Бахшҳо

Хонанда: Раиси шаҳр барои фаҳмидани вазъи мусофиркашонӣ бояд савори автобуси №8 шавад

Як хонанда пешниҳод кардааст, шаҳрдори нави пойтахт барои ошноӣ бо вазъияти нақлиёти мусофирбари Душанбе савори автобусҳо шавад, аммо ба гунае, ки ӯро нашносанд.

Юсуф ин пешниҳодро зери хабари рӯзи гузаштаи “Озодагон”, ки зери унвони “Насиҳати Р.Эмомалӣ ба ронандаҳои автобусҳои 90 000 $-ӣ” нашр шуд, ироа кардааст.

Вай менависад, Рустами Эмомалӣ либосҳои оддӣ пӯшида, дар чашм айнаки сиёҳ, худаш дар автобусу троллейбусҳои шаҳр сафар кунад: “Як нафар муҳофиз дошта бошад бас. Махсусан, дар хатсайри автобуси рақами 8 (Фурудгоҳ-Зарафшон). Сипас мебинад, ки аҳвол чӣ хел аст. Бояд қайд кунам, ки дар замонҳои қадим шоҳон ҳамин хел карда, сайру гашт мекарданд. Махсусан, халифа Ҳорун ар-Рашид”.

Пешниҳоди Юсуф дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар рӯзи 15 феврали соли равон ҳангоми мулоқот бо мақомот ва фаъолони шаҳри Душанбе дар хитоб ба писараш – Рустами Эмомалӣ аз ӯ хост бо мардум наздик бошад, дағалӣ накунад, нархҳоро арзон намуда, мушкили нақлиётро ҳал намояд.

Дар ҳамин ҳол, ахиран шаҳрдории Душанбе аз Туркия 40 мусофиркаши тамғаи “Isuzu” харидорӣ кард, ки арзиши яктои он ҳудуди 90 ҳазор доллари амрикоӣ гуфта мешавад. Қарор аст ин автобусҳо дар Рӯзи пойтахт – 15 апрел дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба ҳаркат оғоз кунанд. Мушкили мусофиркашонӣ даҳсолаҳост, ки аз мушкилиҳои асосии пойтахти Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Рустами Эмомалӣ 12 январ ба ҷойи Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид.

Мӯҳр
Ба фикри ман моххои аввал зури ягонтааш намерасад барои ба тартиб овардани автобусхо барои он ки бехад мафия вазини дар ин самт бояд автобазаро аз каловури дар то заправчику директор иваз кард барои он ки вакте ки ронанд сахар кати мебарояд кор аз киссаи худаш аз духтур то дигару дигараш 20 то 30 с доля медихад ва пурра сузишвори намегирад на камаш аз 5 то 20 л менависан имзо мекуни дигвр рох надори хамин шабу руз шуда истодааст рафикхоям кор карда истодаанд.Ва бояд .1.кондукторонро аз байн бурд.
2.Ронандагон бояд танхо дар истгохо ман кунанд.

Бисёр пешниходи хуб ман Каме илова мекунам:
Масалан мешавад, ки либосхои одди ришу калуч пушида, худро ба мисли дигар чавонхои камбагал санчад, ки тарзи чунин зиндаги чигуна аст. На факат дар автобусхои нав, балки дар бозорхо донишгоху мактабхо, мадрасаю масочид. Суду прокурорхо, зиндону боздоштгоху отделхо ва корхои дохили санчаду бубинад, ки чи гуна бархурд мекунанд, ва фахмида метавонад, ки чи касоне хоинонанд, ки гунахгор асту ки махкумшуда, ки аз боварии Раисчумхур истифода мекунад, ва ки аз Хукумати имруза душман метарошад, ва миллатро бо хукумат душман мекунад. Хеле маслихати муфид аслан тамоми империяхо дар замони таназул ва муковиммати мардуми месанчиданд, ки чи бедодгари бар сари мардум аст, то мардум чунин ба чон омадаанд. Хич вакт Хуком ва рохбарон худ мардумро зиндону катлу нобуд намекарданд. Аз тамоми таьрих санчида баромада мешуд сабаби чунин таназул як фиркае буданд, ки махсус барои аз байн бурдан ва нобудии хукумат истифода мекарданд. Агар санчад якинан чунин дардхоро меёбад. 1) Чаро ифротиён ба ном "зиёданд".?
2) Чаро зиндониён зиёданд?
3) Чаро камбагалон зиёданд?
4) Чаро мухочирон зиёданд?
5) Чаро бесаводон зиёданд?
6) Чаро Корупционерон зиёданд?
7) Чаро Чарохои бепоёнеро меёбем.
Шояд замоне расида, ки барои ободии кишвар гунахгорони вокеиро пайдо кунем ва мардуми камбагале, ки пул надоштанд то худро аз зиндонхо начот тиянд бахшему авф кунем ва чояшонро бо хоинон пур кунем бо мусодираи амвол.???

Р.Эмомали як руз ба шуъбаи шиносномадихии Сино 1 биеяд! Навбат аз соати 6- субх сар мешавад ва дар куча давом медихад... Дар хама чо соати кори аз 8-00 то 17-00 бошад, дар ин чо аз соати 9-00 то 16-00. Хар як уток медарои "доля " медихи. Мисол, барои ба кайд мондан -10 сомон, барои расм гирифтани шиноснома 20 сомони, гайр аз оне ки дар бонк чекро супоридаи.

э мардум! Хамаша хуб медонад ки чи вазъиятаст дар шахр.

али
Икдоми шахрдори хеле хуб ва кобили дастгирист. Бисёр мехостам аз хамшахриёни азиз хохиш кунам, ки дар автобусхои нав хамчун бо моликияти шахсии худ муносибат намоянд, эхтиёт кунанд, хат накашед, нанависед, хамон 90хазор долларе харидори шудааст пули хар кадоми мост, пас он моликияти мо аст, мо аз он бояд самаранок истифода барем
Нуктаи назари хонанда низ кобили дастгирист, он метавонад хеле бехбудихоро дар хаёти мардуми мо ворид кунад. Боварии мардумро хукумати худ мустахкам намояд. Ин методи тачрибашудааст. Аз ин бояд истифода кунанд, метавон дар шакли нав бо камерахои махсус, ки аз дуртар бо мошинхо назорат мекунанд. Ба хама барор мехохам.

ФИГРИ ХУБ ПЕШНИХОД КАРДАЙ БОЯД РУСТАМ ХУДАШ БО ЧАШМОНАШ БУБИНАД

Асалому алейкум ,Банда бо хамаи шахсоне,ки инчо фикру акидахои худро баён кардаанд хамфикрам.
Алалхусус бо Адл ,бисёр дуруст гуфтед макомот медонанд ,ки мардум бо чи мушкилихо руз мегузаронанд .

Сорбон
Дар хакикат бояд хамин хел бошад, подшох ва ё шахрдори дар байни мардум бигардад ва ахволро бо чашми сар бубинад. Тавре дар гузаштахо чунин будааст. Шахсан Исмоили Сомони дар маркази бозори шахри Бухоро хозир шуда шахсан худаш арзи мардумро мешунидааст. Дар замони Империяи Усмони низ хамин гна будааст. Подшох бо либосхои одди дар кучаву бозорр гашта бо мардум доир ба вазъи давлаташ пурсон мешудааст. Аз баски он вактхо тв набудааст ки чехрахои шохонро намоиш диханд мардум камтар мешинохтандашон. Хозир Рустами Эмомали бояд худро тамоман дигар кунад то нашиносандаш, зеро мардум чехраи уро мешиносанд. Так что пешниходи хуб...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)