Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 май 2017, 04:55

Бозори расмии нақд: Қурби доллар коҳиш ёфт, рубл боло рафт

20 апрел 2017, 10:12

Бонкҳои Тоҷикистон қурби як долларро, ки аз ҳадди 9 сомонӣ гузашта буд, ахиран поин бурда, имрӯз, 20-уми апрел расман 8,85-8,88 сомонӣ муайян намудаанд.

Бонки Эсхата имрӯз қурби харидуфурӯши доллари нақдро дар саррофиҳояш расман 8,86-8,87 ва Агроинвестбонк 8,85-8,87 сомонӣ муайян кардааст.
Дар баробари поинравии расмии қурби доллар арзиши рубл дар бозори нақд боло рафта, 0,156-0,157 сомонӣ баробар шудааст.

Коҳиши қурби доллар дар ҳолест, ки Бонки миллии Тоҷикистон ахиран аз ифтитоҳи 208 парвандаи маъмурию ҷиноӣ алайҳи долларҷаллобон иттилоъ дод. Ин ниҳод гуфт, шахсият ва макони 208 нафарро, ки ғайриқонунӣ ба хариду фурӯши асъори хориҷии нақд машғул шудаанд, муайян карда, ба Прокуратураи генералии кишвар пешниҳод кардааст.

Манбаъ афзуд, бонкҳои кишвар низ қоидаҳои мубодилаи асъори хориҷиро нақз кардаанд: “Аз ташкилотҳои қарзӣ барои ҷой доштани камбудиҳо, аз ҷумла барои риоя накардани тартиби хариду фурӯши асъори хориҷӣ, меъёри мавқеи кушодаи асъор, нодуруст, носаҳеҳ ва саривақт пешниҳод накардани ҳисоботҳо, ҳамагӣ ба маблағи 394,4 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуда, амру супоришҳо нисбати бартараф кардани камбудиҳо дода шудааст”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон дигар кор ё хабар надорад ки хар руз факат қурби харидуфурушро реклама карда мегардад))) Бе хамин хам дар бонкхову кучаххо пур аст))) Вой вой вой бар холи ин гуна хабаргузори))) Боз вактхои охир пойтахро инъикос карда гаштейстад
Посух додан
  • Рустам

  • 20 апрел 2017 11:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин забони уштурговпаланги чи аст? шарм намедонед? поинрави? магар калимаи кохиши накди асъоро барои шумо рузбакизабонхо кобиди фахм нест? шумо барои ин забон бо ин навиштанхоятон туф кардаед! Аз Озодагон чунин забонро чашмдор набудам? Агар ин забон ба шумо кобили фахм набошад, ба забони узбаки гузаред, ин забонро беш аз ин тахкир макунед,!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!