Бахшҳо
14 апр 2017 09:40Тоҷикистон / Тема дня

Сафири собиқи Фаронса: Барои иҷораи Фурудгоҳи Душанбе маблағе намепардохтем

Клод Бланшмэзон, сафири собиқи Фаронса дар Тоҷикистон гуфт, кишвараш солҳои 2000-ум бар ивази иҷораи фурудгоҳи Душанбе барои тайёраҳои ҷангандаву ҳамлу нақлгараш маблағе намепардохт.

Бланшмэзон, ки барои таҷлил аз 25-солагии равобити Душанбеву Париж ба Тоҷикистон омадааст, дар як ҳамоише шоми рӯзи гузашта изҳор дошт, бар асоси созишномаи байни Душанбеву Париж ҷониби Фаронса бар ивази иҷораи қисмате аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва ташкили пойгоҳи логистикӣ бояд нишастгоҳҳои фурудгоҳро бозсозӣ ва терминали наве бунёд мекард, ки анҷом дод.

Ӯ афзуд, ҳамчунин дар доираи ин созишнома бозомӯзии афсарони тоҷик дар Фаронса дар назар гирифта шуда буд, ки то кунун идома дорад ва ҳоло ҳам чанде аз афсарони тоҷик дар Фаронса ба давраҳои омӯзишӣ фаро гирифта шудаанд.

Ба гуфтаи сафири собиқи Фаронса равобити Тоҷикистону Фаронса аз ҳамкориҳои низомӣ оғоз шуд ва ин ҳамкорӣ эътимоди баландеро дар ҳамкории ду кишвар бунёд гузошт.

Ба қавли Клод Бланшмэзон, Тоҷикистон барои Иттиҳоди Аврупо аҳамияти вижае дорад, зеро ҳамсояи Чин мебошад: “Оғози кори мо дар Тоҷикистон, ки ман сафири ғайримуқимӣ будам бисёр хуб буд. Ман дар Душанбе бо супориши роҳбарияти Фаронса бо баъзе аз чеҳраҳои сиёсии вақти Афғонистон, аз ҷумла вазири вақти ҳукумати ин кишвар Абдуллоҳ Абдуллоҳ вохӯриҳо карда будам. Баъди ҳодисаҳои 11-уми сентябри соли 2001 дар ИМА ва шурӯи ҷанг алайҳи терроризм дар Афғонистон Тоҷикистон аз шарикони муҳими низомии мо дар минтақа буд ва мо дар Фурудгоҳи Душанбе то соли 2013 пойгоҳи логистикие доштем”.

Клод Бланшмэзон ба идомаи равобити Тоҷикистону Фаронса изҳори бовар кард ва гуфт, оғози ин ҳамкориҳо дар сатҳи бисёр баланд буд ва идомааш ҳам бояд бисёр хуб бошад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)