Бахшҳо

Номаи модари Нозима ба Президент: Дар муқаррар намудани ҳолатҳои воқеии куштори мудҳиш мусоидат намоед

Нодира Маҳмудова, модари Нозима, сокини Турсунзода, ки ба таври бераҳмона кушта шуд, аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хоҳиш дорад, барои одилона баррасӣ намудани қазияи додгоҳӣ расидагӣ кунад. Ӯ дар як нома, ки нусхааш ба дасти “Озодагон” расид, талаб шудааст, ки ба парвандаи марги духтараш мавзӯи “таҷовуз” ҳам пайванд шавад.

Хонум Маҳмудова имрӯз, 20 апрел зимни баромад дар Додгоҳи олӣ гуфт, “ба ман мегӯянд духтарам бокира аст, вале то ҳол натиҷаи ташхисро ба ман надодаанд. Ман талаб дорам, қазияи таҷовузи духтарам низ баррасӣ шавад, зеро 2 рӯз қабл аз маргаш ба ман гуфта буд, Абдулқосим ӯро таҷовуз кардааст”.

Дар қатли Нозима ду нафар гумонбар мешавад – Абдулқосим Норматов ва Раҳимҷон Комилов.

Дилором Норматова, модари Абдулқосим зимни суханронӣ дар мурофиаи имрӯз гуфт, аз муносибати писараш бо Нозима хабар надошт ва барои ҳамин хонаи каси дигар хостгорӣ рафт: “Бо падару модари як духтар суҳбат кардаем барои издивоҷи писарам, бояд пас аз 2 сол тӯй мешуд”.

Шоира Ҳайдарзода, модари Раҳимҷон иброз дошт, фарзандаш 3 сол қабл аз ошёнаи 3-юм афтида ва “хайлӣ” шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, баъди он ҳодиса хотираи фарзандаш заиф шуда ва дар мактаб ҳам хуб таҳсил намекард. “Дар беморхона дар қайди духтур буд, аммо барои табобати доимӣ шароит надоштем”,-афзуд вай.


Номаи модари Нозима ба Президент: Дар муқаррар намудани ҳолатҳои воқеии куштори мудҳиш мусоидат намоед
Номаи модари Нозима ба Президент: Дар муқаррар намудани ҳолатҳои воқеии куштори мудҳиш мусоидат намоед
Номаи модари Нозима ба Президент: Дар муқаррар намудани ҳолатҳои воқеии куштори мудҳиш мусоидат намоед
Номаи модари Нозима ба Президент: Дар муқаррар намудани ҳолатҳои воқеии куштори мудҳиш мусоидат намоед
Мӯҳр
Хаким
Абдулкосим набераи хочии машхури ангурпарвар аст, ки аз ин сабаб гумон аст ки ин мактуб фоидае кунад.

Беҳруз
Аслан барои баъзе аз ҳаромзодаҳое, ки хиёнати Ватан мекунанд номуси касеро рахна мезананд, ба иззати нафси касе мерасанд, бояд ҳукми абад дода гавад, ки чашми дигарон ибрат гирад. ва касоне, ки дар курсии мансаб нишаста пора мегиранд ё ба инҳо " тағо" мешаванду ин ҳаромиҳоро дастгирӣ мекунанд, ба инҳо ҳукми абад дода молу мулкашонро ба пуррагӣ мусодира намудан лозим.

Инхо аз ислом дуранд модари азиз аз ба шумо аз даргохи Худо сабри чамил хохонам дар ин дунё гунохашро пинхон кард дар назди Аллох чавоб мегуяд!

маро ду сол кабл як нафар судичрочи тачовуз намуда баъдан ба воситаи паст задани шаъну шарафам ва тахдиду суистифода аз вазифааш то ба даст задан ба худкушиам расонд. Баъдан чун дар беморхонаи 3 афтодаму зинда мондам ,модарам уро ба прокуротура дод. Аммо уро "бегунах" бароварданд чун падару бародаронаш худ дар прокуратура кор мекардаанду писари генерал будааст ..

Салом бародарон. Мо мардум як камбуди дорем чизеро мебинем, ки холати гайри конуни аст ягончез намегуем акалан вичдонамон азоб намедехад ки сухани хакро гуем. Мумкен аз ин ходиса чанд касхо бохабар бошанд локен ошкоро рафта хакро намегуянд. Баъдан Абдулқосим Норматов агар мард бошд хакикатро гуеяд кардам. чун дар асоси кардааш чавоб дехад. Ин хел холатхам хаст дар расми мардуми мо, ки як пул дор чиноятам кунад боз пушти хамона мегиранд агар камбагал каламу ручка гирад уро навесанд е ба истилох бузам мебароранд. холо онки у хакашро аз конун талаб дорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)