Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 26 июн 2017, 11:54

Роҳи оҳани Тоҷикистон: Вагонҳои чаппашуда барқарор шуданд (ВИДЕО)

19 апрел 2017, 09:50

Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, вагонҳое, ки шоми дирӯз дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд чаппа шуданд, барқарор ва ба ҳаракат дароварда шудаанд.

Аз Роҳи оҳани Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфтанд, соати 16:00-и 18 апрел ду вагон аз роҳ берун шуда, се вагони дигар чаппа шудааст. Ба иттилои манбаъ, баъди вуқӯи ҳодиса гуруҳи корӣ таъсис ёфта, дар ҳоли муайян намудани сабабҳои он ҳастанд: “Вагонҳои чаппашуда холӣ буданд. Хушбахтона ягон талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Зарари молӣ ҳам надидем”.




Акс аз "Азия Плюс"


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Точ

  • 19 апрел 2017 09:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вагонхои срокаш будшуда йо рохи охани таъмирнашудаву фарсуда.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!