Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июл 2017, 09:38

Муроҷиати як модар: Ёрӣ диҳед, то фарзандам аз мактаб намонад

13 апрел 2017, 11:11

Як сокини шаҳри Душанбе аз сокинони саховатманди кишвар хоҳиш дорад, ба қадри имкон барои пешбурди зиндагиаш ба ӯ ёрӣ бидиҳанд.

Гулсара Қосимова, сокини ноҳияи Синои пойтахт мегӯяд, як сол қабл шавҳараш дар пайи бемории тӯлонӣ даргузашт ва ҳоло бо се тифли ноболиғ танҳо мондааст. Хонум Қосимова, ки ба дафтари “Озодагон” омад, изҳор дошт, шавҳараш ба бемории дилу гурда мубтало буд ва дар 37-солагӣ вафот кард: “Як гyрдааш хушк шуда, гурдаи дигараш бо тавоноии 20 дарсад кор мекард. Бародараш розӣ шуд, ки як гурдаашро ба шавҳарам бидиҳад, аммо ин кумак накард”.

Вай гуфт, тамоми дороиҳояшро барои табобат ва ҷарроҳии шавҳараш харҷ намуданд, вале баъди чанд моҳ вай даргузашт: “Қарздор ҳам шудем, ҳоло намедонам, фарзандонро чӣ хел ба воя бирасонам. Ба кумаку дастгирии ҳамватанони саховатманд ниёз дорам. Барои мани танҳою
бесарпаноҳ ёрии худро дареғ надоред”.

Ба гуфтаи Гулсара Қосимова бо маблағи ҷамъшуда мехоҳад масрафоти таҳсили фарзандашро пардозад ва инчунин дар назди манзилаш як мизи фурӯши маводи ғизоӣ боз кунад, то дар оянда тавонад мустақилона рӯзгорашро пеш барад.

ШУМОРАИ ТАМОС БАРОИ ЁРӢ БА ИН МОДАРИ ТАНҲО: 900 80 25 04, 915 23 19 32

Муроҷиати як модар: Ёрӣ диҳед, то фарзандам аз мактаб намонад


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аллоҳ ба он хоҳар кӯмак кунад. Дигар сарфу харҷро як сӯ гузоред, масрафи худи мактабҳо як балои азим шудааст. Вазиру вазорат як чиз мегӯянд, мактабҳо дигар чиз. Гӯё барои онҳо вазир вуҷуд надорад. Ҳамин чанд рӯз пеш интервюи вазир Нуриддин Саидов дар Озодагон чоп шуда буд. Ӯ қайд карда буд, ки ҳар гуна пули ремонти мактабу дигар намуди маблағҳо ҷамъ кардан қатъиян манъ аст. Вале дирӯз духтарчаи синфи 6 ман (литсеи 55 Душанбе) омада, мегӯяд "муаллима гуфт фонди синфа 10 сомонӣ биёред." Аз ин рӯ мушкилоти он хонумро мефаҳмам. Аслан, барои кӯмаки ин гӯна оилаҳо бояд давлат як барномаи махсус дошта бошад. Зеро шахсони алоҳида ин ҳолро зуд фаромӯш мекунанд.
Посух додан
  • Берти

  • 13 апрел 2017 14:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ахволи модари точикро бубинен огои президент. Мисли ин модар хазоронанд.
Посух додан
  • АМ

  • 13 апрел 2017 15:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кумак расонидан ба шахси ниёзманд беҳтарин савоб мешавад
Посух додан
  • Дарвеш

  • 13 апрел 2017 18:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э Худованди бузург кош маблаге медоштам хочатхои ин Модарро бароварда мекардам кучоед мардони бо нангу номуси Ислом....

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!