Бахшҳо
17 апр 2017 11:27Тоҷикистон / Акс / Видео

Гузориши “Озодагон” аз вазъи сокиноне, ки дар масҷид зиндагӣ мекунанд (АКСУ ВИДЕО)

Сокинони ду маҳаллаи шаҳраки Обигарм, ки дар пайи резиши ярч хонаҳояшон тахриб шуда, ҳоло дар масҷид зиндагӣ доранд, мегӯянд, касе ҳоли онҳоро намепурсад.

Маҳаллаҳои “Бустонсаро” ва “Олим Карим” аз 15 рӯзи пеш маҷбур ба тарки манзилҳояшон шудаанд ва бештари онҳо ҳоло дар масҷид ва қисме дар хонаи хешу табор сукунат доранд. Хабарнигори “Озодагон” ба назди онҳо рафт ва бо вазъи зиндагиашон шинос шуд. Норинисо Баҳодурова, сокини маҳаллаи “Олим Карим” гуфт, 3 апрел вақте ярч фаромад, аз хонаҳо берун шуда, ҳамроҳи кӯдакони хурдсол 7 соат зери борон дар рӯйи теппаҳо қарор доштанд. “Раиси ҳукумат зуд ба маҳалли ҳодиса расид ва дастур дод, ки онҳоеро ки хонаашон зарар дидааст, дар масҷид ҷой кунед. Инак 15 рӯз мешавад, ки дар масҷид ҳастем. Инҷо 24 хоҷагӣ ҳаст, ки ҳар кадомаш 2-3 келинӣ ва 4-5 кӯдакӣ доранд”,-изҳор дошт ӯ.

Хонум Баҳодурова афзуд, дар ин муддат раиси ҳукумат як бор ва раиси ҷамоат ду маротиба омада ҳоли онҳоро мушоҳида карданд. Рӯзи аввал як намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода низ ҳузур пайдо кард, аммо то ҳол ҳеч ёрие дарёфт накардаанд: “Рӯзҳои аввал фикр мекардем, ки раҳбарияти олии кишвар, ки ҳамеша ба мардуми манотиқи офатзада кумак мекунад, ба мо ҳам ёрӣ медиҳад. Аммо ним моҳ гузашт, ягон кумак нест. Шояд онҳо аз мушкили мо огаҳ нестанд?”

Ин сокини муваққатии масҷид мегӯяд, ду писараш дар сохтмони неругоҳи Роғун кор мекунанд ва вақте шабона бармегарданд, ҷойе барои хушк намудани либосҳои онҳо ва ҷойе барои таҳияи ғизояшон намеёбад: “Ман ба 57 даромадам. Дар ин муддат 3 бор аст, ки куч дар пушт аз ин ҷо ба онҷо мегардем. Хоҳиши мо ин аст ки дар ягон маҳалли ҳамвору амн барои мо қитъаи замин ҷудо шавад, то инҳама ранҷҳоро поён ёбанд”.

Адолат Асоева, ки дар маҳаллаи “Бустонсаро” иҷора менишаст, мегӯяд, офати табиӣ аз ҳама бештар ба ӯ хисорот овард. Ба гуфтаи вай тамоми захираи хурокворӣ ва умуман ҳар чизе ки дошт, зери об монд: “Як гурумбос шуд ва саросема фарзандҳоямро гирифта аз хона берун шудем. Дигар чизеро намедонам”.

Хонум Асоева афзуд, бо чор кӯдаки мактабхонаш саргардонаст: “Шароити дарсравию дарстаёркунӣ надоранд. Намедонам то кай ин аҳвол идома мекунад”.

Сабрӣ Муҳаммадиева, сокини дигари зарардидаи шаҳраки Обигарм мегӯяд, раиси ҳукумат дарди дили онҳоро намешунавад ва ба мушкилашон расидагӣ намекунад: “Фарзандонам дар хонаи модарам ҳастанд. Мо се оила дар як манзил зиндагӣ мекунем”.

Ӯ гуфт, вақте замини манзилашон оҳиста оҳиста ба ҷарӣ мерафт ва таҳдиди хароб шудани хонаашон зиёд шуд, се маротиба барои дарёфти қитъаи замин ариза навиштанд, аммо ин дархосташон беҷавоб монд: “То кай дар хонаи додару бародар зиндагӣ мекунӣ? Онҳо ҳам чанд оила ҳастан ва онҳо ҳам зиндагӣ доранд”.

Масъулини шаҳри Роғун ба аҳолии маҳаллаи “Бӯстон”, ки баъди офати табиӣ ҳоло касе онҷо зиндагӣ намекунад, гуфтаанд, ин макон ҷойи истироҳат буд, на маҳалли маскунӣ. Дар ҳамин ҳол, Мавҷигул Бобиева, як сокини маҳалла гуфт, аз соли 2004 инҷо зиндагӣ дорад ва манзилашро бо нархи гарон харида буд: “Агар иҷоза намешуд, аз аввал бояд намефурӯхтанд. Барқ намедоданд. То имрӯз барқ дода ва маблағи онро гирифтанд. Андози замину хонаҳоро гирифтанд, имрӯз омада мегӯянд, онҷо барои зиндагии доимӣ набуд”.

Асомиддин Сафоев, раиси маҳаллаи “Олим Карим”, ки ба гуфтаи сокинони зарардида ним моҳ аст, ки онҳоро аз ҳисоби худ бо ғизо таъмин мекунад, гуфт, рӯзи аввали ҳодиса намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ваъда супурд, ки ба мардум кумак мекунанд: “Аммо то ҳол аз кумак хабаре нест. 15 рӯз мешавад ягон кас ба доди инҳо намерасад”.

Сокинони зарардида мегӯянд, рӯзи 12 апрел назди бинои ҳукумати шаҳр рафтаанд. Масъулини ҳукумат ба онҳо ваъда додаанд, ки баъди имзои фармон ба онҳо аз маҳаллаи “Ёри ҷавонӣ” ба андозаи 4 сотихӣ замин ва 3 ҳазор сомонӣ пул хоҳанд дод. Аммо ба гуфтаи сокинон маҳалли пешниҳодшуда, низ амн нест ва хатари такрор шудани тақдира ҳозираашон мавҷуд аст. Бар илова маблағи ваъдагӣ ҳатто барои хариди семент намерасад. Онҳо дархост доранд, барояшон дар ягон макони бехавфу ҳамвортар қитъаи замин ҷудошавад, то зиндагиашонро осуда паси сар намоянд.

Мӯҳр
Мастчох
Дар Мастчох чунин шуд ва мардум хама рафта дар хона ва хавлии раиси чамоат ва бародарони раиси чамоат таксимшуда зиндаги карданд. Бади 5руз хама сохиби замини амн ва масолехи сохтмон гашта хона пушиданд. Ин ягона рох буд ва шумохам чунин кунед.

DIDED MASJID KOR MEOMADAI DIGAR MASJIDHORO NABANDED!

Саид
Мастчохи пешниход хуб карданд рафта дар хонаи раиси нохияи зиндаги кунед то заминатон диханд набошад касе парвои Шуморо намекунанд!

"Хонаи Худо" хонаи мардум шуд! Хако, ки масчид хуб буд хаст ва хохад монд! Ба холи ин мардум бозхам мачид расидаст!

Мастчох2
Максад ин ки агар ин кадар мардум дар масчид зиндаги кунанд ахолии бокимонда дар ончо намози чамоави хонда наметавонанд ва ин ба масъулим мефорад. Интизори чавоб хастам. Аз ин сабаб бинед ки як мох мешаваду ба ин мардум ёри намедиханд. Агар не пас барои чи масъулин аз холи чабрдидахо хабар намегиранд. О дар яке аз мусибатхо хатта ба хитоихо ёри расондандку.

Рустам
ин забони уштурговпалангии озодагон аст? гумон намекардам, ки рузе Озодагонам ба рузбакинависи мепардозад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)