Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 22 август 2017, 19:53

ВКД: Ду мудир аз корхонаи нафт 180099 литр маводи сӯхтро рабудаанд

12 апрел 2017, 08:35

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Ваҳдат хабар медиҳад, ки дар азхудкунӣ ё исрофкорӣ муттаҳам мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, ин марди 52-сола аз моҳи феврали соли 2014 то моҳи феврали соли 2017 дар вазифаи мудири анбори корхонаи нафтие дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият намуда, бо маслиҳати пешакӣ бо мудири нуқтаи фурӯши сӯзишвории корхона, сокини 31-солаи ноҳияи Рӯдакӣ аз анбори корхонаи мазкур 161 ҳазору 424 литр сӯзишвории бензин ва 18 ҳазору 675 литр сӯзишвории дизелиро ба маблағи умумии 695 ҳазору 783 сомонӣ азони худ намудаанд: “Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти ҳодиса давом дорад”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!