Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 22 июн 2017, 21:33

Сипосномаи Русия ба мушовири Президент

13 апрел 2017, 09:14

Русия бо ирсоли як нома ба Зафар Сайидзода, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робитаҳои хориҷӣ барои нашри китоб дар мавриди таърихи Русия изҳори сипос кардааст.

Тибқи иттилоияи расмӣ Сайидзода китобро зери унвони «История России: учебное пособие для таджикских трудовых мигрантов»-«Таърихи Русия: китоби дарсӣ барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик»-ро таҳия кардааст.

Манбаъ мегӯяд, китоби мазкур соли равон дар матбааи «Контраст»-и шаҳри Душанбе нашр гардида, таърихи Русияро то давраи пасошӯравӣ фаро мегирад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз мост, ки бар мост! Магар муҳоҷири меҳнатӣ бояд таърихи Русияро донад? Агар он муҳоҷирон таърихи Русия медонистанд, яъне то дараҷае дониши сиёсӣ медоштанд, магар ба муҳоҷирати меҳнатӣ маҳз ба Русия мерафтанд? Зеро бештари мардикорон дуруст хондаву нависта наметавонанд! Хуб, ин ҳангомаро як су гузорем. Пас чаро Зафар Саидов барои русзабонҳои муқими Тоҷикистон "Истори Таджикистана для русских" ё "Забони тоҷикӣ барои русҳо" наменависад? Русҳои Тоҷикистон таърихи мо он тараф истад, забони давлатиро намедонанд ва омӯхтан ҳам намехоҳанд! Мо бошем ин далелро солҳо боз нодида мегирему ҳар чӣ рус гӯяд лаббайк мегӯем. Он чӣ Зафар навистааст пирӯзӣ нест, балки тамаллуқ аст.
Посух додан
  • Muhojir

  • 13 апрел 2017 11:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Юсуф,
sad dar sad hamifikratam.
Посух додан
  • Огоҳ

  • 13 апрел 2017 15:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Юсуф,
Беҳтарин суханон!
Чаро акси он сипоснома нест? Он номаро на ҳукумати Россия ва на ҳатто вазорати корҳои хориҷии он давлат фиристодааст. Аз тарафи дигар айб аст ки раҳматномаи шояд кадом кафедараи як донишгоҳро сархати хабарҳои давлатӣ ( Ховар ) созед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Юсуф,
Ахсан ба Шумо бародар Юсуф воқеан марди миллати тоҷик ҳастед Шумо, русҳоро аз таърихи тоҷикон бохабар кард, на тоҷиконра аз таърихи рус муҳтарам МУШОВИР
Посух додан
  • Яькуб

  • 13 апрел 2017 18:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин бародар Юсуф. Миллати чафокашида ва мухочири бекорро набояд манкурт кард. Точик бо таьрихи кадимии халки худро хуб бояд бидонад ва ифтихори миллиашро дар пеши дигар миллатхо намоиш дихад. Путинро бубинед рубоийоти Хайомро кироат мекунад ва койил мешавад. Ин суханони худи Путин дар конфронси матбуоти бо ширкати хазорон рузноманигорони дохиливу хоричи садо дод ва ман ба хайси як точик кайф карда будам. Максад нест бод чоплуси.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!