Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 1 май 2017, 09:24

Қазоқистон: Афви мансабдорони зиндонии муттаҳам дар фасод

18 апрел 2017, 08:35

Дар Қазоқистон мудири пешини ширкати "Остона ЭКСПО-2107" Ҳоҷимурод Усеновро, ки бо айби фасодкорӣ зиндонӣ шуда буд, озод карданд. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, Усенов афв шудааст.

Додгоҳ ӯро моҳи июни соли 2016 дар қаллобӣ ва сӯистифода аз мақом айбдор дониста, ду сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Дар Кумитаи иҷрои ҷазои Вазорати умури дохилии Қазоқистон тасдиқ карданд, ки Ҳоҷимурод Усенов озод шуд.

Дар доираи парвандаи амалҳои коррупсионӣ дар ширкати "Остона ЭКСПО-2017" ҳамроҳи Усенов 11 тани дигар низ айбдор мешуданд. Ин парванда ба далели "иқрори гумонбарон" ва имзои созишномаи ҳамкорӣ бо додситонҳо дар истеҳсолоти алоҳида қарор дошт.

Бино ба хабарҳо, муовини вазири кишоварзии Қазоқистон Муслим Умиряев низ, ки тирамоҳи 2014 бо айби фасодкорӣ 10 сол зиндонӣ гашт, афв шудааст. Додгоҳ гуфт, Умиряев барои ҳимоят аз манфиатҳои соҳибкоре дар як тендер дар ҳаҷми бузург ришва гирифт. Вале худи ӯ ин айбро рад кард.

Бар пояи афве, ки бахшида ба 25-солагии истиқлолияти давлатии Қазоқистон эълон гашт, шахсоне низ озод хоҳанд шуд, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин равонаи зиндон шудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!