Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 22 август 2017, 19:55

«Бо ҳам»: Филми мустанади муштаракоти фарҳангиву иқтисодии Тоҷикистону Эрон

12 апрел 2017, 15:52

Дар Эрон филми мустанаде бо номи “Бо ҳам” дар мавриди муштаракоти фарҳангиву иқтисодии Тоҷикистону Эрон сохта шудааст, ки дар назар аст рӯзҳои наздик намоиш дода шавад. Ин мустанадро Миҷгон Сайёдӣ ва ҳамсари фақидаш Муртазо Нидоӣ дар соли 2012 мелодӣ ба навор гирифтаанд ва хонум Сайёдӣ гуфтааст, ки онҳо ба навъе талош кардаанд то муштаракоти фарҳангиву иқтисодии Эрон ва Тоҷикистонро ба тасвир бикашанд.

Хабаргузории “Меҳр” иттилоъ додааст, ки ин мустанад ин ҳафта дар “Синамои ҳақиқат” пахш мешавад. Гуфта мешавад, ки дар ин мустанад ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар риштаҳои зикршуда пардохта мешавад ва ҳадафи он “эҷоди ваҳдат ва дӯстии Эрону Тоҷикистон” мебошад.

Хонум Сайёдӣ гуфтааст, ки сохтори филм бар асоси пардохтан ба пешина ва таърихи муштараки ду кишвар ва равобити сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии то ба имрӯзи Эрон ва Тоҷикистон шакл гирифта ва дар ин меҳвар аст.

Ба гуфтаи хонуми Саёдӣ: “дар тӯли филм бо се гурӯҳ аз эрониёне, ки аз солҳо пеш дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд ҳамроҳ мешавем ва бо онҳо дар бораи фаъолиятҳои муштаракшон бо тоҷикистониҳо ва таъсироте, ки ин фаъолиятҳо бар дӯстии ду миллат гузошта, гуфтугӯ мекунем”.

Ба гуфтаи коргардони мустанад дар ин филм дар мавриди пизишкони бемористони “Ибни Сино”-и Душанбе, муваффақиятҳои як тоҷири иронӣ дар Корхонаи шири Душанбе, муҳандисони ширкати “Фароб” дар Қӯрғонтеппа ва дигар ҷанбаҳои ҳамкории Тоҷикистону Эрон суҳбат шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!