Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 27 июн 2017, 05:12

Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси вакилони Душанбе ҳам шуд

19 апрел 2017, 08:24

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт раиси Маҷлиси вакилони халқи Душанбе шуд.

Номзадии ӯ аз сӯи аъзои Маҷлиси шаҳри Душанбе 18 апрел дар иҷлосияи даҳум якдилона қабул гардидааст. Рустами Эмомалӣ ду ҳафта қабл дар интихоботи миёндаврии Маҷлиси вакилони Душанбе аз ҳавзаи №25 баранда эълон шуд.

Рустами Эмомалӣ писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон буда, 12 январи соли равон ба ҷойи Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

Рустами Эмомалӣ 29 сол дошта, ҷавонтарин генерал ва ҷавонтарин раиси шаҳри Душанбе ба шумор меравад. Ӯ ба маснади раиси шаҳр аз мақоми раҳбари Оҷонсии зидди фасод омад. Аз ин пештар ӯ раиси Хадамоти гумрук буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!