Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 27 июн 2017, 05:11

Музокирот дар масъалаи “таниши ҳавоӣ” барои 10 рӯз мутавақиф шуд

14 апрел 2017, 10:38

Музокироти Тоҷикистону Русия дар масъалаи парвози ҳавопаймоҳо баъди 10 рӯз аз сар гирифта мешавад.

Ҷониби Русия гуфтааст, ин танаффус бо пешниҳоди Душанбе эълон шуд. Ба иттилои расонаҳои русӣ, интизор меравад, ҳайатҳои ду кишвар рӯзи 22 апрел дубора сари мизи музокирот биншинанд. Ин дар ҳолест, ки ахиран ҳайати расмии Тоҷикистон барои баррасии масъалаи парвозҳо ба Русия рафт, аммо ҷонибҳо ба тавофуқ нарасиданд.

Сарчашмаи “таниши ҳавоӣ” миёни Тоҷикистону Русия баҳси парвозҳои ширкати русии “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский”-и вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд аст. Ҷониби Тоҷикистон пешниҳоди Русияро дар мавриди 7 парвози “Ямал” дар як ҳафта хилофи муқарарроти баробарӣ медонад. Ба дунболи печида шудани ин масъала, Русия парвози ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр”-ро манъ кард ва дар ҷавоб Тоҷикистон ҳушдор дод, ҷавоби ҳамсон мегардонад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!