Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 май 2017, 02:50

Дустӣ: Зан навзодашро 6 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст

12 апрел 2017, 09:24

Кормандони пулис як cокини 35-солаи ноҳияи Дӯстиро барои фурӯхтани тифлаш боздошт кардаанд.

Торнамои расмии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон менависад, чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян кардааст, ки ин зан 31 марти соли 2017 дар таваллудхонаи ноҳияи Дӯстӣ духтарча таваллуд карда, баъди гузоштани ном ва дарёфти шаҳодатнома дар бораи таваллуд ӯро ба марди 27-солаи сокини ноҳия ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст. Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда тифлашро бо маслиҳати марди 34-сола ва зани 41-сола, ҳар ду сокинони ноҳияи Дӯстӣ савдо кардааст. “Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”,-меафзояд манбаъ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!