда ҳастанд ва баъди сиҳат ёфтан ҷавон дубора ба артиш даъват мешавад: “Вале агар даъватшанда нобино, ношунаво бошад, як гурда надошта бошад ва ба амсоли ин бемориҳои табобатнашаванда гирифтор бошад, аз хизмат пурра озод мегардад”.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати дифоъ, бар асоси муқаррарот кормандони комисариат аз ҳудуди комиссарият намебароянд. Даъватномаро намояндаҳои ҷамоат, маҳалла бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба мунзили даъватшавандаҳо мебаранд ва шаҳрванд ҳуқуқи ба тағйир андохтани онро надорад: “Шаҳрванд баъди гирифтани даъватнома бояд ба комиссия ҳозир шавад. Баъди даъват намудан, якбора ба хизмат намебаранд, аввал муоина мекунанд, аз ташхис мегузаронанд, комиссияи даъватӣ бо ӯ суҳбат мекунад ва дар сурати қобили хизмат набудан дар асоси қарори раиси комиссияи даъватӣ ба табобат фиристода мешавад ва ё бо дарназардошти вазъи саломатӣ пурра аз уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ озод мегардад”.

Бадриддин Сафаралиев мегӯяд, ки бародарзодааш Сайёд Ҳалимов ягона саробони оилаашон мебошад. “На падар дорад ва на модар. Се фарзанд ҳастанд, ки онҳоро ӯ бо бибияш нигоҳубин мекунанд. Падараш соли 1998 аз олам гузашт ва модараш онҳоро партофта рафтааст. Дигар касе надоранд”,-таъкид намуд ӯ.

Дар акс: Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳисор
Мӯҳр
махмудчон
вайени билете ки дода буданд комисар гирифт ва ба мо надод.Чиханам хам бемори бавосир ки чан бор чарохи шуда буд.ва боз ин ки дасти чапаш чандбор шикастааст ва дасташ качила аст .бозами ин гушхояш ношунавост.

Кахрамон модар
Барои хакикати кор ки нисбати набераам нохаки ва конун шикани аз тарафи кормандони харби Ш.Хисор шуда гузашт ман шикоят ба Чаноби Оли Пракратураи генерали ва Созмони Милали Мутахад Хукуки Башар .ва дигар созмонхои ки хукуки маро дасгири менамоянд шикоят менамоям.Зеро ин ки набераам вайни
Билет дошт ва У ро нишон додам то ки намераамро ки бемор буд чавоб диханд аммо вакте аз дастам гирифтанд дигар дар дастам надоданд..

старшина
ба фикрам военный билетатон ягон дард дорад...

Махмудчон
Ба сухангуи Вазорати Дифоь Фаридун Махмадалиев бемор дасти росташ шикастаги ва кач аст хурок бо дасти чап мехурад .Кобиляти шунавоиш кам аст.Ва боз касали Паракратит дорад ки дар холати кори вазбин ва корхои чисмони чои дард зардоб гирифта аз рох гаштан мемонад.

Бадриддин
дасти рости бародарзодаам вакте мешиканад кампирхо шикаста банд мебанданд ва дасташ рост нест то хол хурокашро бо дасти чап мехурад .ва дигар беморихои табобат нашаванда дорад ки то хол табобат нашудааст.намедонам чи хел духтурони камисариати харби ки чанд сол пеш бемориашро дида буданду хулосаи худро бароварда буданд.Имруз боз хулосаи дигар мебароранд.

э мардум чаро тухмат мекунед кормандони комисариат аз худуди он берун набаромадаанд онхо аз он чо мегузаштанд ки ин чавон ба онхо сахт часпидааст ки маро ба хизмат баред кормандони бечора чи кадар талош карданд амо аз ин чавон халос хурда натавонистанд ва ноилоч хамрохашон бурданд

Darvesh
...Дар ҳамин ҳол, Фаридун Маҳмадалиев имрӯз, 12 апрел ба “Озодагон” гуфт, агар дар пайи ташхиси табибон собит шавад, ки ӯ воқеан бемор аст, аз хизмат озод мешавад. Вай афзуд, баъзе бемориҳо табобатшаванда ҳастанд ва баъди сиҳат ёфтан ҷавон дубора ба артиш даъват мешавад: “Вале агар даъватшанда нобино, ношунаво бошад, як гурда надошта бошад ва ба амсоли ин бемориҳои табобатнашаванда гирифтор бошад, аз хизмат пурра озод мегардад”.
MUHTARAM Фаридун Маҳмадалиев Baze kasalijoe hastand ki dar injo shumo nombar nakrded I kasalihoe ki SHumo nombar karded in qatra az daryo ast.... Iltimos hama holathoi Tibbiro az khud namuda bad sukhani khudro idoma dihed!!!

Бадриддин
чун имруз дубора барои аник намудани вазьи саломати Сайод уро ба камисариати ш.Хисор оварданд .Боз конун шикани Сайед солим аст дубора рои намуданд.Вакте бо камисар сухбат намудам камисар мегуяд ки ман У ро солим нагуфтам духтур гуфт агар сайед солим бошад пас шахси бемор дар ш.Хисор нест.Чун аз вайени билеташ пурсидам комисар мегуяд ки ман вайени билеташро надодам кадом камисаре додааст бо хамон сухбат намоед .

расия
озодагон чаро камтаяхи хакро чоп намекуни

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)