Бахшҳо
18 апр 2017 10:57Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

“Смартфони ҳаррӯза” аз Tcell – Беш аз 100 нафар соҳиби смартфон шуд!

Ширкати Tcell иқдоми наҷиби “Смартфони ҳаррӯза 2017”-ро баргузор мекунад. Ин иқдом 27 март оғоз шуда, то 15 май идома мекунад.

Ҳамарӯза давоми 50 рӯз 5 смартфони нави Huawei Y3 II ба ғолибон тақдим мешавад. Дар финал бошад, панҷ телевизори TV LED LG SMART ба бозӣ гузошта мешавад!

Барои иштирокчии ин иқдом шудан кофйист тавозуни телефонатонро ба 5 ё бештар аз он пур намоед. Ин маблағ пурра ба ҳисоби шумо мегузарад. Барои ҳар 5 сомонӣ муштарӣ тавассути смс-пайёмак рамзи инфиродӣ дарёфт мекунад. Соҳиби туҳфаҳо тавассути ҳамин рамзҳо муайян мегарданд. Ҳамарӯза дар дафтари асосии ширкат – Tcell Plaza дар шаҳри Душанбе ғолибони 5 смартфон тавассути лоторея маълум мегарданд. Ин раванд мустақиман дар эфири радиои “Ватан” аз соати 8:40 то 9:20 пахш мегардад. Ғолибон ҳамон лаҳза огоҳ карда мешавад. Ба онҳо аз эфири мустақим ҳам тамос мегиранд.

Аз оғози иқдом то кунун 110 нафар соҳиби смартфон гардиданд. Ҳар ғолиб қиссаи ҷолиби худро дорад. Ҷолибтарин рӯзи иқдом 1 апрел буд. Ғолибоне, ки соҳиби смартфон шуданд дар ин рӯз ба ҳарфҳои ровии радиои “Ватан” ва кормандони ширкат бовар намекарданд. Отамурод Назаров, ки дар ин рӯз ғолиб омада буд, то охирин лаҳза ба кормандони ширкат мегуфт, “шухӣ накунанд”. Ӯ танҳо баъди он ки ба дафтари ширкати Тселл омад ва смартфонро ба даст гирифт, бовар ҳосил кард, ки ғолиб шудааст.

Нахустин смартфон дар аксияи мазкур насиби Ҳодиқул Халилов аз ноҳияи Айнӣ шуд. Вай баъди дарёфти СМС бо рамзи инфиродӣ фаҳмид, ки иштирокчии иқдоми Тселл шудааст. Ӯ ҳамагӣ бо 5 сомонӣ тавозуни телефонашро пур карда буд. “Ба фикрам хеле шахси хушшонсе ҳастам! Вақте чунин хабари хушро мефаҳмӣ, бешак хушҳол мегардӣ!”,- изҳор дошт Ҳодиқул вақте ба ӯ смартфонашро тақдим мекарданд.

Ҳабибулло Шоев, ки дар рӯзи даҳуми иқдом ғолиб шуд, барои гирифтани туҳфаи худ аз ноҳияи Рӯдакӣ ба Душанбе омадааст. Ӯ ба телефони модараш маблағ гузаронда ва ID-рамзро мебинад. Рӯзи дигар ба телефони кормандони ширкат худаш ҷавоб дод. Ҳабибулло тасмим гирифт, ки дар бораи ин пирӯзӣ ба модараш ҳарфе назанад ва барои ӯ сюрприз намояд. Худаш ба Душанбе омада, смартфонро гирифт.

“Смартфони ҳаррӯза” аз Tcell – Беш аз 100 нафар соҳиби смартфон шуд!Одамони касбу кори тамоман гуногун – донишҷӯён, бознишастаҳо, сохтмончиҳо, варзишгарон, фурушандаҳо ва кормандони ширкатҳои мухталиф соҳиби смартфон мегарданд. Онҳо барои гирифтани смартфони худ аз гӯшаву канори Тоҷикистон меоянд. Аммо ҷуғрофиёи иқдом маҳдуд нест! Чанд рӯз пеш як муштарии мо Миа Хансен аз Дания ғолиб омад! Ӯ муваққатан дар Тоҷикистон кор мекунад ва мегӯяд, кишвари мо барояш хеле писанд омадааст. Ба гуфтаи ӯ, инҷо ӯро меҳрубонӣ, меҳмоннавозӣ ва сюрпризҳое монанди смартфони нави Tcell ба ҳайрат овардаанд.

Дар рӯзҳои баргузории иқдом Tcell аз ҳамаи муштариёнаш даъват мекунад ба дафтари марказӣ биёянд ва шахсан раванди лотереяро назорат баранд. То кунун тамоми раванди иқдомро худи муштариён назора кардаанд.

Ширкати Tcell чунин як иқдомро соли 2015 баргузор карда буд. Он замон Tcell ба муштариёнаш 250 смартфони нав, 2 Smart TV 3D бо кинотеатри хонагӣ, 4G роутер бо бастаи ҳармоҳаи интернет ва 10 планшети SamsungGalaxy Tab4 бо рақамҳои нуқрагин туҳфа намуд. Сомонаи расмии ширкат ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз раванди аксияи имсола пайваста маълумот медиҳанд.

Шитобед ва дар иқдом иштирок намуда, соҳиби смартфон шавед!

Маълумоти бештарро дар мавриди қавоиди иштирок аз сомонаи расмӣ дарёфт намоед (https://www.tcell.tj/content/news/action-daily-mobile/) ё ба рақами кутоҳи 150 тамос бигиред.
Мӯҳр
бе радио
Шахсоне ки имконияти рафтан ба маркази тсел ва ё гуш кардани радиои Ватанро надоранд, аз кучо фахманд ки бурд кардаанд ё не дар телефони ман кариб 100 раками смс-пайёмаки рамзи инфиродӣ аст. Вале намедонам ки онхо бурд мекунан ё не. хохиш мекунам агар рамзхои бурднокро тавассути паёмак ба муштариён мерасониданд хубтар мешуд. Кори осон аст куу!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)