Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июл 2017, 09:38

Тоҷикистон ба сегонаи кишварҳое роҳ ёфт, ки дар бахши туризм пешрафт доранд

13 апрел 2017, 14:10

Дар раддабандии рақобатпазирӣ дар бахши туризм Тоҷикистон мавқеи 107-ро муаррифӣ мекунад.

Ин раддабандиро, ки 136 кишварро дар бар мегирад, Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ таҳия кардааст.

Тоҷикистон аз 7 имтиёзи мумкин 3,2 балл гирифтааст. Давоми ду соли ахир кишвари мо аз ҷойи 119 ба зинаи 107 поин шудааст. Ба иттилои ca-news, нишондоди беҳтарин – 5,7 имтиёз-ро Тоҷикистон дар бахши “Амният” ва “Сиҳатӣ ва тозагӣ” ба даст овардааст. Нишондиҳандаи бади кишвар “Захоири фарҳангӣ ва сафарҳои тиҷорӣ” (1,3 балл), “Инфрасохтори бахши ҷаҳонгардӣ” (2,3 балл) мебошад.

Тоҷикистон ба кишварҳое ворид шудааст, ки давоми як сол ҷаҳиши беҳтарин дар бахши туризм доштаанд. Дар ин зина Тоҷикистон баъд аз Ҷопону Озарбойҷон севвум аст.

Бар асоси раддабандии рақобатпазирӣ дар бахши туризм Русия дар ҷойи 43, Қазоқистон 81 ва Қирғизистон дар зинаи 115-анд. Исми Узбакистон дар ин рейтинг нест.

Пештози раддабандӣ Испания мебошад. Фаронса дуввум ва Олмон сеюманд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Туроператор

  • 13 апрел 2017 15:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Статистикаи кумитаи туризм дар бораи адади туристон дуруғи маҳз аст. Дар ҷамъ ба Тоҷикистон нисбат ба чор соли пешин туристо кам шуда бурафтос. Ҳар ки Тоҷикистон омаданӣ бошад, аввал визая бояд гирад. Лекин сафоратони Тоҷикистон виза наметиян. Аз любой туристи меомадагиш пурсед, ки визаи Тоҷикистон чанд гирифтос.
Посух додан
  • Кулоби

  • 13 апрел 2017 20:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аввал ба Точики гап задану навиштанро ед Гир Рафик туроператор .Агар саводу донишатон хамихел башад вой бар Холи саехон .

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!