Бахшҳо
19 апр 2017 11:34Ҳуқуқи инсон

Ифротгароӣ мавзӯи мулоқоти занони Хатлон

Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR), Лигаи занони ҳуқуқшининос ва бахши кор бо занони ноҳияи Вахшу Бохтар ба даҳҳо зан аз ин ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳодисаи ҳамлаи ахир дар метрое дар шаҳри Санк-Петербургро, ки рӯзи 3 апрел мунҷар ба кушта шудани 14 нафар ва ҷароҳати 50 тани дигар гардид, мисол овардаанд.


Дар ин мулоқот, ки аввалҳои моҳи апрел баргузор шуд аз онҳо хоста шудааст, ки рафтору кирдори фарзандонашонро ҳам дар ватан ва ҳам дар муҳоҷирати меҳнатӣ зери назорат бигиранд. Дар ин ҳамоиш, ки мавзӯи он паёмадҳои амали ифротгароӣ буд, таъкид гардид, гумонбари аслӣ дар амали террористӣ дар метрои Санкт–Петербург Акбарҷон Ҷалилов, як зодаи Қирғизистон будааст, ки солҳо боз дар Русия ҳамчун муҳоҷир зиндагӣ мекардааст. Зикри ин мисол барои гурӯҳе аз занони вилояти Хатлон дар ҳолест, ки садҳо ҷавон аз ин вилоят дар муҳоҷирати корӣ дар шаҳрҳои Русия қарор доранд ва ба гуфтаи коршиносон волидайни аксарияти онҳо аз рафтору кирдорашон бехабаранд. Ҳамчунин чанд соли ахир ноҳияҳои Вахшу Бохтар, ду ноҳияи ҳаммарз дар вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон аз ноҳияҳои осебпазир ба хотири сокинони ифротияш маҳсуб ёфта, ҳатто дар зарабин ё назорати махсуси мақомоти аниятӣ қарор доранд.

Ҳамоиши бахшида ба хотири ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ, яке аз чорабиниҳои навбатӣ дар ин ду ноҳия мебошад, ки ҳафтаи гузашта баргузор шуд ва намояндагони Лигаи занони ҳуқуқшинос ва ҳамзамон коршиносони масоили динӣ, ки дар мулоқот ширкат карданд занонро даъват кардаанд, дар бораи маҳфуми терроризму ифротгароӣ ва пайёмадҳои он ба ҷомеа хабар диҳанд.

Ин ҳамоишро Лигаи занони ҳуқуқшиноси Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи ҷанг ва сулҳ дар Осиёи Миёна (IWPR) ва ҳукуматҳои Вахшу Бохтар баргузор карданд ва таъкид гардид, ки огаҳии занон аз хатари терроризм ва ифротгароӣ метавонад барои ҷилавгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ нақши муассир дошта бошад. Малика Сафарова, як масъули ҳукумати ноҳияи Вахш мегӯяд, агарчи занон дар мубориза бо ифротгароӣ саҳиманд, вале огоҳии бештари онҳо ба манфиати ҷомеа аст: “Ман бо занон, хусусан онҳое, ки фарзандонашон ифротӣ шудаанду оби дида мерезанд, ошно ҳастам. Ҳарчанд ин модарон намехоҳанд, ки фарзандонашон ифротгаро бошад, вале мутаассифона ба ин роҳ рафтаанд”.



Мавлуда Холиқова, як сокини ноҳияи Вахш, ки дар ҳамоиши рӯзи чоршанбе ширкат дошт, аз зиндагии заноне, ки фарзандонашон ифротгаро шудаанд, мисол оварда гуфт, ин занон дар ҳолати ногувори равонӣ қарор доранд: "Аҳволи модаронеро, ки фарзандонашон ифротгаро шудаанд мебинам, фикр мекунам, ки фарзандонашон аз гумроҳӣ ба ин роҳ мераванд. Шояд ба хотири набуди ҷойи кор ва мушкили иқтисодӣ низ бошад. Ҳаминро фикр мекунам, бояд фарзандро ба роҳи рост ҳидоят кунем, ки ба ҳар роҳ нараванд, ба қадри сулҳ ва ваҳдате, ки дорем бирасанд”.



Сайдаҳмад Қаландаров, коршиноси масоили динӣ дар ҳамоиши занон гуфт, нақши занон дар ҷилавгирӣ аз ифротишавии ҷомеа ва ҷавонон муҳим аст. Вай хитоб ба занон афзуд, “шумо дар хона дигаронро огоҳ кунед ва хатари ифротгароиро ба дӯстону дугонаҳоятон расонед. Ҳарчизеро, ки ба шумо гуфтем бояд ба дигарон фаҳмонед, ин як амонат аст, ки бояд иҷро кунед. Ин дар роҳи амният, осоиштагӣ ва хушҳолиятон пурарзиш аст".



Ин бори аввал аст, ки танҳо занон дар мулоқотҳо ҳузур пайдо мекунанд ва метавонанд аз мақомот ва коршиносон ба суолҳои худ посух гиранд. Зимнан, ноҳияи Вахшу Бохтари вилояти Хатлон, воқеъ дар 100 километрии ҷануби пойтахти Тоҷикистон шоҳиди аввалин ҳамоиш бо занон ва модароне буд, ки фарзандонашон дар муҳоҷират ҳастанд.

Аз ҳукумати ноҳияи Бохтар гуфта буданд, аз ин ноҳия 30 нафар ба созмони ифротии "Давлати исломӣ" пайвастаанд. Ба гузориши расмии пулис аз ноҳияи Вахш низ беш аз 10 нафар ифротӣ шудааст, ки ҷаъман аз ин ду ноҳия 40 нафар дар ба "Давлати исломӣ" пайвастаанд. Аз ин миён 10 нафарашон занону кӯдакон мебошанд.

Аз ҳукумати вилояти Хатлон соли 2016 бо хабарнигорон гуфта буданд, теъдоди афроде, ки ба "Давлати исломӣ" пайвастаанд ба 210 нафар мерасад ва 20 тани онҳо занҳо ҳастанд. Теъдоди кӯдакон 30 нафар гуфта шуда буд. Аммо ҷавононе, ки аз нимароҳ ба Сурия баргаштаанд, ду нафар ҳастанд - яке аз Бохтар дигарӣ аз Шаҳритус ва ҳар ду афв шудаанд.

Ҳамчунин тибқи гузориши Додгоҳи вилояти Хатлон беш аз 60 нафар дар ду соли ахир барои пайравӣ аз ҳаракати мамнӯъи "Салафия", Ҳизби манӯъи наҳзати исломӣ ва ҳам "Гурӯҳи 24" аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон равонаи зиндон шудаанд.

Ясриби ХАТЛОНӢ


Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)