Бахшҳо

Марги Нозимаи ноболиғ: Аз шарҳи муттаҳамон то ташхисгар ва иддаои модар

Додгоҳи Олии Тоҷикистон марги Нозима.И, сокини 17-солаи шаҳри Турсунзодаро, ки дар қатлаш ду ҳамдеҳаи ӯ муттаҳам мешаванд, ба баррасӣ гирифт. Дар нахустин мурофиа, ки имрӯз, 17-уми апрел сурат гирифт, наздикони марҳум, муттаҳамон дар қатли ӯ ва ташхисгари судӣ, ки қаблан гуфт, Нозима худкушӣ кардааст, баромад намуданд.

Нодира Маҳмудова, модари Нозима дар ҳошияи мурофиа ба хабарнигорон гуфт, 2 рӯз қабл аз марг духтараш ба ӯ изҳор доштааст, ки Абдулқосим Норматов, сокини 18-солаи шаҳри Турсунзода ба номусаш дастдарозӣ кардааст: “Вақте духтарам ба ман гуфт, ки ӯро Абдулқосим таҷовуз кардааст, гуфтам, ки ба ӯ гӯяд падару модарашро ба хостгорӣ фиристад. Зеро ман наметавонам ин ҳодисаро ба падару бобояш гӯям”.

Аммо айбдоркунандаи давлатӣ иддаои наздикони марҳумро дар мурофиа рад карда, гуфт, “дар даст ду ташхиси тиббӣ дорад ва духтарашон бокира ба хок супурда шудааст”.

Айбдоркунанда афзуд, судшаванда Абдулқосим Норматов, сокини ҷамоати Сешанбеи деҳаи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода ба гуноҳи худ иқрор шудааст ва иброз доштааст, ки ӯ Нозимаро ба хотири таҳдидҳояш ба қатл расонидааст: “Вақтҳои охир духтар мегуфтааст, ки агар ӯро нагирад дар байни мардум шармандааш мекунад ва мегӯяд, ки ба номусаш дастдарозӣ кардааст”.

Судшавандаи дигар Раҳимҷон Комилов, ҳамсинфи Абдулқосим зимни мурофиа гуфт, ҳамсинфаш барои куштани Нозима чанд бор аз ӯ кумак хостааст: “Рӯзи 2 феврал буд, шабона бо мошини падари Абдулқосим ба хонаи бибии Нозима омада, ӯро аз хона бо ҳар баҳона дӯстам фиреб карда баровард. Аз роҳ 9 литр бензин харидорӣ кардем. Вақте ба ҷои ҳодиса расидем, як ҷои хилват буд. Абдулқосим гуфт, ки дуртар истам. Ман аз мошин фаромада, каме дур рафтам, ӯ бошад духтарро бо корд зада, сипас аз мошин бароварда, оташ зад. Абдулқосим гуфта буд, ки Нозима зиёд таҳдидаш мекунад ва бояд ӯро тарсонад. Ман фикр намекардам, ки кор то ин ҷо мерасад”.

Пас аз ин ҳодиса Абдулқосим ҳамсинфи худ Раҳимҷонро то хонаашон оварда, ба хонаи худ баргаштааст. Ба падараш, ки дар мошин корди олудаи хун ёфтааст, изҳор доштааст, ки нафаре аз ҳамроҳонаш дасташро буридаст.

Мирзомиддин Мирзораҳим, мудири шуъбаи ташхиси судӣ-тиббии шаҳри Турсунзода, ки дар додани хулосаи бардурӯғ муттаҳам мешавад, дар додгоҳ иқрор кард, ки аввал ташхиси тиббиро нодуруст хулосабарорӣ карда, гуфтааст, духтар худкушӣ кардааст: “Ман таҷрибаи 35-солаи корӣ дорам, вале бори аввал аст, ки хато карда, худро гунаҳкор медонам. Аз дохили меъдаи духтар 150-200 грамм бензин пайдо шуд ва фикр кардам, ки ӯ худкушӣ кардааст. Маълум аст, ки инро дар ҳоли зинда буданаш ба ҳалқаш рехтаанд, зеро мурда наметавонад бензинро фурӯ барад”.

Мирзомиддин Мирзораҳим, дар шарҳи хулосаи нодурусташ гуфт, қисме аз ҷасадро ҳайвону паррандаҳо канда буданд: “Ҳамон ҷойҳое, ки корд зада буданд, ман фикр кардам, ки онро ҳайвону паррандаҳо канда бурдаанд”.

Нодира Маҳмудова, модари Нозима Исомиддинова мегӯяд, пас аз 10 рӯзи қазия аз Душанбе коршиносон омада, дар пайи ташхиси дубора муайян кардаанд, ки “дар асл Нозима худкушӣ накарда, балки ӯро бо 14 зарби корд захмӣ карда, баъдан оташ задаанд”.

Мурофиаи навбатии қатли Нозима, ки 2 феврали соли равон рух дод, 19-уми апрел таъин шуд.
Мӯҳр
Мастчох
Аз ин бармеояд.ки писар духтарро барои тухмат ва шантаж накарданаш куштааст. Хулоса . Писарро озод кунед ва модари духтарро 20сол барои ёри ба духтараш хабс кунед.

Беном
Писару духтарон то ба ин дарачахо расиданд ин аст окибатхои демократия порахури.

дилмурод
Бача аз насли одами набудаст.Бука будай ку букаро касоби турма ждат дорад
,

Дилмуроди ПОМИРИ
Нозима аз дасти як номусулмони ноодам шахид шудаас.Худованд чояшро садри чаннат кунад ва Язидзодаро ба бало гирифтор кунад.Хар чизеки ба худ раво надори ба дигарон маписанд !!!!!!!!!!!!

Ин писарро камаш 7 сол ьиен лек фикр мекунам холям барош кам аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)