Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 22 июл 2017, 07:41

ВКД қасди худкушии Шарипов дар назди шаҳрдориро шарҳ дод

15 апрел 2017, 08:52

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон қасди худкушии як сокини шаҳри Душанбе, падари се фарзандро дар назди бинои шаҳрдории пойтахт шарҳ дод.

Тибқи иттилоияи ин ниҳод 11-уми апрел тахминан соати 16-30 Шарипов Ҳикматулло Неъматович, соли таваллудаш 29-уми марти 1980, ҳангоми гузаштан аз назди бинои Ҳокимияти иҷроияи шаҳри Душанбе қисми пеши гарданашро бурида, дар беморхонаи марказии шаҳраки тиббӣ бистарӣ гаштааст: “Маълум гардид, ки Шарипов бинобар муноқишаҳои доимӣ соли 2014 бо се фарзанд аз ҳамсараш Муминова Шаҳноза ҷудо шуда, бо сохторҳои давлатӣ мунтазам муроҷиат кардааст”.

ВКД мегӯяд, Шарипов қаблан дар пайи муноқишаҳои оилавӣ бо модарарусаш Улматова Эътибор, хонаи ӯро оташ зада, бо моддаи 255-и Кодекси ҷиноӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст: “ Бинобар дар ҳолати руҳии носолим қарор доштанаш кӯшиши ба худкушӣ даст задан намуд, ҳоло бошад дар беморхона дар ҳолати муътадил қарор дорад”.

Мақомоти умури дохилӣ рабт доштани қазияро ба манъи ҳаракати “таксиҳои 3-сомонӣ” рад карда, афзуданд, ки прокуратураи Душанбе феълан аз рӯи ин ҳодиса санҷиш гузаронида истодааст: “Ҳодисаи рухдода аз рӯи ахбороти паҳншуда ба ронандаи таксӣ ягон алоқамандӣ надорад”.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ нашр гардид, ки падари се фарзанд, ки бо рондани таксиҳои сесомонӣ рӯзгорашро пеш мебурд, дар пайи бархӯрди дурушти масъулини шаҳрдорӣ дар пеши бинои он гулӯяшро буридааст. Гуфта мешуд, ки мошини ин ронандаро мусодира кардаанд ва ба шикояташ дар шаҳрдорию дигар мақомот касе расидагӣ накардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон! Хамаи мо шохиди он хастем, ки Раиси шахри Душанбе аз рузи аввали кориаш танхо ба корхои хайр ва ободи даст зад. Ман ягон шахси мансабдор е наздикони онхо нестам. Танхо хакикатро мегуям. Як маротиба ба кучахои Пойтахт бароед, чи кадар зебост.... Мардум аз тахти дил обод карда истодаанд. То хакикатро аник накунед, хар чизи нолозимаро чоп накунед!!! Дар хамаи чомеа чунин нафарони " ношукр" хастанд, ки ба онхо бояд ахамият надихед. Овардани автобусхоро ба худкушии ин " бе падар" рабт надихед. Охир то кай мо айби худро аз дигарон мечуем? Амният - аз хама чизи мухим аст, ки онро ба мо Худованд хеле фаровон ато кардааст. Масъалаи бекори дар тамоми чахон аст, лекин ин рохи худкуши нест!!!!
Посух додан
  • Точ

  • 15 апрел 2017 10:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вой бар шумо ватандорон.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом ба озодагон барои чи хабар нокарда хамаи таксиёра ред карданд ва бурдан махкам кардан мардума бе ягон асос мошинхояшонро махкам кардан 3 руз манъ кардан ва бад чарима карданду озод кардан бисёр нохаки карданд дар хаки таксиё
Посух додан
  • карим

  • 15 апрел 2017 13:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар мошинша нагирифта боше чува дарпеши бинойи хукумати шахр гарданша буридай? Агар проблемайи хонавода мешид ё девона мешид дахонаш ё дар дигачо икора мекад?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дигар гап набуд касалии "Рухи"??? :):):):):):)
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
анааа хакрову адолатро талаб кунед касали рухи мешед!!!..аз ноадолативу чабр даст ба этироз занед игвогару чангчу мегуянд..эвойеее замин сахту осмон баланд!!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Лекин аз аввал хамин казия ачиб менамуд: Чаро як нафар барои таксирони шуда худашро кушад?!. Ин варианти пешниходшуда мантиктар менамояд: Шояд сабаби асоси мушкилии дигари зиндаги аз аввал вучуд доштааст ва баъд ин кори таксигари хам зам шудаасту инсон бардошт накардааст. Ё шояд ин провокатсия бошад?! Худо худаш медонад.... Ба хар хол чони инсон дар хатар буд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!