Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 май 2017, 02:52

Русия: Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо шиносномаи тақаллубӣ

14 апрел 2017, 12:02

Пулиси Санкт-Петербург аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо шиносномаи қалбакӣ хабар медиҳад.

Оҷонсии федеролии хабарҳо (Федеральное агентство новостей) бо такя ба манобеш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯяд, боздошти ин муҳоҷир дар пайи таҳқиқи ашхосе сурат гирифтааст, ки дар робита ба даст доштан дар амали терористии Метрои Питер гумонбар мешаванд.

“Кормандони пулис маълум кардаанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон Қурбонов С. соли таваллудаш 1993 барои истифода дар қаламрави Русия асноди тақаллубӣ ба даст овардааст, ки миёнашон шиносномаи шаҳрванди Қирғизистон бо ному насаби нафари дигар, корти муҳоҷират будааст. Худи Қурбонов ҷои мушаххаси зиндагӣ ва кор надорад”
,-менависад манбаъ.

3 апрел дар қатори метро миёни истгоҳҳои “Сенная площадь” ва “Технологический институт” дар истгоҳи “Петроградская” инфиҷор ба вуқӯъ пайваст, ки дар пайи он 14 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 40 тани дигар ҷароҳат бардошт. Мақомот Акбарҷон Ҷалилов, як зодаи Қирғизистон ва шаҳрванди Русияро масъули ин бомбгузорӣ гуфт. Ба дунбол чанд зодаи Осиёи Марказӣ бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо Ҷалилов дастгир шуданд, ки миёнашон Содиқ Ортиқов, шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон ҳам ҳаст. Аммо Ортиқов изҳор доштааст, ки гуноҳе надорад ва бо Акбарҷон Ҷалилов низ ҳеч иртиботе надорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!