Бахшҳо

Мурофиаи модари тоҷик, ки барои ҳимояи дугоникҳояш, пулисро кӯфт

Додгоҳи вилояти Челябинск парванда алайҳи як зани тоҷикистониро ба баррасӣ гирифтааст, ки барои ҳимояи дугоникҳои ноболиғи худ ба пулис ҳамла кардааст.

Алексей Неваленний, муфаттиши калони ноҳияи Калинини вилояти Челябинск дар суҳбат бо расонаҳои русӣ изҳор доштааст, ки қазия моҳи декабри соли гузашта рух дод: “Писари калонии ин зан барои додани баёнот ба пулис даъват шуд. Бародарони хурдӣ ва модараш низ ба идораи пулис омадаанд. Дугоникҳои 14-солаи ин зан дар шуъба даводаву бетартибӣ кардаанд”.

Ба иттилои манбаъ ин зан бо худ ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда, ки дугоникҳо фарзандонаш мебошанд, надошт: “Аз ин рӯ пулис тасмим гирифтааст, то овардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда фарзандонашро ба маркази нигоҳдории ноболиғон интиқол диҳад. Аммо зан муқобилият нишон дода, талаб кардааст, ки фарзандонашро ба ӯ баргардонанд. Зимни кашмакаш муттаҳам бо оринҷ ба синаи корманди пулис зарба задааст”.

Дар пайи муқобилият пулис нисбати ин зан бар асоси моддаи 318-и Кодекси ҷиноӣ -истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳукумат парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Алексей, Неваленний мегӯяд, зан худро гунаҳкор намеҳисобад, гарчанде далелҳо, аз ҷумла сабти дастгоҳҳои назоратӣ дар дасти маъмурин қарор доранд: “Айни ҳол парванда барои баррасӣ ба додгоҳ равон шуда, фарзандонаш бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба ӯ баргардонида шуд. Ӯ замони таҳқиқи парванда дар ҳабси хонагӣ қарор дошта, дар сурати тасдиқи айбаш ба ӯ то панҷ соли ҳабс таҳдид мекунад”.
Мӯҳр
Беном
Хукумати Точикистон ба модари точик гамхориатро нишон бидех.

чаро хукумати мо аз хукуки ин зан химоят намекунад? аз хукуки шахрвандонаш. у охир фарзандонашро химоят кардас.....

ғарибам
Соли гузашта як хоҳари азизамонро аз дасташ кӯдакашро гирифтан ва куштан ин барои ҳар як тоҷики мо як ғаме дар дил буд. Илтимос ба ин модари тоҷик кумак кунед САФОРАТИ ТОҶИКИСТОН...

Милеса барои ба рох мондани тартибот аст, на ин ки замина тайёр кунанд, ки чинояти дигаре содир шавад.
Чинояти задани милесахо низ бояд холатхо дошта бошад, чунки у намояндаи хукумат аст, на Худо. Кудаконро бояд бо модарашон хабси хонаги мекард, то тасдик шудани хуччатхои фарзандон, на ин ки бедалел ба маркази нигоҳдории ноболиғон интиқол медод. Барои давидани кудаки 14-сола бо модар ва фарзанд сухбат карда огахи медод. Милесахо низ аксаран диплом доранд ва психологияро бояд донанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)