Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 май 2017, 02:50

Беш аз 100 нафар муддаии курсии раёсатҷумҳурӣ дар Эрон. Аҳмадинажод ҳам ҳаст...

12 апрел 2017, 14:25

Миёни беш аз сад нафаре, ки муддаии курсии раисҷумҳурӣ дар Эрон шудаанд, Маҳмуди Аҳмадинажод, президенти пешини ин давлати исломӣ ҳам ҳаст.

Ҷараёни сабти номи муддаиён аллакай шурӯъ шуда, то 15 апрел идома мекунад. Шӯрои нигаҳбон аз 16 апрел ба санҷиши номзадҳои сабтиномшуда оғоз мекунад. Феҳрасти ниҳоиро Вазорати умури дохилӣ 26-27 апрел эълон хоҳад кард.

Бино ба иттилои расонаҳо миёни муддаиён афроди касбу кори гуногун ҳастанд, шурӯъ аз муҳофизон, бародарони дугоник то раисҷумҳури пешин. Синни ҷавонтарин номзад ба 27 мерасад. Маҳмуди Аҳмадинажод соли 2005 раисҷумҳури Эрон интихоб шуд ва то соли 2013 ин курсиро дар ихтиёр дошт.

Интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Эрон 19 май баргузор мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!